Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд, ки Алиризо Худоёров, донишҷӯйи 21-соларо дар минтақаи Рашт кӣ ва чаро кушт. Ӯ дар аввали моҳи июл дар як занозанӣ бо зарби корд ба ҳалокат расид. То кунун ду нафар бо гумони даст доштан дар ҳодиса дастгир шудаанд, аммо наздикони Худоёров ҳодисаро "аз пеш тарҳрезишуда" ва "кори дасти камаш панҷ нафар" медонанд.
Дар оғоз таҳқиқи парвандаро Додситонии минтақаи Рашт бар уҳда дошт. Вале дар пайи муроҷиати пайвандони Алиризо Худоёров ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Маҷлиси Миллӣ (раёсати ҳарду ниҳодро фарзандони раиси ҷумҳурӣ бар дӯш доранд), масъулияти таҳқиқ ба ихтиёри Додситонии кул гузаштааст.
"Дастгоҳи иҷроияи президент дар посух ба аризаи мо дар охири моҳи июл ба Додситонии кул дастур додааст, ки қазияро баррасӣ карда, аз натиҷааш хабар диҳад", – гуфт падари Алиризо, Зубайдулло Худоёров.
Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба таҳқиқи пешакии қазияи Худоёров шуруъ карда, санадҳои марбут ба ҳодисаро аз Додситонии ноҳияи Рашт гирифтаанд. Вай афзуд, бо Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо, низ суҳбат доштанд.
Зубайдулло Худоёров рӯзи 10-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мулоқотро бо намояндагони Додситонии кул тасдиқ кард. Ба ӯ гуфтаанд, "пас аз ошно шудан бо санадҳои вобаста ҳодиса муфаттиши худро таъин хоҳанд кард".
Падари Алиризо мегӯяд, дар аризааш ба номи раиси ҷумҳурӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент аз ҷараёни баррасии қазияи писараш аз тарафи Додситонии ноҳияи Рашт изҳори норозигӣ карда буд.
Пас аз рух додани ин ҳодиса Зафари Насриддин, сокини ноҳияи Рашт, ҳамчун гумонбар боздошт шуд ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Пайвандони Зафари Насриддин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ӯро "мубталои бемории рӯҳӣ" ва ҳодисаро "тасодуфӣ" номида, гуфтанд, "фақат ӯ даст ба куштор задааст, каси дигаре шарик набуд".
Наздикони Алиризо Худоёров кушторро "аз пеш тарҳрезишуда" ва кори дасти камаш панҷ нафар медонанд, ки "дар паси Зафари Насриддин пинҳон шудаанд".
Ду ҳафта пеш мақомоти тафтишотӣ дар ноҳияи Рашт як нафари дигарро бо номи Раҷабалӣ Ҳомидов боздошт карданд ва нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 29-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда” парванда боз карданд.
Наворро дар инҷо бинед:
Пештар хонаводаи Худоёровҳо номи шахсонеро, ки ба бовари онҳо дар қатли Алиризо даст доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буданд. Онҳо иддао доранд, ки бо ин афрод ва наздиконашон бар сари қитъаи замин баҳс доштанд ва эҳтимол муноқишаи охир ҳосили ҳамон ҷанҷол аст.
Ҷасади Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июл дафн карданд. Ӯ бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Фарҳод Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров борҳо аз кори мақомот дар ноҳияи Рашт интиқод карда, ба гуфтаи худашон, зери фишор ҳастанд. Саъдулло Худоёров, бародари онҳо, моҳи гузашта дучори ҳамла шуда буд. Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар аввал нисбат ба ҳамлагарон бо иттиҳоми “авбошӣ” парванда кушода, ӯро ҷабрдида эътироф кард, аммо чанде нагузашта нисбат ба худи ӯ парванда боз кард.