Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи гумонбарон ба қатли Алиризо Худоёров, як ҷавони 21-сола аз минтақаи Рашт оғоз кард.
Қатле, ки сару садои зиёде барпо кард. Алиризо аввали моҳи июл ҳангоми занозанӣ ва кордкашӣ кушта шуд. Наздиконаш ҳодисаро “тарҳрезишуда” ва “кори дасти камаш панҷ нафар” медонанд. Феълан дар курсии айбдорӣ чанд гумонбар шиштаанд.
Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо гуфт, тақозояшон баррасии одилонаи парванда аст. “Мо хоҳиш дорем, ки дар доираи қонун баррасӣ кунанд ва ягон бегуноҳро маҳкам накунанд. Дар доираи қонун кадоме ҷиноят кардаст, маслиҳати пешакӣ кардаст, чӣ коре кардаст, кори вай, ҷавобашро дар доираи қонун гӯяд. Одаме ки набуд, даркор нест, бегуноҳро ба маҳбас кашидан”,--гуфт ӯ.
Баъди қатли Алиризо аввал Зафари Насриддин, сокини ноҳияи Рашт боздошт ва парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Пайвандони Зафар мегӯянд, ӯ бемории рӯҳӣ дорад ва он рӯз аз худ ҳимоя кард.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Рухшона Исмонова, хоҳарбузурги Зафари Насриддин иддаои пайвандони Алиризоро рад мекунад. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳодиса панҷ нафар ширкат надошт. “Мегӯянд, ки кордро Азимов Абдулло додааст, дурӯғ аст. Онҳо дар хона буданд, ҳамроҳи ҳамсараш. Мо аз ин кор хабардор набудем, вақте Зафарҷон омада назди ҳама хешу табор гуфтаст, ки ин корро ман кардам, баъд ҳама хабардор шуданд. Гуфтанд, чаро ин беақлиро кардӣ? Гуфтаст, ки чора надоштам, агар намекуштам, маро мекуштанд.”,--гуфт ӯ.
Хонаводаи Худоёровҳо иддао доранд, ки бо ин афрод ва наздиконашон барои як порча замин баҳс доштанд ва эҳтимол муноқиша ҳосили ҳамон ҷанҷол аст.
Парвандаи мазкурро, ки ҷанҷолӣ шуд, Додситонии кулл тафтиш кард ва онро Додгоҳи олӣ баррасӣ мекунад.
Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо ҳанӯз пойфишорӣ дорад, ки писараш аз ҷониби як гурӯҳ кушта шудааст. “Инҳо бисёрӣ ин корро кардаанд ва ҳоло ба сари як касалӣ мехоҳанд бор кунанд. Кушиши инҳо ҳамин аст ва мехоҳанд Азимов Абдуллоро озод кунанд. Ин аз рӯи адолат нест. Шоҳиди нав пайдо шуд. Маслиҳати пешакиро карда будаанд. Шоҳид омада гуфт. Навиштем, пешниҳод кардем. Дар куштор ҳафт одам қуш аст”,--гуфт падари Алиризо.
Иддаое ки пайвандони Абдулло рад мекунанд.
Нигина Ҳамидова, хоҳарбузурги Абдулло Азимов гуфт: “Сабабгораш ҳамин хусумати бачаи амакам буд, ки корҳои ғайриқонуниашонро дар давлат ифшо кард. Бо ҳамин хусумат мехоҳанд, ки ҳамаи авлоди моро дар ҳамин кор тела кунанд.”
Ҳусейнов Алишер, бародари як тан аз онҳое, ки хонаводаи Алиризо гумонбари қатл медонанд, гуфт, ин хонавода онҳоро барои шоҳиди додан дар парвандаи Ҷунайдулло Худоёров “чап гирифтаанд”.
Ҷунайдулло Худоёров, аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоист ва кори мақомоти маҳаллӣ дар Раштро танқид мекунад. Ӯ иддао дорад, ки барои фаъолиятҳояш зери фишори мақомот қарор дорад.
Ҳусейнов Алишер мегӯяд, ба мақомот аз аъмоли ғайриқонунии Худоёров хабар дода буд ва баҳсҳо аз ҳамон ҷо оғоз шуданд: “Вақте ман аз Русия омадам, мақомоти милиса ба деҳа рафт ва оид ба ҳамон Ҷунайдулло Худоёров пурсон шуд, ман ҳамонҷо рафторҳои ӯро ошкор кардам. Ҳама ҷиноятҳояшро бо факт ошкор кардам.”
Наздикони Худоров ин ҳама иттиҳомро дурӯғ медонанд.
Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июл дафн карданд. Ӯ бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Фарҳод Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров борҳо аз кори мақомот дар ноҳияи Рашт интиқод карда, ба гуфтаи худашон, зери фишор ҳастанд. Саъдулло Худоёров, бародари онҳо, моҳи гузашта дучори ҳамла шуда буд. Мақомоти интизомӣ аввал ӯро ҷабрдида номида ба зидди ҳамлагарон бо иттиҳоми “авбошӣ” парванда боз карданд, вале чанде баъд ба зидди худаш ҳам парванда боз шуд.