Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳи Раҳнамо: Чаро ин Қазоқистон дигар он Қазоқистон нест?


Қазоқистон
Қазоқистон

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

10 тезис дар боби пайомадҳои амиқи дохилӣ ва минтақавии ҳодисаҳои Қазоқистон

Дар бораи сабабу омилҳо ва раванду рӯзшумории ҳодисаҳои Қазоқистон бисёр гуфтаву навишта шудааст, ки такрори он шоиста намебуд. Аз ин рӯ, маводи зерин назаре ба пайомадҳои дохилӣ ва берунии ин буҳрон буда, нишондиҳандаҳои асосии марҳилаи пас аз буҳрониро барои ин кишвар ва ин минтақа арзёбӣ мекунад. Бо таъкид ба ин ки Қазоқистони нав ва минтақаи навин чӣ гуна хоҳад буд ва сабақҳои он барои дигарон чист?

1

Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо

Тағйироти муҳимтарине, ки пас аз буҳрони ахир ва маҷмуаи пайомадҳои он барои Қазоқистон пеш омад ё меояд, то ҳадди муайяне осеб дидани истиқлоли давлатӣ ва сиёсии ин кишвар аст, ки дар оянда ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷиро фаро мегирад. Зеро новобаста аз омилу ҳолатҳо ва далелу заруратҳо, худи маълум гаштани осебпазирӣ, зери суол рафтани худкифоии амниятӣ, ба нерӯҳои даъватӣ вобаста гаштани “ба эътидол овардани вазъият” ва пайванди пойдории ҳукумат ба омили берунӣ ва ғ. пайомадҳои муҳимме дар самтгириҳои хориҷии сиёсию амниятию иқтисодии ин кишвар хоҳанд дошт.

Хоса дар шароити инак набудани роҳбарияти мустақилу бонуфузи сатҳи милливу минтақавӣ ин ҳолат боз ҳам амиқтар мегардад, зеро бо вуҷуди зуҳури хеле қудратманду ҷасуронаи ахираш, президент Қосимҷомарт Тоқаев на ба шахсияту на ба салоҳият ва на ба вазну на ба миқёс дар сатҳу нақши Назарбоев буда наметавонад.

Албатта, ин тағйири вазъу вазн барои мавҷудияти давлатдории Қазоқистон ҳоло то сатҳи ҳаётӣ хатарнок нест, аммо дар ояндаи наздик дар муқоиса ба даврони то буҳрон, қобили мушоҳида ва эҳсос хоҳад буд.

2

Дар пайи ин буҳрон ҷойгоҳи амалии Қазоқистон дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ низ зарбаи ҷиддӣ дида, на танҳо озодиҳои тасмимгирӣ, балки таъсиру нуфузи баланди ин кишвар бар низоми сиёсию иқтисодию амниятии минтақавӣ низ хеле камранг мегардад. Аввалан он аз мақоми як “қудрати минтақавӣ” поин омада, сониян сиёсати “дарҳои боз”, ки доктринаи марказии сиёсати хориҷии Қазоқистон аст, акнун ногузир то ҷое “баста” шуда, самтгириҳои сиёсӣ ва геополитикии ин кишвар то ҷое “такмил” меёбанд.

Қазоқистон, ки бо такя ба зарфиятҳои азими сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳудудии худ ва бо доштани роҳбари муътадили бонуфузу пуртаҷриба дар муносибатҳои хориҷии худ таодули робитаҳо байни тамоми қутбҳову самтҳоро беҳтар аз ҳар кишвари дигари минтақа нигоҳ дошта, хусусан бо Русия, Чин, Ғарб ва Шарқ муносибатҳои ҳамзамон хуб пеш мебурд, инак ба ҳифзи амалии ин тавозун ё баланс чун пешина қодир нахоҳад буд. Дар марҳилаи нав куллиёти рафтори хориҷии он бо Русия ва шарикони пасошӯравии он ҳамоҳангтар шуда, муносибаташ бо кишвару созмонҳои ғарбӣ то ҷое коҳиши сифатию миқдорӣ хоҳад ёфт.

