Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи нав дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон


Рӯзи 11-уми феврал аз як муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пешгирӣ шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар ин рӯз дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак корҳои сохтмонӣ ҷараён дошт, аммо “15-20 шаҳрванди Тоҷикистон монеи он шуданд”. Онҳо гуфтаанд, гузоштани пойдевор фавран бас карда шавад, “чун дар минтақаи баҳсӣ аст”.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабар ё шарҳе надод.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, мақомоти ду кишвар бо ҳадафи пешгирӣ аз сар задани низоъ ба хатми кор дар ин қитъа розӣ шудаанд. “Мардум пароканда шуданд. Вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон муътадил аст,” -- гуфтаанд дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад.

Дар охири моҳи январи имсол дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз тарафи Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG