Аз 17 то 19 сол. Эълони ҳукми гунаҳкорон дар қатли Алиризо Худоёров

Алиризо Худоёров

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафарро бо гуноҳи қатли Алиризо Худоёров, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ба зиндон маҳкум кард. Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо, рӯзи 7-уми январ гуфт, "Абдулло Азимов 17 сол ва Зафарҷони Насриддин 19 солро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳанд кард."

Додгоҳ ҳукмро расман шарҳ надодааст. Мавқеи пайвандони маҳкумшудаҳо низ маълум нест, аммо дар гузашта кӯшиши ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро беасос дониста буданд.

Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо, рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд "ҳукм сабук аст", онро мепазиранд. Ӯ ҳамзамон афзуд, "норозигии мо аз он аст, ки дар қатли Алиризо чанд каси дигар даст доранд, аммо ҳанӯз ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд."

Ҷасади Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июли соли 2021 дафн карданд. Вай бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Фарҳод Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров борҳо аз кори мақомот дар ноҳияи Рашт интиқод карда, ба гуфтаи худашон, зери фишор ҳастанд. Саъдулло Худоёров, бародари онҳо, охири соли гузашта дучори ҳамла шуда буд.

Тафсилот дар инҷост

Парвандаи куштор дар Раштро Додгоҳи олӣ баррасӣ мекунад. ВИДЕОЗани 65-сола дар Рашт ба авбошӣ гумонбар шуд. Мегӯяд: "маро заданд"“Авбошӣ”. Ба зидди Ҷунайдулло Худоёров парвандаи нав кушодаандДодситонии кул таҳқиқ мекунад, ки Алиризоро кӣ ва чаро кушт. ВИДЕОГумонбари дувум дар ҳодисаи Рашт дастгир шуд, вале баҳси ҷонибҳо поён наёфтПайвандонаш гумонбар ба қатли Алиризоро "бемори рӯҳӣ" номиданд. Ҷониби дигар аз забони ӯ чӣ шунид?Боздошти гумонбар ба қатли Алиризои 21-сола. Дар Рашт чӣ гузашт?