Дар сатҳи минтақа низ ҳам ҷойгоҳи маънавию психологӣ ва ҳам сатҳи таъсиргузории амалии ин кишвар ҳамчун “лидери минтақавӣ” ва “пайвандгари минтақа” амалан камранг гашта, шояд ба ҷойи он нақши Узбекистон ва роҳбарияти он дар минтақа фаъолтар шавад. Умуман, вазъияти нави ин кишвар акнун имкони идомаи татбиқи озодонаи “сиёсати бисёрсамтӣ” ва “дарҳои боз”-ро чун пештар намедиҳад.

Аз назари сиёсию маънавӣ низ, бо рух додани буҳрон ба обрӯю эътибор ё имиҷи Қазоқистон ҳамчун давлати бузург, қавӣ, босубот, амн, мустақил, фаъол, соҳибташаббус, “қалби АвруОсиё”, “пайвандгари Шарқу Ғарб”, “саҳнаи муколимаи адёну эътиқодҳо”, “татбиқкунандаи модели муваффақи мудирият” ва низ, ҳамчун ҷомеаи нарм, бофарҳанг, таҳаммулпазир, воҳид, “кишвари ҳамзистиҳо” ва ғ., ки дар тӯли даҳсолаҳо шакл гирифта буд, ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ зарбаи ҷиддӣ ворид гашт. Инак дар солҳои наздик бо ин сифатҳои баланду эҳтиромбарангез ёдоварӣ кардани ин кишвар ё барқарории ин имиҷи бисёр мусбати он чандон осон нахоҳад буд.

3

Пас аз ин ҳодисаҳо ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷии Қазоқистон хатту рӯҳияи миллигароӣ ба тадриҷ паст шуда, хусусан “савтҳои туркӣ” дар он то муддати зиёде камранг хоҳанд шуд. Он зарфияту истиқлоле, ки Назарбоев барои пешбурди назария ва амалияи таъсиси давлати миллии қазоқҳо ва низ иҷрои нақши калидӣ дар ҳаракати ҳамгароии кишварҳои туркзабони ҷаҳон дошт ва он истиқлоле, ки дар замони ӯ барои фаъолият дар самти татбиқи нақшаҳои “Турони бузург”-у “Шӯрои давлатҳои туркзабон” мавҷуд буд, акнун дар он сатҳ идома ёфта наметавонанд.

Шароити нав татбиқи унсурҳои дигари миллигароии қазоқию ҳамгароии туркӣ, аз ҷумла ҳатмияти корбурди забони қазоқӣ, тангсозии ҷойгоҳи унсурҳои русӣ, гузариш ба алифбои лотинӣ ва ғайраро низ дар ин кишвар кунд хоҳад кард. Умуман, акнун бинобар омилҳои дохиливу хориҷӣ нақши Қазоқистон дар ҳаракати ҷаҳонии туркгароӣ коҳиш ёфта, худи ин ҳаракати тавсеаталаб низ латмаи бисёр ҷиддӣ дид. Ин таҳаввул на танҳо маънои фарҳангию тамаддунӣ, балки пайомадҳои дуру ҷиддии сиёсию геополитикӣ низ дорад. Аз ин рӯ, аз диди хунсардонаи тавозунҳои тамаддунию геополитикӣ, дар натиҷа дар ин вазъият қарор гирифтани як ҳалқаи занҷири туркгароии байналмилалӣ барои манфиатҳои Русия ва баъзе кишварҳои ғайритурки минтақа таҳаввули манфӣ шуморида намешавад.

4

Омили дигаре, ки инак ба ояндаи Қазоқистон ҳамчун “кишвари ба суръат рушдкунанда” таъсири бисёр манфӣ мегузорад, коҳиши эътимоди умумии минтақавӣ ва байналмилалӣ ба вазъияту дурнамои рушду суботи ин кишвар хоҳад буд. Дар натиҷаи ин эҳсос, кишвар бо пайомадҳои манфие чун коҳиши ҷиддии сармоягузории хориҷӣ, фирори тадриҷии сармояҳо, хусусан, сармояҳои ғарбӣ, фирори истеъдоду мағзҳо дар аксари соҳаҳо, аз ҷумла соҳибкорӣ, саноату технология, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коҳиши туризми хориҷӣ ва ғайра рӯбарӯ мегардад, ки ин ҳолатҳо дар умум, боиси рукуд ё таназзули ин соҳаҳо мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон дар масъалаҳои ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, рушди сайёҳӣ, омодасозӣ ва ҳифзи кадрҳои муосир, модернизатсияи низоми идорӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, бонкӣ, коммуникатсионӣ ва ғайра дар фазои ИДМ дорои нишондиҳандаҳои беҳтарин буд.

