Дар вилояти Суғд дар соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марз боздошт ва ҷавобгар шудаанд.
Қирғизистон пас аз муноқишаи моҳи апрели соли гузашта марзҳояшро комилан ба рӯи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро бо ҷурмҳои гуногун боздошту зиндонӣ кардаанд.
Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки “соли 2021 барои убури ғайриқонунии марз 39 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, аз рӯйи 27 парванда бо моддаи 335, муҷрим шинохта шуданд ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд."
Ин мақомдор гуфт, ки то ҳол ҳеҷ шаҳрванди кишвари ҳамсоя ва шаҳрванди Тоҷикистон барои даст доштани дар низоҳои марзӣ дар додгоҳ муҳокима нашудаанд.
Исми 39 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар додгоҳҳои Тоҷикистон муҳокима шудаанд, маълум нест ва назари онҳо низ дар робита ба ин дастрас нашудааст.
Қирғизистон низ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми гуногун боздошту зиндонӣ кардааст. Мақомоти ҳарду кишвар ин боздоштҳоро маъмулӣ меноманд, вале коршиносон мегӯянд, “маъракаи боздошти шаҳрвандон аз ҷониби ду кишвар ангезаи сиёсӣ дорад ва ба хотири фишор ба ҳамдигар равона шудааст.”
Охири соли гузашта низ Қирғизистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми "ҷиноят бар зидди сулҳ" (моддаи 380-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон) ва "ғоратгарӣ" (моддаи 391-и Қирғизистон) гунаҳкор дониста, ба 20 соли зиндон маҳкум карда буд. Пештар ба онҳо ҳукми абад дода буданд, вале пас аз эътирози Тоҷикистон ҳукм бозбинӣ шуд.
Дар Русия низ бо дархости Қирғизистон чанд шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар муноқишаҳои марзӣ дастгир шуданд, вале баъдан озод шуданд. Тоҷикистон низ айни корро нисбат ба чанд шаҳрванди Қирғизистон дар Русия анҷом дод, вале муввафақ ба истирдоди онҳо нашуд.
Охири моҳи апрели соли гузашта бар асари як муноқиша дар марз беш аз 50 нафар аз ду ҷониб кушта шуд ва беш аз 200 нафар захмӣ шуданд. Тоҷикистон ва Қирғизистон хатти марзро наметавонанд ба пуррагӣ мушаххас кунанд, аз ин рӯ, дар марзи ду кишвар зуд-зуд низои мусаллаҳона рух медиҳад.
Дар муноқишаи охири моҳи январи имсол дар марз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафар аз ду тараф захмӣ шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сокинон бо ҳам боз "Оши оштӣ" хӯрданд. ВИДЕОШаҳрванди Тоҷикистон бо гумони "Пешниҳоди пора" дар Қирғизистон боздошт шудСохтмони девор дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баҳсбарангез шуд Ҳодисаи нав дар сарҳади Тоҷикистону ҚирғизистонНамояндагони Тоҷикистону Қирғизистон "оши оштӣ" хӯрданд, вале нобоварӣ мондааст. ВИДЕОҚирғизистон тасдиқ кард, ки 81 километр марз бо Тоҷикистон муайян шудааст"Даҳҳо хона вайрон шудааст." Тоҷикистон зарари молии муноқишаро дар марз ҳисоб мекунад. ВИДЕО"Санади №39" бо Тоҷикистон. Дар порлумони Қирғизистон шарҳ хостанд