Пайвандони Зафари Насриддин, сокини бистсолаи ноҳияи Рашт, ки ба қатли Алиризо Худоёрови 21-сола муттаҳам аст, ӯро "мубталои бемории руҳӣ" ва ҳодисаро "тасодуфӣ" номиданд. Ҷониби дигар мариз будани гумонбарро инкор намекунанд, аммо кушторро "аз пеш тарҳрезишуда" ва кори дасти камаш панҷ нафар медонанд, ки "дар паси Зафар Насриддин пинҳон шудаанд".
Алиризо Худоёров рӯзи 11-уми июл ҳангоми муноқиша дар деҳаи Яшми ноҳияи Рашт кушта шудааст. Мақомот гуфтанд, парванда кушода шудааст, таҳқиқ идома дорад.
Эътирози наздикони Зафари Насриддин
Рухшона Исмонова, хоҳарбузурги Зафари Насриддин, рӯзи 19-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки додараш касали рӯҳӣ аст ва қасди куштани Алиризоро надоштааст. Вай афзуд, оилааш бо парванда розӣ нестанд.
"Худоёровҳо мегӯянд, ки дар куштани Алиризо панҷ нафар буда, ба ӯ ҳамла кардаанд. Нодуруст аст. Танҳо Зафар буд. Ҳамон рӯз Алиризо аз назди пода бармегаштааст. Додарам мегӯяд, ду рӯз пеш мехостӣ бо корд занӣ, чӣ гуноҳ кардам? Кор ба занозанӣ кашида мешавад. Алиризо захмӣ шуда, баъд ҷон медиҳад", -- нақл кард ӯ.
Исмонова ба ин суол, ки чӣ гуна корд ба синаи Алиризо зада шудааст, посух надод. Вай гуфт, пас аз ин ҳодиса додарашро надид, чун кормандони милиса дастгир карда бурданд.
"Гумонбарони асосӣ дар паси бемор пинҳон шудаанд"
Хонаводаи Худоёровҳо ҳам мегӯянд, дар ҳақиқат Зафари Насриддин бемори рӯҳӣ аст, вале нигаронияшон аз он аст, ки гумонбарони асосӣ дар паси ӯ пинҳон шудаанд. Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо, рӯзи 20-уми июл гуфт, "онҳо мехоҳанд, Зафари Насриддин гуноҳро ба гардан гирад, баъд барои бемориаш афв шавад. Мо розӣ нестем. Аз нигоҳи қонун талаб мекунем, ки чаҳор нафари дигар ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."
Ӯ гуфт, рӯзи 16-уми июл дар ҳузури муфаттиш бо Зафари Насриддин суҳбати рӯ ба рӯ дошт: “Вақте гуфтам, ту бемор ҳастӣ, аз нигоҳи ҷисмонӣ низ наметавонистӣ бо Алиризо муқобилат кунӣ, ба ту кӣ маслиҳат дод? Агар росташро гӯйӣ, аз даъво мегузарам. Каме хомӯш шуду гуфт, ки “Раҷабалӣ корд дод ва гуфт, тарсон, лекин корд назан.” Раҷабалӣ бародари Зафар аст. Ӯ дар ин ҳодиса танҳо набуд. Аз муфаттиш хоҳиш кардам, ки ин ҳарфҳоро дар парванда илова кунад.”
Пештар хонаводаи Худоёровҳо номи шахсонеро, ки ба бовари онҳо дар қатли Алиризо даст доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буданд. Онҳо иддао доранд, ки бо ин афрод ва наздиконашон бар сари қитъаи замин баҳс доштанд ва эҳтимол муноқишаи охир ҳосили ҳамон ҷанҷол аст. Тарафи дигар дар бораи баҳси замин чизе намегӯяд.
Дигаронро ҷавоб доданд
Шуъбаи корҳои дохилии Рашт дар аввал бо гумони куштори Алиризо Худоёров чаҳор ҳамдеҳаи ӯро дастгир карда буд, аммо дертар бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист се касро ҷавоб дод. Зафари Насриддин дар боздошт монд.
Дар Додситонии ноҳияи Рашт гуфтанд, тафтиши чӣ гуна кушта шудани Алиризо Худоёров идома дорад ва аз шахсоне, ки зери шубҳа ҳастанд, забонхат гирифтаанд.
Ҷасади Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июл дафн карданд. Ӯ бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Фарҳод Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров борҳо аз кори мақомот дар ноҳияи Рашт интиқод карда, ба гуфтаи худашон, зери фишор ҳастанд. Саъдулло Худоёров, бародари онҳо, моҳи гузашта дучори ҳамла шуда буд. Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар аввал нисбат ба ҳамлагарон бо иттиҳоми “авбошӣ” парванда кушода, ӯро ҷабрдида эътироф кард, аммо чанде нагузашта нисбат ба худи ӯ парванда боз кард.