Илова бар ин, озодии сиёсати иқтисодии хориҷии Қазоқистон низ эҳтимол то ҷое халал ёфта, болои самтгирии содироти умдаи нафту газу металҳои рангаву арзишманди он фишорҳои нав пеш меояд. Ин ҳолат ҳам истиқлоли тасмимгирии иқтисодӣ ва сиёсии ин кишварро зери таъсири муайян мегузорад.

5

Дар натиҷаи ин буҳрон ва сабақҳои баргирифта аз он, вазъияти сиёсӣ ва сиёсати дохилии Қазоқистон ба таври эҳсосшаванда тағйир ёфта, пеш аз ҳама, сатҳи озодиҳои умумӣ, аз ҷумла озодиҳои сиёсӣ, динию эътиқодӣ, шаҳрвандӣ, озодии андеша, баён, ҳамоиш, расонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра дар ин кишвар нисбат ба ҳолати тобуҳронӣ поинтар хоҳад рафт. Дар шароити нави “мубориза бо терроризм” ҳам зарурати барқарории дубораи назми устувор(1), ҳам зарурати ҳифзи манфиатҳои калони миллӣ(2), ҳам зарурати пешгирии таҳдидҳои воқеӣ(3), ҳам фишору ишоратҳои берунӣ(4) ва ҳам захми равоние, ки низоми ҳоким аз ин буҳрон бардоштааст(5), маҳз танзими ногузир ва қатъии ин самтҳо аз сӯи ҳукуматро талаб мекунанд.

Бо вуҷуди нақдҳои сирфан сиёсии мухолифонаш, ба истиснои Қирғизистони тоҷабборовӣ, Қазоқистон аз рӯи ин нишондиҳандаҳо озодтарин ва либералитарин кишвари Осиёи Марказӣ ва яке аз пештозҳо дар фазои пасошӯравӣ буд, ки инак чунин нахоҳад буд. Ҳоло ин кишвар ногузир вориди як давраи пасобуҳронии боздоштҳо, муҳокимаҳо, ҳукмҳо, поккориҳо, бастанҳо, мамнуъиятҳо, маҳдудиятҳо, ёдбудҳо, тафсирҳо, тафтишҳо, ошкорсозиҳо, таблиғотҳо ва ташвиқотҳои шадиде хоҳад шуд, ки дар маҷмуъ муддате тӯл кашида, ба воқеияти нав шакл, мазмун ва машруият мебахшанд. Супоришҳои расмӣ дар бораи бозсозии куллии сохторҳои қудратӣ ва эълонҳои расмӣ дар бораи кушта шудани даҳҳо кас ва боздошти беш аз 10 000 нафар дар рӯзҳои охир оғози чунин марҳиларо рақам мезанад...

Ин ҷо низ зарбаи ҷиддии чунин буҳрону нооромиҳо ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти як ҷомеаи осуда ба таври рӯшан дида мешаванд, ки ҷойи андешаи амиқ аст.

6

Ҳодисаҳои мазкур нишон доданд, ки дар шароити гузариши таърихию арзишии кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ, сиёсати нарму либералӣ нисбат ба ифротгароии динӣ на танҳо натиҷаи дилхоҳ намеорад, балки метавонад барои худи давлату миллат таҳдиди ҷиддӣ офарад. Тавре рӯшан аст, шароити бисёр озодонаи рушди равияҳои ғайрианъанавии динӣ, аз ҷумла салафия, ихвонигарӣ, ҷамоати таблиғу даъват, равияҳои идеологии ташайюъ ва ғайра дар Қазоқистон боис гаштаанд, ки дар солҳои охир дар ин кишвар ҳалқаву шабакаҳои васеи ошкору ниҳони ифротгароии динӣ шакл гирад.

Хоса дар радаҳои болои давлатию қудратӣ ва ҳатто аз миёни аъзои оилаи президенти Қазоқистон ва шахсони наздик ба ӯ пайравону “сарпарастон”-и худро пайдо кардани баъзе аз ин равияҳои ифротии динӣ боис гашт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар пешгирии густариши ошкори онҳо иқдоми ҷиддие карда натавонанд. Ин мақомот нисбат ба маблағгузориҳои азиме, ки аз сӯи баъзе кишварҳои идеологии Ховари Миёна ба ҳалқаҳои динии Қазоқистон мешуд, на танҳо саҳлангорӣ карданд, балки бо амалҳои коррупсионӣ худашон дар судҷӯйӣ аз он шарик гаштанд. Хусусан, дар шароити ночиз будани таъсири “исломи анъанавӣ”, ки дар ин маврид чун дар Тоҷикистону Узбекистон нақши пешигирикунанда медошт, доираҳои васеи ҷавонони шаҳру деҳаҳои Қазоқистон ба ин равияҳои тунду ғайрианъанавӣ боз ҳам бештар гароиш ёфтанд.

Бале, дар ин масъала шояд бахше аз суханони роҳбарияти Қазоқистон дар бораи “гурӯҳҳои терористӣ”, “20 000 террорист”ва “бандаҳои дар хориҷа хуб омӯзишдида” ва ғ. хондани эътирозгарон баҳснок бошад. Аммо, аз ин фурсати муносиб суистифода намуда, бо амиру ҷамоату панҷгонаву ҳафтгонаҳои худ аз хандакҳо берун омадани ҳастаҳои нуҳуфтаи ифротгароёни динӣ, бо сабки ошнои доишӣ аз сӯи онҳо анҷом шудани амалҳои мусаллаҳу даҳшатноку хушунатомез, ҳаракати касбию ҳамоҳангшуда дар ишғоли идораву мақомоти давлатӣ, фурудгоҳҳо, марказҳои алоқа ва қисмҳои ҳарбӣ ва талошҳои ба даст гирифтани идоракунии оммаи худҷӯши эътирозӣ аз тарафи онҳоро ҳама мушоҳида намуданд.

Намоиши қудрати барқосои ифротгароёни динӣ дар тӯли ин буҳрон боис мешавад, ки акнун ҳам Қазоқистон ва ҳам кишварҳои дигари минтақа сиёсат ва муносибати худро бо ин омил басе ҷиддитар намоянд. Дар натиҷаи ин сабақ, пешбинӣ мешавад, ки муносибати нарми мақомоти Қазоқистон, аз ҷумла бо равияҳои салафия ва ҷамоати таблиғ ва баъзе ташкилоту бунёдҳои динии хориҷӣ дар дохили кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, бархӯрди нописандонаи онҳо нисбат ба “хатари ифротгароӣ” ва муносибати хушбинонаи онҳо бо гурӯҳи ифротии “Толибон” дар Афғонистон низ ҳатман бознигарӣ мешавад. Онҳо дар ниҳоят хоҳанд дарёфт, ки яке аз омилҳои рӯҳиягириву далерии бепешинаи унсурҳои фиротгароӣ дар ҳаводиси охир низ таъсирпазирии онҳо аз пирӯзии “Толибон” будааст.

7

Дар умум, акнун ҳукумати нави Қазоқистон талоши ҷиддӣ мекунад, ки дар кӯтоҳмуддат бо баргузории ислоҳот ва додани баъзе имтиёзҳои иҷтимоӣ ба минтақаҳо ва қишру соҳаҳои осебпазири ҷомеа вазъияти иҷтимоӣ ва ташаннуҷи сиёсиро нармтар намуда, барои эҷоди чеҳраи мусбати низоми нави сиёсӣ талош кунад. Ин кишвар барои татбиқи чунин барномаҳои фаробуҷавӣ захираву имкониятҳои хеле бузург дорад ва таъсиси бунёди бисёрмиллиардии “Барои халқи Қазоқистон” аз аввалин иқдомҳои ҳукумати нав дар ин самт аст.

