"Синостан" номи китоби нави Рафаэлло Пантуччи ва Александрос Петерсен аст, ки дар он нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ва аҳамияти он барои ҷараёни ояндаи таърих таҳқиқ шудааст. Нашри китоби нав дар бораи нуфузи афзояндаи Чин дар Осиёи Марказӣ поёни як сафари дарозмуддатеро дар пай дошт, ки беш аз даҳ сол барои муаллифон тӯл кашид.
Вақте Раффаэлло Пантуччи ва Александрос Петерсен дар соли 2008 таҳқиқи нуфузи афзоянда ва номутаносиби Пекинро дар минтақа оғоз карданд, он базӯр мушоҳида мешуд, вале аз он ба баъд ба яке аз намунаҳои барҷастаи нуфузи ҷаҳонии Чин табдил ёфт.
Пекин соли 2001 қадами нахустини худро дар минтақа бидуни шукуҳу шаҳомат бо таъсиси Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) гузошт, ки як блоки минтақавӣ ба шумор рафта, Русия ва тамоми кишварҳои пешини шӯравии Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистонро дар бар мегирад.
Ин иқдом тамаркуз ба АвруОсиёро танҳо дар солҳои баъдӣ дар шароити нуфузи афзояндаи иқтисодии Чин шиддат бахшид, ки бузургтарин шарики тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва бунёдкунандаи шабакаи густардаи лӯлаҳои нафту газ дар саросари минтақа гашт.
Ҳодисаҳо соли 2013 вақте авҷ гирифтанд, ки раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин, шаҳри Остона (ҳоло Нурсултон аст), пойтахти Қазоқистонро барои ифтитоҳи “Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим”, ҷузъи лоиҳаи чандмиллиарддолларӣ интихоб кард, ки баъдан ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ва аломати хоси сиёсати хориҷии Сӣ Ҷинпин табдил ёфт.
Ин барои таҳлилгарони амрикоӣ ва бритониёӣ як далели дигаре шуд, ки исбот кард, пажӯҳишҳои чандинсола дар Осиёи Марказӣ ва Чин самара хоҳанд дод. Ду нафар барномаҳои докториву нақшҳои гуногуни дигарро дар марказҳои таҳлилии саросари ҷаҳон ҷамъоварӣ ва болои лоиҳа кор карда, баъдан барои фаҳмонидан ва шарҳ додани он ки чӣ гуна Пекин дар Осиёи Марказӣ "империяи нохоҳам” таъсис додааст, дар шакли китобе таҳия намуданд.
Барои онҳо возеҳ буд, ки минтақа ҳарчи бештар аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ ба Чин мепайвандад ва ҳамчунин он ба таври органикию бидуни идораи марказӣ ё дар асоси нақшаи дақиқкоронаи Пекин дар бораи чӣ гуна истифода бурдани ин нуфузи нав ба амал меояд.
Пантуччи ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ҳангоми пайгирии ҳаводис тавонистем мушоҳида кунем, ки идеяи таъсиси империяи нохоҳам дар асоси он ба миён омад, ки Чин муҳимтарин бозигар аст ва ҳамчунин ба ҳама маълум буд, ки дар Пекин касе дидгоҳи стратегӣ надорад."
Аммо вақте лоиҳаи онҳо суръат гирифт ва ба анҷомёбӣ наздик шуд, дар соли 2014 фоҷеае рух дод. Петерсен, ки дар Донишгоҳи амрикоии Афғонистон вазифаи наверо ишғол карда буд, дар натиҷаи бомбгузории гуруҳи Толибон дар тарабхонаи шаҳри Кобул кушта шуд. Он замон бар асари ин таркиш 20 нафар ҷон бохта буданд.
Пантуччи баъди ин ҳамла навиштани китобро муваққатан бас кард. Ӯ давоми ин солҳо бо ташвишҳои дигари зиндагӣ банд шуд. Издивоҷ, фарзандон ва кори нав ӯро ба як роҳи дигари таҳқиқот бурд. Пантуччӣ билохира тавонист навиштани китоби мазкурро дар давраи пандемияи коронавирус ба поён расонад ва ҳамин тариқ ба дӯсти фавтидааш эҳтиром гузорад.
“Ба назари ман, кори хубе шуд, ки китоб дар ниҳоят рӯи чоп омад. Зеро ин мавзуъ барои ӯ ҳамон қадаре, ки барои ман ба як ҷузъи зиндагиям табдил ёфта буд, муҳим буд. Тавре ба назар мерасад, ман билахира як фасли ҳаётамро ба поён мерасонам," -- изҳор дошт Пантуччӣ.
Нуфуз ва бетафовутӣ
Аз соли 2014 ба ин сӯ дар Осиёи Марказӣ ҳодисаҳои зиёде рух доданд. СҲШ низ тавсеа ёфта, тиҷорати Чин дар минтақа вусъат ёфт. Пекин ҳам эҳтиёткорона назорати амният дар Тоҷикистонро ба даст гирифт ва иҷрои ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” Чинро ба таври рӯзафзун вориди ҳаводиси минтақа гардонд.
Сиёсати Чин низ дигаргунсозии минтақаро идома дод.
Беш аз як миллион уйғур, қазоқтабор ва намояндагони ақаллиятҳои дигари миллӣ мавриди таъқибҳои сангине қарор гирифтанд, ки соли 2017 дар минтақаи худмухтори Шинҷони Чин оғоз шуда, зиндонӣ ва иҷборӣ нигаҳ доштани садҳо ҳазор одамро дар урдугоҳҳои “бозтарбияи сиёсӣ” дар пай доштанд.
Рафтани Амрико ва тасарруфи Афғонистон аз сӯи Толибон дар моҳи августи соли 2021 барои нуфузи Чин дар минтақа имкониятҳои наверо фароҳам сохт. Ба ҳамин монанд, равобити Пекин бо Маскав низ тағйир ёфт ва раванди авҷи он ба моҳи феврали соли гузашта рост омад. Замоне ки раҳбарони Чин ва Русия санади стратегии фарогирро муаррифӣ карда, гуфтанд, санади имзошуда давраи нави шарикии “беҳудуд”-ро оғоз мебахшад.
Аммо сарфи назар аз ин ҳама тағйирот, рисолаи аслии Пантуччӣ ва Петерсен дар бораи нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ дуруст боқӣ монд.
“Робитаҳои бузурги иқтисодӣ, наздикии ҷуғрофии он ва мушкилоти ба ҳам пайванди дохилӣ маънои онро дорад, ки Чин як бозигари калидӣ мебошад, аммо он ба мушкилоти бузургтари минтақа чандон таваҷҷӯҳ надорад ва ба ҷои ин мехоҳад тамаркузро ба худиҳо равона созад,” -- афзуд Пантуччӣ.
Шинҷон, ки таърихан бахше аз Осиёи Марказӣ аст ва танҳо дар соли 1949 ба таври расмӣ ба Чин шомил шудааст, муддати дароз як ҷузъи ҷудонашавандаи нақшаҳои Пекин барои минтақа буд ва дар меҳвари нигарониҳои Чин аз ифротгароии динӣ, ки ҳукумати он кишвар барои сафед кардани низоми урдугоҳҳои “бозтарбия” ва таъқиби садҳо ҳазор одам истифода мекунад, қарор дошт.
Сиёсатмадорони Чин Осиёи Марказиро як минтақаи муҳими стратегӣ барои амнияти худ медонанд. Стратегияи "Рушди Ғарб"-и Пекин, ки барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва рушди Шинҷон тарҳрезӣ шуда буд, ҳамчунин таъмини субот ба ҳамсояҳои вилоятро дар бар мегирифт.
Ин ба як манфиати молии раҳбарони Осиёи Марказӣ табдил ёфт, ки буҷаҳои миллии онҳо бо буҷаи музофотҳои алоҳидаи Чин қобили муқоиса нестанд ва фаҳмидани ин номутаносибӣ дар меҳвари “империяи нохоҳам” қарор дорад, ки онро “Синостан” фаро мегирад.
Пантуччи ва Петерсен аз як тараф мегӯянд, Осиёи Марказӣ барои Чин ҳамчун озмоишгоҳе амал мекунад, ки метавон дар он “нақшаи сиёсати хориҷии ояндаи Чин”-ро дид ва эҳсос кард, ки Пекин бо баъзе аз мушкилоте, ки рӯбарӯ мешавад, чӣ гуна бархӯрд хоҳад кард.
Аммо аз тарафи дигар, ба гуфтаи Пантуччӣ, Чин ба кулли минтақаи Осиёи Марказӣ чандон таваҷҷуҳ надорад, чун намехоҳад дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву сиёсии ҳамаи онҳо дахил бошад.
“Чин яке аз бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон аст ва дар ҳамсоягӣ ҷойгир аст ва табиист, ки он ба Осиёи Марказӣ нуфузи бештар хоҳад дошт. Аммо ин ҳам барои раҳбарияти Чин аслан дар авлавият қарор надорад,” -- илова кард вай.
Қудрати нав, манфиатҳои ҳамсон
Ин ҷараён дар бораи ояндаи минтақа, бахусус баъд аз ҳамлаи Русия дар рӯзи 24-уми феврал ба Украина суолҳои зиёдеро ба миён меорад.
Тавре дахолати низомии Русия дар Қазоқистон дар моҳи январи имсол нишон дод, Маскав ҳамчунон кафили калидии амнияти Осиёи Марказӣ аст ва Чин барои иваз кардани он чандон майл надорад. Аммо ҷанг дар Украина метавонад нуфузи Чинро боз ҳам тақвият бахшида, нуфузи Русияро коҳиш диҳад.
Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон ва Узбекистон, аз ҳамлаи Маскав ва нақзи соҳибихтиёрии Украина изҳори нигаронӣ карда, бонги изтироб заданд. Дар ҳамин ҳол, таъсири иқтисодии таҳримҳои Ғарб ба Русия дар якҷоягӣ бо талафот ва иштибоҳҳои стратегии артиши он низ метавонад обрӯи онро ҳамчун шарик поин барад.
Аз як тараф, ин барои афзоиши нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии Чин шароит фароҳам меорад, аз тарафи дигар, ноустуворӣ дар долонҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон боқӣ мемонад. Саволи навбатӣ ҳам ин хоҳад буд, ки Украина то куҷо Русияро аз минтақаҳои дигар дур мекунад.
“Ҳикояи нуфузи афзояндаи Чин акнун авҷ мегирад. Аммо суоли асосӣ ин аст, ки ҳангоми ба миён омадани мушкилот чӣ хоҳад шуд? Ман намедонам, ки оё Чин омода аст барои тағйири вазъ як қадам ба пеш гузорад ё не,” -- изҳор дошт Пантуччи.