Пас аз як ҳафтаи муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт, чанде аз намояндагони деҳаҳои наздимарзӣ бо нияти "оши дӯстона" ҷамъ шудаанд.
Мулоқот дар наздикии "роҳи 275-метрӣ" баргузор шуд. Ҷое, ки Тоҷикистон қаламрави худ медонад, аммо Қирғизистон замини баҳсӣ мешуморад. Мақомоти ду тараф дар бораи вохӯрӣ чизе нагуфтаанд.
Асрор Шокиров, вакили деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара бо се нафари дигар дар мулоқот иштирок кардааст. Ӯ рӯзи 7-уми феврал гуфт, ки аз ҷониби Қирғизистон асосан калонсолон омада буданд ва аз ҳарду тараф даҳҳо маъмури милиса вазъро назорат доштанд.
“Онҳо аз Оқсой, Самарқандак ё Оқтатир набуданд. Онҳо қирғизҳое ҳастанд, ки дар дохили деҳаи мо (Хоҷаи Аъло) зиндагӣ мекунанд ва пештар шаҳрвандии моро доштанд. Ҳоло замину шиносномаи худро қирғизӣ кардаанд. Ду нафари дигар аз деҳаи Майский омаданд,” – нақл кард Асрор Шокиров.
Дар чанд аксу навори видеоӣ, ки сокинон дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, дида мешавад, ки пирони деҳаи Хоҷаи Аъло бо ҷомаву тоқии хоси маҳал ва ҳамсояҳо дар сар кӯлоҳи қирғизӣ бо ҳамдигар бо рӯҳияи хуш суҳбат доранд. Яке аз пирон дар ин дидор даст ба дуо бардошта мегӯяд, “аз ҷангу ҷанҷоли беҳуда Худо ҳамаро нигаҳ дорад” ва ҳамин тавр ҳама омин мекунанд.
Хабаргузории қирғизии "Turmush" ҳам аз ин мулоқот иттилоъ дода, зикр кардааст, ки дар он пирони деҳаҳои Куктош, Оқсой, Тош-Тумшуқ, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бодканд, сардорони Шуъбаи корҳои дохилӣ 2-и Исфараву ҷамоати Ворух иштирок карданд.
Бино ба навиштаи манбаъ, “ин вохӯрӣ бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона байни аҳолӣ, таъмини амният ва нигоҳ доштани вазъи муътадил дар минтақаи марзӣ барпо шуд.”
Ба гуфтаи Асрор Шокиров, вакили деҳаи Хоҷаи Аъло, “аз ин пештар ҳам бисёр оши оштӣ гуфта, дидор мекардем, аммо натиҷа надод. Зеро онҳо гапи якдигарро намегиранд. Мо гуфтем, ки ҳамавақт хоҳони дӯстӣ ҳастем ва Шумо ин масъаларо ҳамроҳи сокинони марзии худ дар миён гузоред”.
Ҷонибҳо қавл додаанд, ки муносибатҳои ҳамсоядориро беҳтар мекунанд.
Моҳи сентябри соли гузашта, пас аз латукӯби як гурӯҳ аз хонандагони мактаби деҳаи Сомониён аз суйи сокинони Қирғизистон, гурӯҳе аз занони наздимарзӣ мулоқот карда, хоҳони сулҳу оштӣ шуда буданд. Вале дертар як муаллими мактаби Сомониён сахт латукӯб шуд.
Дар ҳамагуна ҳодиса ҷонибҳо якдигарро гунаҳкор медонанд.
Пештар ташкилоти зиёде вобаста ба таҳкими дӯстии ду кишвар бо маблағгузории созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият доштанд. Онҳо зуд-зуд маҳфилу бозиву баҳамоии дӯстона ташкил мекарданд, вале чанде аз кормандони собиқи созмонҳо мегӯянд, бо бештар шудани муноқишаҳо, кори онҳо низ барҳам хӯрд.
Мулоқоти ахир ҳам дар ҳоле сурат мегирад, ки шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи миёни Исфара ва Бодканд даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.
Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номуайн мондани беш аз чаҳорсад километр хатти марз аст. Ду тараф дар муддати 30 сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво ҳам асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд.