Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даҳҳо хона вайрон шудааст." Тоҷикистон зарари молии муноқишаро дар марз ҳисоб мекунад. ВИДЕО


Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Исфара
Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Исфара

Намояндагони ҳукумати Исфара маълумоти ибтидоиро дар бораи зарари молӣ аз даргирии шаби 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шарҳ доданд. Сокинони деҳаҳои осебдида пештар хоста буданд, ки мақомот зудтар тафтишро ба анҷом расонда, зиёни онҳоро ҷуброн кунанд. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, дар муноқишаи ахир сокинони Бодканд 3 миллион сом зарар диданд. Ба назар мерасад, зарари муноқиша ба сокинони Исфара нисбати Қирғизистон васеътар аст ва барои ҳисоби пурраи он вақти бештар зарур аст.

Тибқи маълумоти ибтидоии расмӣ, бар асари муноқишаи хунини шаби 27-уми январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 52 хонаи сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурх қисман ё пурра вайрон шудааст. Ҳамчунин шаҳрдории Исфара зарари расидаро аз ин даргириҳо ба сокинон ва ноҳия беш аз 1,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, гуфт, хисороти пурраро комиссияи вижае, ки аз мақомоти баландпояи сатҳи вилоят ташкил шудааст, дақиқ мекунад.

Хонае дар Хоҷаи Аъло
Хонае дар Хоҷаи Аъло

Сарони ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, танҳо дар деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло ба ҳисоби аввалия беш аз 40 манзили сокинон қисман ё пурра тахриб шуда, як бунгоҳи тиббӣ осеб дидааст. Манзили сокинон асосан аз зарби тиру гулӯлаи миномёти нерӯҳои Қирғизистон оташ гирифтаву вайрон шудааст. Дар ин хонаҳо беш аз 240 нафар зиндагӣ мекарданд. Ғайри ин, чанд ошхона, нонпазхона, мағоза ва иншооти дигари ёрирасон осеби сабук дидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки кай хонаҳои сокинонро сохта медиҳанд. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, дар муноқишаи ахир сокинони Бодканд 3 миллион сом зарар диданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон зиёни расида аз муноқишаро ҳисоб мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Дар ҳамин ҳол, сокинони баъзе аз хонаҳои зарардида ҳанӯз аз эҳтимоли таркиши мушакҳо ё гулӯлаҳои партобшуда бим доранд. Мақомот чанде аз онҳоро безарар гардондаанд, аммо бошандагон аз таҷрибаи муноқишаҳои пешина мегӯянд, баъди чанд рӯзи ҷанг низ шоҳиди таркиши мушакҳои зери хоку девор пинҳонмонда мегарданд.

Додситони кулли Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи ахири марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон зидди марзбонони ин кишвар парванда боз намудааст, вале тафсилот надод.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январи имсол, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Баъдан ду тараф шаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун бурда, посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ, бештар аз 400 километр марзи таъйинношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду тараф дар муддати сӣ сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво ҳам асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.

XS
SM
MD
LG