Аммо бо вуҷуди тағйири ҳукумат ва татбиқи чораҳои зикршуда, дар дарозмуддат вазъияти иҷтимоии Қазоқистон ва хоса қишрҳои эътирозгар нисбат ба даврони Н.Назарбоев ба таври бунёдӣ ва доимӣ беҳтар намешавад. Балки омилҳое чун маҳдудиятҳои нави сиёсию иқтисодӣ, тағйири элитаҳо, тақсими нави сарватҳо ва нуфузҳо, фирори бузурги сармояҳо, фирори мағзҳо, афзоиши қимматҳо ва умуман, кундтар шудани рушди кишвар боиси печидатар гаштани вазъияти иҷтимоии аҳолии он мегардад. Фишори иловагии маъмурӣ ва молиявӣ болои бизнеси калон ва талоши бо роҳи маъмурӣ аз анв тақсим кардани сарватҳои ҷомеа, ки акнун бо қарорҳои ҳукуматӣ оғоз гаштааст, раванди фирори сармоя аз Қазоқистон ва заифшавии иқтисоду соҳибкориро метезонад.

Умуман, ҷомеаи Қазоқистон ва хоса қишрҳои осебпазири он ба наздикӣ хоҳанд дарёфт, ки бо ин “қиём” на танҳо дар самти озодиҳои сиёсию ҳуқуқӣ, балки дар самти шароиту имтиёзҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ низ шансу имкониятҳои бузургеро аз даст додаанд. Ин як ҳақиқати талх, вале бисёр воқеӣ хоҳад буд. Аммо дар чунин сурат низ, бо таваҷҷуҳ ба фарҷоми хунину фоҷеавии эътирозҳои ахир ва сабақҳои дардноки он, то сипарӣ шудани як марҳилаи дигари психологӣ, акнун эътирозҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ замина, шакл ва истиқболи васеи мардумӣ намеёбанд.

8

Дар шароити набудани Қазоқистони назарбоевӣ, вазъияти сиёсӣ ва бофту тавозуни геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ тағйири амиқ меёбад. Он ҳамчун минтақаи ягона хеле заифтар шуда, дар баробари тарҳҳои калони нуфӯз ё ҳамгароӣ аз шимолу ҷанубу шарқу ғарб хеле осебпазир гашта, дар ҳифзи мустақилонаи мавқеъ ва манфиатҳои худ бо мушкилоти нав рӯбарӯ мешавад. Масалан, маҳз истодагии нарму устувори Қазоқистон, яъне истодагии Н.Назарбоев, дар баробари шакли аввалаи лоиҳаи “Иттиҳоди АвруОсиё”, ки моҳияти як иттиҳоди сиёсиро дошт, боис гашт, ки муҳандисони он ногузир тарҳро феълан ба “иттиҳоди иқтисодӣ” табдил намуда, аз ташкили сохторҳои идорию сиёсии фародавлатӣ дар чорчӯби он худдорӣ намоянд. Аммо дар шароити нав Осиёи Марказӣ дар баробари чунин иқдомҳо осебпазиртар шуда, дар чунин лоиҳаҳои калон фурӯ бурдани ин минтақа нисбатан осонтар мегардад.

9

Иштироки нерӯҳои низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар ҳалли буҳрони Қазоқистон низ раванди наверо дар минтақа оғоз мениҳад.

Аввалан, гарчӣ вуруди онҳо дар асоси дархости расмӣ ва дурусти худи роҳбарияти қонунии Қазоқистон сурат гирифтааст, аммо бинобар набудани собиқаи ин кор, ин амал дар мавзуъҳое чун нақши ин ташкилоти низомӣ дар минтақа, имкони иштироки он дар ҳалли буҳронҳои дохилии кишварҳои узв, таърифи мафҳумҳои “ҳуҷуми хориҷӣ” ва “хатари террористӣ” ва ғайра суолҳои ҷиддиеро эҷод мекунад. Зеро ду сол пештар дар мавриди интизориҳои Белорус ва соле пеш дар мавриди дархости Арманистон нисбат ба дарёфти чунин дастгирӣ кишварҳои узв мулоҳизакории бештар нишон дода буданд, ки албатта, он низ мантиқи худро дошт.

