Норӯшанӣ дар иҷтимоъ ва иқтисод, интиқоли қудрати пешорӯ, бесуботӣ дар марз бо Афғонистон ва Қирғизистон, танишҳои иҷтимоӣ дар ВМКБ аз ҷумлаи таҳдидҳое мебошанд, ки Тоҷикистон дар соли 2022 бо онҳо дасту панҷа нарм хоҳад кард.
Вазъият дар атрофи Тоҷикистон ва низ дар дохил аз рӯзҳои аввали сол ноором боқӣ мондаанд. Тазоҳуроти сокинон дар Қазоқистон боиси заиф шудани ҷойгоҳи Нурсултон Назарбоев, нахустин раиси ҷумҳури ин кишвар гардид. Интиқоли қудрат, ки ин ҳама сол дар доираи нухбагони сиёсии Қазоқистон муҳандисӣ мешуд, интизороти онҳоро бароварда накард. Барои Тоҷикистон, ки низоми сиёсиаш бо Қазоқистон шабоҳати зиёде дорад, чунин чархиш дар Нурсултон суде нахоҳад дошт. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ танҳо кишварест, ки интиқоли қудратро таҷриба накардааст.
Дар ҳамин ҳол, даргирии ҳалношуда бо Қирғизистон, ки дар охири моҳи январ дубора шиддат ёфт ва рӯёрӯии тӯлонии ниҳодҳои қудратӣ ва бошандагони ВМКБ ва дурнамои интиқоли қудрат-рӯйдоди муҳими сиёсӣ -ояндаи наздикро халалдор мекунанд.
Сиёсатгарон дар Душанбе масири сиёсии феълиро устувор нишон медиҳанд, аммо коршиносон таъкид меварзанд, ки ҳукумат корҳои зиёде дорад, ки ниёз ба роҳҳалҳои бедиранг доранд. Вале, барои даст ёфтан ба онҳо фурсати зиёде дар ихтиёр надоранд.
Чолишҳои дар авлавият
Сиёсатшинос Сулаймон Шаҳзода чолишҳои зеринро аз зумраи муҳимтаринҳо мешуморад, ки ҳукумати Тоҷикистонро нигарон хоҳад кард:
- норӯшанӣ дар робита бо бемории ҳамагири COVID-19;
- набуди чашмандози мусбат дар муносиботи Тоҷикистон бо Кобул ва Бишкек
- таҳаввулоти танишҳои байналмилалӣ дар атрофи Русия ва Украина;
- набуди барномаи ҷамъӣ ё роҳҳали рӯшан барои ҳалли вазъият дар ВМКБ, ки онҷо рӯҳияи эътирозӣ рӯ ба афзоиш аст.
Ба бовари ҳамсуҳбати мо суботи низоми сиёсии кишвар аз ҳалли ин чолишҳо вобаста аст. “Вахим шудани авзоъ дар атрофи Русия ва Украина таҳримҳои нав алайҳи Маскав ва уфти арзиши рублро дар пай хоҳад дошт. Ин ҳолат ба тавоноии пулии хонаводаҳои тоҷик ва қиммати арзи сомонӣ таъсири мустақиме дорад. Набуди роҳалли мушаххас барои масъалаи марз бо Бишкек дар пасманзари даргириҳои ахир авзоъро инфиҷоромез боқӣ мегузорад. Ҳар нав низоъи оддӣ метавонад ба даргирии байнидавлатӣ доман занад. Дар робита бо Афғонистон, коршиносон бар ин боваранд, ки бо расидани баҳор даргириҳои байниқавмӣ дубора сар хоҳанд зад. Ин ҳолат боиси мавҷи нави паноҳандагон хоҳад шуд. Ғайр аз ин, ҳудуди кишвар пойгоҳи билқуввае барои унсурҳои ифротӣ аст, ки амнияти минтақаро таҳдид мекунад”, - ҳадс мезанад Шоҳзода.
Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан дар долонҳои ҳукумат аз ин таҳдидҳо огоҳанд, аммо амали онҳо хусусан истифодаи зӯру қудрат дар масоили иҷтимоӣ метавонад натиҷаи баръакс дошта бошад.
Шохисҳои дохилии кишвар дар заминаи кор низ метавонанд ҳамчун далели таҳдидҳои субот бошанд. Тибқи иттилои Кумитаи омор дар умури сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли гузашта 20 ҳазор соҳибкор аз фаъолияти худ даст кашидаанд, ки ин рақам аз соли 2020 чор маротиба бештар аст.
Рушди иқтисод ва манобеи маҳдуд
Бо вуҷуди ин, тибқи омори расмӣ иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 тақрибан 9% боло рафтааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин сол 6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки Бонки Ҷаҳонӣ боло рафтани иқтисоди Тоҷикистонро 3,5% пешбинӣ карда буд.
Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов дар як матлаби хуб барои “Азия Плюс” дар баробари мушкилоти дигар ба “фирори мағзҳо” ва норасоии мутахассисони ботаҷриба, боло рафтани нархи озуқаворӣ (ба монанди орд, макарон, шакар, равғани растанӣ, сабзавот) ва коҳиши табақаи миёна низ ишора кардааст. "Ин чолишҳо таъсири яксоне бар ҳамаи кишварҳо доранд хосатан бар кишварҳое барои муқобила бо онҳо манобеи кофӣ дар даст надоранд. Тоҷикистон ба ин даста аз кишварҳо тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, натиҷаи чолишҳои ҷаҳонӣ барои ин кишвар мумкин аст пайомадҳои ҷиддитаре дошта бошад”, --менависад Муллоҷонов.
Соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 7,5% расид. Маводи ғизоӣ 6,6%, ғайриғизоӣ 6,9% ва хизматрасониҳои пулӣ 11,5% гарон шуданд.
Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов танзими вазъияти ВМКБ дар даврони буҳронӣ ниёз ба масрафи иловагӣ аз буҷаи кишвар дорад, ки он шомили нигаҳдории низомиён ва ҳифзи иқтисоди вилоят мегардад.
“Бояд дар назар дошт, ки 66 дарсади буҷаи ВМКБ аз дотатсия вобаста аст. Ба далели қатъи интернет тиҷоратҳои хурду миёна, сайёҳӣ ва омӯзиш дучори зиёнҳои ҷиддӣ гардидаанд. Ин ҳама хатароти боло рафтани танишҳои иҷтимоии на танҳо ВМКБ, балки саросари кишварро боис мегардад. Аз ин рӯ, ҳар қадар шароити ноороми вилоят идома пайдо кунад, зарфият ва мухотабони каналҳои онлайни мухолифон бештар мешавад”, -мегӯяд сиёсатшинос.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, вазъияти ташаннуҷбори ВМКБ ба ҳукумат иҷоза намедиҳад, ки ба роҳи мусолиматомез ва муассир бартараф кардани чолишҳо фаврӣ, ки ояндаи кишварҳо аз онҳо вобаста аст, таваҷҷуҳ ва манобеи кофӣ ҷудо кунад.
Мубориза барои сармоягузориҳои хориҷӣ ва дороиҳои дохилӣ
Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, Тоҷикистон дар соли 2022 мавриди таваҷҷуҳи кишварҳое қарор мегирад, ки алоқаманди ҳамкорӣ ва доштани нуфуз дар ин кишвари фақиранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин миён Чин дар садри кишварҳо қарор дорад. Бино бар равандҳои ҳамкории Чин бо Тоҷикистон ин кишвар омода аст, ҳамасола то 300 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.
Русия бо алоқамандии низомӣ-иқтисодии худ дар ҷойи дуввум ва ИМА, Иттиҳодияи Урупо, Туркия, Эрон ва бозигарони минтақавии дигар дар ҷойи сеюм қарор доранд.
“Дар сиёсати иқтисодии дохилии Тоҷикистон раванди қабза кардани тиҷорат ва дороиҳо дар дасти доираҳои наздик ба ҳукумат идома дорад, ки вазъияти Қазоқистон боиси нигаронии онҳо шудааст. Ба назари ман, танаввуъ ва ҷалби ҳамаи минтақаҳо ва тоҷирон ба иқтисоду тиҷорат, ки ҳамаи қишрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистонро намояндагӣ кунанд, хеле зарурӣ аст. Ин сиёсат метавонад сатҳи ташаннуҷро дар ҷомеа коҳиш диҳад ”, - мегӯяд Сафаров.
Ҷаноби Сафаров сохтмони нерӯгоҳи Роғунро, ки ҳамасола ба 500 миллион доллар ва дар муддати панҷ сол барои расидан ба марҳилаи ниҳоӣ ба 2,5 миллиард доллар ниёз дорад, яке аз вазифаҳои ҳукумат медонад, ки ҳалли он норӯшан боқӣ мондааст. Ҳамчунин рушди саноат дар солҳои 2022-2026 роҳбурд, барнома ва сармоягузории дақиқ надорад. Афзун бар ин, мушкили эҷоди ҷойи кор бо маоши рақобатпазир бо бозори Русия ва нотавонии низоми омӯзиш дар омода кардани мутахассисони мавриди тақозои бозори ҷаҳонӣ аз ҷумлаи чолишҳо барои мақомоти Тоҷикистон боқӣ мондаанд.
Ба қавли Саъдӣ Қодирзода, сардори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соли 2021 ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 1,7 баробар бештар шудааст. Аз ҷумла ҳаҷми сармояи Чин 210 миллион, Туркия 25 миллион, Швейтсария 21 миллион ва Фаронса 19 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Сиёсатшиноси мустақил дар Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири мушкилоти феълии иқтисодӣ ва амниятӣ ҳарчи бештар гаравгони сиёсати Чин ва Маскав мешавад. “Робита бо шарикони ғарбӣ дар заминаи танаввӯъ бахшидани ҷараёни сармоягузорӣ ба шиддат осеб дидааст. Таҷрибаи Қазоқистон мақомоти Тоҷикистонро умедвор мекунад, ки дар сурати таҳдид чашмбароҳи кумаки Маскав бошад ва ҳангоми камбуди молӣ дасти ниёз ба Чин дароз хоҳад кард. Чунин мавзеъгирии Тоҷикистон дар дарозмуддат имкониятҳои сиёсии Душанберо бештар маҳдуд хоҳад кард. Шояд, дар шароити интиқоли қудрати пешорӯ ҳукумат ин гузинаро тавҷеҳ бикунанд, аммо бе ислоҳоти воқеӣ ҳама гуна сохти қудрат метвонад маҳкум ба завол бошад”, - боварӣ дорад коршинос.