Тоҷикистон ва Амрико 30-умин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии худро ҷашн мегиранд. Дар ин муддат байни ин ду кишвар ҳамкориҳои зиёде ба роҳ монда шудааст ва Амрико дар маҷмуъ ҳудуди 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумак кардааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ба далели камтаваҷҷуҳии Амрико ба Душанбе ва омода набудани ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳот ҳамкориҳо ба қадри кофӣ тавсиа наёфтаанд. Сӣ сол қабл, 14-уми феврали соли 1992 Тоҷикистон ва Амрико робитаи дипломатӣ барқарор карданд. Ин рӯйдод як сол баъди ба расмият шинохтани истиқлоли Тоҷикистон аз сӯи Амрико ба вуқӯъ пайваст.
Бо гузашти замон, муносибатҳои ду кишвар аз кумакҳои башардӯстона бо ҳадафи боло бурдани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон, то суботи вазъ дар Афғонистон ва муқобила бо терроризм ва посбонии марз тавсиа ёфт.
“Барои Тоҷикистон ва дар маҷмуъ барои бештари кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ барқарор кардани робитаи дипломатӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико панҷара ба ҷаҳон ва фурсат барои давлатдории босамар ва демократӣ буд. Ман хуб дар ёд дорам, ки соли 1992 ҳар ду ҳафта аз Амрико ба Тоҷикистон маҳсулоти зарурӣ ва дору мерасид. Ҳаҷми кумаки башардӯстона тавонист, Тоҷикистонро дар душвортарин давраи таърих дастгирӣ кунад” – мегӯяд, Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон.
Аз кумакҳои башарӣ ҳаракат ба ҳамкориҳои амниятӣ
Ӯ бар ин назар аст, ки имрӯз дар канори омӯзиш ва фарҳанг Тоҷикистон дар дарозмуддат шарики бебадали Амрико дар арсаҳои амният ва ҳифзи сарҳад боқӣ хоҳад монд. Тибқи омори Амрико ин кишвар аз соли 1992 ба Тоҷикистон 330 миллион доллар дар заминаи амният кумак кардааст. Ин кумакҳо дар амри ҳифзи сарҳад, арёзбии хатарҳо ва баланд бурдани тавоноии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, низомиён ва гумрук будааст.
Дар хабарномаи Амрико дар бораи ҳамкории амниятӣ бо Тоҷикистон гуфта шудааст, ки кумак ба хадамоти амниятии Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи сарҳад аз террористон ва қочоқбарон дар авлавияти кори Амрико аст. Ҳамкории мутақобилаи Амрико ва Тоҷикистон бар асоси даҳҳо шартнома бунёд шудааст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷонибҳо 34 санад дар заминаҳои иқтисод ва савдо, ҳамкории низомӣ-фаннӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир имзо кардаанд.
Ғайр аз ин, Амрико дар Тоҷикистон чандин барномаи омӯзишӣ ба монанди «Фулбрайт», «Флекс», барномаи таҳқиқотии «Кокран» ва барномаи таҷрибаомӯзии «САБИТ»-ро амалӣ мекунад. Тоҷикистону Амрико инчунин дар доираи барномаи С5+1 (Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико) ҳамкорӣ мекунанд.
Кумак барои пешрафти иқтисод
Шореҳи сиёсӣ Нур Сафаров мегӯяд, Тоҷикистон яке аз аввалинҳо буд, ки барои вазорати дифои Амрико ҳангоми амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон роҳи вуруд пешниҳод кард. “Тоҷикистон дар арсаи устувории вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошт. Илова бар ҳамкории ҷиддӣ ва бисёрҷониба дар самти амният Тоҷикистон ва Амрико дар иқтисод ва тиҷорат низ зарфиятҳои бузурге доранд” -мегӯяд Сафаров.
Ба гуфтаи ин коршинос, саноати маъдан, фанновариҳои иттилоотӣ, дастрасӣ ба интернет аз тариқи моҳвора, ҳавонавардии ғайринизомӣ ва сайёҳӣ метавонанд байни ин ду кишвар фаъолтар шаванд.
Тибқи омори сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ИМА дар тӯли 29 сол бештар аз 1,8 миллиард доллар дар Тоҷикистон кумак кардааст. “Ин пулҳо дар тавсеаи иқтисодӣ, амнияти ғизо, тандурустӣ, таъмини оби тоза, омӯзиш, амният, дастрасӣ ба барқ ва эҷоди робитаҳои фардӣ байни мардуми ду кишвар масраф шудаанд”, - навишта шудааст дар сомонаи сафорат. Ин кумакҳо аз тариқи Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико (USAID) расонида мешаванд.
Ғайр аз ин, бахши тандурустии Тоҷикистон аз Амрико дар ҳаҷми 230 миллион доллар кумаки фаннӣ ва молӣ дарёфт кардааст. То 1-уми марти соли 2021 кумаки Амрико дар робита ба мубориза бо COVID-19 бештар аз 10,2 миллион долларро ташкил медиҳад.
Чаро ҳамкориҳо ба қадри кофӣ тавсиа наёфтаанд?
Ба гуфтаи Каримҷон Аҳмадов, сатҳи фасоди молӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти кунд дар иқтисод ва хешутаборбозӣ (непотизм) садди роҳи боло рафтани ҳамкориҳои ду кишвар мешаванд. “Ҷанбаи дигари он ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва вобастагии амиқ аз Кремл чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ сиёсати хориҷӣ мебошад” -мегӯяд Аҳмадов.
Эдвард Лемон, сиёсатшинос ва коршиноси умури Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи Техаси Амрико бар ин назар аст, ки сиёсати Амрико дар робита бо Тоҷикистон дар нигоҳ доштани таъодул байни ниёз ба субот дар кишвар хусусан бо таваҷҷуҳ ба марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва риояти ҳуқуқи башар хулоса мешавад.
“Қаблан кумак ба раванди сулҳ ва давраи баъдиҷангӣ дар маркази таваҷҷуҳи робитаи Амрико бо Тоҷикистон буд. Пас аз ҳодисаи 11-уми сентябр ва ворид шудани низомиёни Амрико ба хоки Афғонистон таваҷҷуҳ ба мубориза бо терроризм, ҳифзи сарҳад ва муқобила бо қочоқи маводи мухаддир бештар шуд. Дар даҳаи гузашта Тоҷикистон худкоматар шудааст. Расонаҳои мавриди ҳимояти Амрико ба мисли “Радиои Озодӣ” ва созмонҳои ҷамъиятӣ зери фишори фазоянда қарор гирифтаанд”, - мегӯяд Лемон.
Интиқод бо вуҷуди дӯстӣ ва даъват ба риояти ҳуқуқи мардум
Тоҷикистон ҳамасола ба далели нақзи пайвастаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, поймол шудани ҳуқуқи динӣ ва таъқиби дигарандешон аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Амрико мавриди интиқод қарор мегирад. Ин интиқодҳо маъмулан аз сӯи Душанбе ё нодида гирифта мешаванд ва ё ҳам зери суол бурда мешаванд.
Сиёсатшиноси рус Дмитрий Попов дар мақолаи таҳилии худ “Робита дуҷонибаи Амрико ва Тоҷикистон дар марҳилаи муосир” зикр мекунад, ки сиёсатмадорони амрикоӣ ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар заминаи рақобат бо Русия ва Чин баррасӣ мекунанд.
“...ИМА дар шакл додани ҳаракати ғарбгаро дар Тоҷикистон мисле, ки дар Қирғизистон ба он даст ёфт, муваффақ нашуд. Дар солҳои ахир таъсири Вашингтон бар равандҳои ҷамъиятӣ-сиёсии Душанбе коҳиш ёфтааст. Омилҳои зиёде дар ин амр нақш доранд. Суннатҳои исломӣ дар ҷомеаи тоҷик қавӣ ва шаклгирии ниҳодҳои маданӣ заиф аст. Пас аз чандин “инқилоби ранга” дар кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон қонунҳои сахтгиронаеро дар мавриди созмонҳои ғайридавлатӣ қабул кард ва назорати давлатро аз болои ин созмонҳо афзоиш медиҳад”, - мегӯяд Попов.
Эдвард Лемон бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир Амрико барои беҳбуди ҳуқуқи башар дар Душанбе фишангҳои маҳдуде дар қиёс бо Чин ва Русия дар даст дорад.
“Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Амрико бо хориҷ кардани нерӯҳояш аз Афғонистон алоқамандии худро ба Осиёи Марказӣ аз даст медиҳад, Чин ҳамчунон қавитар мешавад ва Русия дубора аз худ дарак медиҳад. Метавон интизор дошт, ки таъсири Амрико заиф мешавад”, - мегӯяд коршинос.