Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Санади №39" бо Тоҷикистон. Дар порлумони Қирғизистон шарҳ хостанд


Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 2-юми феврал масъалаи марзро бо Тоҷикистон пушти дарҳои баста баррасӣ карданд. Дар ин ҷаласа муовини раиси Девони вазирони он кишвар ва ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев даъват шуда буд.

То ин замон чанде аз вакилон аз роҳбарони мақомоти қудратии Қирғизистон талаб карда буданд, санадеро шарҳ диҳанд, ки бар асоси он то Ворухи Тоҷикистон бояд роҳ сохта шавад.

Баъд аз ҷаласаи порлумон Қамчибек Тошиев ба суоли рӯзноманигорон посух дод. Вай гуфт, санад аз се банд иборат аст ва "ба манфиати Қирғизистон тартиб дода шудааст".

"Вакилон пурсиданд, оё рост аст, ки ба Ворух роҳ кушода мешавад. Ман ба онҳо санадро хондам ва муҳтавои онро шарҳ додам. Онҷо мушаххас нишон дода шудааст. Ҳеч долоне намешавад. Роҳи иловагӣ сохта намешавад. Мавқеи роҳи мавҷуд дар шарқи Оқсойро созишномаи байнидавлатӣ муайян мекунад. Ин ҳуқуқи президентҳои ду кишвар аст. Мо пешниҳод мекунем. Ин роҳи кӣ хоҳад буд, дарозиаш чӣ қадар хоҳад шуд, кӣ онро месозад ва кӣ нигаҳдорӣ мекунад, ҳамаи ин дар созишнома шарҳ дода хоҳад шуд," -- гуфт Тошиев.

Санаде, ки дар мавриди он дар Қирғизистон сару садо бархостааст, рӯзи 1-уми майи соли 2021 аз сӯи Қамчибек Тошиев ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов имзо шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд, вале нишонагузорӣ нашудани беш аз чаҳорсад километри он ҳар чанд вақт сабаби занозании мардум ва муноқишаи мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мешавад.

XS
SM
MD
LG