Дувум, ин иштирок ё “рисолати сулҳофарӣ” таҷрибаи нахустини корбурди нерӯҳои ин созмон дар ҳалли низоъҳои дохилӣ дар кишварҳои узвро ба миён меорад, ки то имрӯз ба ин мақсад ва дар ин вусъат амалӣ нашуда буд. Ин таҷриба ва корбурд буҳрони таъйинотии СПАД-ро, ки солҳои охир аз он зиёд гуфта мешуд, то ҷое бартараф месозад.

Сеюм, ҳолати нави корбурди нерӯҳои мусаллаҳи СПАД дар ҳимояи давлати Қазоқистон эътимоди нафси кишварҳои узви ин созмон дар пешбурди сиёсатҳои дохилии худро афзоиш дода, ба роҳбарони ин кишварҳо паёми рӯшан медиҳад, ки дар “рӯзи мушкил” метавонанд ба ин омили пуриқтидор такя намоянд. Ин ҳолат устувории низомҳо ва амнияти минтақавиро сифатан дигар мекунад.

Чорум, нақши нави нерӯҳои дастаҷамъии СПАД бар меҳварияти Русия, ҳам барои иштирокчиёни равандҳои сиёсии дохилӣ дар кишварҳои узви созмон ва ҳам барои кишварҳои хориҷии ҳомии тағйирот ва “қиём”-у “инқилоб”-ҳо дар ҳавзаи СПАД паёми ҷиддиеро мерасонад, ки онҳо онро минбаъд ҳатман ба назар хоҳанд гирифт ва ё дар ниҳояти кор, бо он рӯбарӯ хоҳанд шуд. Албатта, таҷриба нишон медиҳад, ки қудратҳои бузург дар сурати тақозои манфиаташон дари “инқилоб”-ҳои ҳамоҳангшударо ҳамчунон боз нигоҳ хоҳанд дошт...

Панҷум, албатта, дар шароити оғози таблиғоти шадиду манфии берунӣ алайҳи нақшу ҳузури нерӯҳои СПАД дар Қазоқистон ва талошҳои аз сӯи мухолифонаш ҳамчун “ишғоли хориҷӣ” шарҳ намудани он, комёбии рисолати онҳо на танҳо ба тарзи амали худи нерӯҳо, балки ба тарзи қабули онҳо дар ҷомеаи Қазоқистон низ вобаста хоҳад буд. Бинобар ин, кишварҳои узви СПАД дар ин буҳрон бо зарурати муборизаи на камтар муҳим дар ҷабҳаи иттилоотӣ низ рӯбарӯ мебошанд.

Умуман, дар сурати комёбӣ ва хотимаи сазовору саривақтии рисолати нерӯҳои СПАД дар Қазоқистон, эътибору нуфузи ин ташкилоти сиёсию низомӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ якбора меафзояд.

10

Нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо ниҳоят муҳим буда, ҳеҷ “инқилоб” ё таблиғоти сиёҳи сиёсию иттилоотӣ наметавонад, ин воқеиятро инкор намояд. Бо вуҷуди камбудҳои мушаххаси даврони фаъолияташ, ӯ дар маҷмуъ, барои халқу давлаташ хизмати азими таърихӣ анҷом дода, дар ҳақиқат бунёдгузори давлатдории навини қазоқҳо мебошад.

Вале бар хилофи тасаввурҳои ормонии мо, таърих ҳамеша ба ҳақиқат устувор нест ва инак чунин таҷрибаи барои ин кишвар ва барои ин шароит муфиду беназир, ки ба фарҷоми барӯмандонаи худ наздик шуда буд, низ бо чунин беандешагӣ шикаста шуд. Бо дасти худи мардум, бо ғафлату хиёнати худи масъулон, бо суистифодаи нерӯҳои фурсатталаб, бо таҳрику ҳимояти доираҳои берунӣ...

Акнун дигар Қазоқистони назарбоевӣ нест. Албатта, Қазоқистон ҳаст ва хоҳад буд, аммо он Қазоқистони дар сатҳи пешина қавию мустақиллу муътадилу босуботу боэътибори рушдкунандаи назарбоевӣ акнун аз даст рафт. Бинобар ҳамаи ин омилҳо, Қазоқистони “нав” чизе басе дигар ва бо ҷойгоҳу сарнавиште басе дигартар хоҳад буд...

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG