Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари дувум дар ҳодисаи Рашт дастгир шуд, вале баҳси ҷонибҳо поён наёфт


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Додситонии ноҳияи Рашт Раҷабалӣ Ҳомидов, гумонбари дувум дар қатли Алиризо Худоёрови 21-соларо дастгир кардааст. Худоёров дар аввали моҳи июл дар як занозанӣ бо зарби корд кушта шуд. Наздиконаш ҳодисаро «аз пеш тарҳрезишуда» ва «кори дасти камаш панҷ нафар» медонанд. Муфаттишон мегӯянд, ҳанӯз барои қазоват кардан барвақт аст.

Як муфаттиши Додситонии ноҳияи Рашт 25-уми июл гуфт, боздошти Раҷабалӣ Ҳомидов се рӯз пеш сурат гирифт. «То замоне ки соҳиби асосии корд рӯшан карда нашавад, суолҳои зиёде барои тафтишот мемонад ва гумонбарон дастгиру бозпурсӣ мешаванд», -- афзуд ӯ.

Аз ин пеш мақомот сокини ноҳияи Рашт Зафари Насриддинро бо гумони даст доштан дар қатли Алиризо Худоёров дастгир карда буданд. Мадина Худоёрова, аммаи Алиризо Худоёров, мегӯяд, дар рӯзи ҳодиса Раҷабалӣ Ҳомидов ва Зафари Насриддинро якҷоя дида буд ва онро ба муфаттишон ҳам нақл кард.

Вале пайвандони Зафари Насриддин ӯро "мубталои бемории рӯҳӣ" ва ҳодисаро "тасодуфӣ" меноманд.

Алиризо Худоёров
Алиризо Худоёров

Ҷониби даъвогар мариз будани гумонбарро инкор намекунанд, аммо кушторро "аз пеш тарҳрезишуда" ва кори дасти камаш панҷ нафар медонанд, ки "дар паси Зафари Насриддин пинҳон шудаанд". Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо, рӯзи 20-уми июл гуфта буд, "онҳо мехоҳанд, Зафари Насриддин гуноҳро ба гардан гирад, баъд барои бемориаш афв шавад."

Ин дар ҳолест, ки Рухшона Исмонова, хоҳарбузурги Зафари Насриддин, рӯзи 19-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ иддао кард, "Худоёровҳо мегӯянд, дар куштани Алиризо панҷ нафар, ба ӯ ҳамла кардаанд, ин нодуруст аст."

Пештар хонаводаи Худоёровҳо номи шахсонеро, ки ба бовари онҳо дар қатли Алиризо даст доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буданд. Онҳо иддао доранд, ки бо ин афрод ва наздиконашон бар сари қитъаи замин баҳс доштанд ва эҳтимол муноқишаи охир ҳосили ҳамон ҷанҷол аст.

Шуъбаи корҳои дохилии Рашт дар аввал бо гумони куштори Алиризо Худоёров чаҳор ҳамдеҳаи ӯро дастгир карда буд, аммо дертар бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист се касро ҷавоб дод.

Ҷасади Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июл дафн карданд. Ӯ бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Фарҳод Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров борҳо аз кори мақомот дар ноҳияи Рашт интиқод карда, ба гуфтаи худашон, зери фишор ҳастанд. Саъдулло Худоёров, бародари онҳо, моҳи гузашта дучори ҳамла шуда буд. Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар аввал нисбат ба ҳамлагарон бо иттиҳоми “авбошӣ” парванда кушода, ӯро ҷабрдида эътироф кард, аммо чанде нагузашта нисбат ба худи ӯ парванда боз кард.

XS
SM
MD
LG