Дар моҳи аввали соли 2022 мавзӯи ҳамкорӣ бо Чин чанд бор дар дастури кори Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қарор гирифт. Баъзе аз коршиносон ин равандро идомаи наздикии ду кишвар меноманд. Аммо баъзеи дигар талоши Душанбе барои ҷалби пуштибонии ҳамсояи қудратманд.
Сиюмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Чин бо дидорҳои пай дар пайи намояндагони расмии ҳар ду ҷониб оғоз шуд. Дар аввали моҳи январи имсол Ли Хуэй, намояндаи вижаи Шӯрои давлатии Чин дар умури АвруОсиё, дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва Хуршед Зиё, раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дидор дошт.
Он замон сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон навишта буд, ки "ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои ояндаи ду кишварро баррасӣ карда, ба вусъат додан ва таҳким бахшидани равобити иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмиву техникӣ, ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ, фарҳанг ва омӯзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд." Ҳамчунин таъкид шуд, ки боздиди Ли Хуэй дар чаҳорчӯби 30 соли барқарории робитаи дипломати Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст. Ҷузъиёти дигаре аз дидор бо ин намояндаи баландпоя мунташир нашуда буд.
Ирода барои пешрафт
Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Тоҷикистон 13-уми январи имсол бо пахши баёнияе таъкид кард, ки Тоҷикистон аз талош ва иқдомҳои Чин барои баргузории Бозиҳои олимпии зимистона ҳимоят мекунад.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, 17-уми январ дар конфронси маҷозии (онлайн) иқтисодии "Чин-Осиёи Марказӣ" ширкат кард. Ӯ таъкид дошт, ки Чин яке аз шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Соли 2021 гардиши тиҷорати хориҷӣ бо Чин нисбат ба соли 2020-ум 78 дарсад бештар шудааст.
25-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти нахустини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ширкат кард. Ӯ аз майли Тоҷикистон дар ростои идомаи гуфтугӯи созандаи дипломатии ду кишвар дар сатҳи баланд гуфт ва хоҳони густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иҷтисодӣ ва сармоягузорӣ, энержӣ ва арсаҳои дигар дар доираи иқдоми “Осиёи Марказӣ-Чин” шуд.
Ангезаи наздикӣ
Душанбе ба фарқ аз кишварҳои дигари минтақа барои ҳамкорӣ омодагии бештаре нишон медиҳад. Тамосҳои фаъоли оғози имсол нишонгари ин раванд аст.
Наргиза Мураталиева, коршиноси мустақил, аз ду сабаби ин наздикӣ ном мебарад. "Аввал бесуботӣ дар Афғонистон ва ҳузури пойгоҳи низомӣ, ҳарчанд ғайрирасмӣ, аммо он далели "тамосҳои махсус" ва суръати баланди боздид аст. Дувум дарки ин нукта аст, ки дар Тоҷикистон замони фаро расидани интиқоли қудрат ногузир аст ва Чин намехоҳад он лаҳзаро мисли Қазоқистон аз даст бидиҳад," – мегӯяд Мураталиева.
Ба гуфтаи ин коршинос Пекин талош мекунад аз раванди интиқоли қудрат қаблан огоҳ бошад, ки кафолати ҳамкориҳои ояндаро дошта бошад. Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар нишасти қаблии Чин–Осиёи Марказӣ алайҳи талошҳо баро таҳрики инқилобҳои ранга дар минтақа суҳбат кард.
"Ҳамаи мо қотеъона ба талоши нерӯҳои хориҷӣ барои илҳом бахшидан ба инқилобҳои ранга дар минтақа мухолифем. Онҳо ба баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар умури дохилии кишварҳои мо дахолат ва зиндагии мусолиматомези мардуми моро халалдор мекунанд," -- изҳор дошт Си Ҷинпин. Ӯ аз талошҳои Қазоқистон дар заминаи поён додан ба хушунат ҳимоят кард ва аз омодагӣ ба ин кишвар хабар дод.
Темур Умаров, мушовири Маркази Карнегӣ дар Маскав, таъкид мекунад, ки тамосҳои фаъоли Чин ва Тоҷикистон баёнгари раванди куллии ҳамкории ин ду кишвар аст ва чизе ғайримаъмул дар миён нест. "Ба бовари ман, ин як раванд аст. Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мумкинро барои ҳифзи марзҳояш истифода мебарад, ки худ ин тавонро надорад. Аз ин рӯ, мо инҷо изи пойи Чин, ҳузури Русия ва қисман ҳузури низомиёни ҳиндиро мебинем," -- мегӯяд Умаров.
Ин дар ҳолест, ки нашрияи “Вашингтон Пост”-и Амрико соли 2019 дар матлабе аз вуҷуди пойгоҳи низомии Чин дар Мурғоби Тоҷикистон хабар дод. Таҳқиқоти Радиои Озодӣ низ вуҷуди осори ҳузури низомии Чинро тасдиқ кард.
Пуштибонӣ аз интиқоли қудрат?
Коршинос дар Душанбе ба шарти фош нашудани номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон барои интиқоли қудрати мусолиматомез бо доштани имкониятҳои молӣ омодагӣ мебинанд. "Эҳтимол дар Душанбе бар ин назаранд, ки интиқоли қудрат метавонад ба таври ғайримунтазир оғоз шавад ва табиатан онҳо ба дунболи ҳимоят ва "замонатдиҳанда" ҳастанд. Мавқеияти Чин дар минтақа ин кишварро маҷбур ба дифоъ аз манофеи худ мекунад. Тоҷикистон бо дарки ин мавзӯъ талош мекунад пойи Чинро ба мушкилоти минтақа бикашонад," -- гуфт ӯ.
Бо ин ҳол, ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ иштироки ошкорои Чин ва ҳимоят аз низомҳои сиёсии минтақа бар хилофи рӯҳияи мардум сабаби қувват гирифтани чинситезӣ мегардад.
Чин солҳои ахир ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Соли гузашта сатҳи гардиши тиҷорати хориҷии ин ду кишвар аз марзи 1,5 миллиард доллар гузашта буд. Бештарин қарзии хориҷии Тоҷикистон низ дар назди Чин аст. Ин кишвар дар феҳристи 3 кишвари асосии шарики тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад ва аз соли 2013 унвони шарики стратегии Тоҷикистонро дорад.