Коршиносони мустақил ба ин боваранд, ки дар Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо фасоди молӣ ё коррупсия на натиҷаҳои чашмрас, балки бештар пахши баёнияҳо мушоҳида мешаванд.
Раиси Оҷонсӣ аз сӯи президент таъйин мешавад. Кормандон аз додситонӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ меоянд. Ин ниҳод бештар ба технократҳои дорои донишҳои иқтисодӣ ниёз дорад.Маъруф Раҳимов
Ҳаждаҳ сол пеш Тоҷикистон ба монанди кишварҳои дигари минтақа Паймони Созмони Милали Муттаҳидро барои мубориза бо фасод имзо кард. Ҳадафи санад аз байн бурдани фасод аст, ки ба бовари созмон рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ ва усули волоияти қонунро суст карда, ба боло рафтани ҷиноятҳои муташаккил, терроризм ва хатарҳои дигар сабаб мегардад.
Бо имзо кардани паймон, Тоҷикистон масъулияти роҳандозии сиёсати мубориза бо фасод, қабули қонунҳои муносиб ва таъсиси ниҳодҳои махсусро ба дӯш гирифт.
Пас аз 20 сол
Радиои Озодӣ моҳи ноябри имсол бо нашри як таҳқиқот фош кард, ки даҳҳо ҳазор кас аз соли 2009 то моҳи декабри 2020 бо истифода аз фасод ному насаби худро иваз кардаанд. Тибқи ин таҳқиқот, дар 7,5 сол даромади бадастомада аз фасод 67,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин адад аз нигоҳи самарабахш будани муборизаи зидди фасод хеле ҳам мавриди таваҷҷуҳ аст.
"Фасоди молӣ аз таваллуд то марг ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад. Барои итминон пайдо кардан ба ин чиз заҳмати зиёд лозим нест. Расонаҳои Тоҷикистон пайваста дар мавриди фасод дар зоишгоҳҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ, бонкҳо, додгоҳҳо, идораҳои гумрук, андоз ва ғайра мақолаҳо нашр мекунанд. Фасод шояд яке аз мавзуъҳое аст, ки рӯзноманигорон ҳангоми навиштан дар бораи он ба амалӣ кардани супоришҳои хориҷиён муттаҳам намешаванд," -- гуфтааст рӯзноманигори тоҷик Нуралӣ Давлат дар мақолаи худ дар мавриди фасод.
Раддабандиҳои ҷаҳонӣ низ навиштаи ин рӯзноманигорро тасдиқ мекунанд. Бино ба раддабандии созмони Шаффофияти Байнулмилал (Transparency International) Тоҷикистон дар мубориза бо фасод дар соли 2020 дар ҷойи 149-ум ва дар як қатор бо кишварҳои Мозамбик, Нигерия, Мадагаскар, Камерун ва Эрон қарор гирифтааст.
Ин ниҳоди байнулмилалӣ ба таъсири фасод ба кори ҳукумат дар давраи бемории СОVID-19 низ ишора кардааст. Инчунин, нишондодҳои сармоягузории кишварҳо ба соҳаи тандурустӣ ва суст шудани меъёрҳо ва ниҳодҳои демократӣ муқоиса шудаанд.
Мавқеи ҳукумат чист?
Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар посух ба мактуби Радиои Озодӣ дар мавриди мусоҳиба бо раиси ин ниҳод гуфт, аз ҳамкорӣ бо расонаҳо истиқбол мекунад, аммо аз ҳозир шудан барои суҳбат худдорӣ кард. Дар ин ниҳод гуфтанд, тамоми иттилоъ дар мавриди фаъолияти онҳо дар сомонаашон нашр мешавад ва ҳангоми нишастҳо низ радду бадал мегарданд.
Тибқи омори Оҷонси зидди фасод дар соли 2020 ниҳодҳои зерин аз ҷумлаи фасодзадатаринҳо дониста шудаанд:
- Идораи худидоракунии маҳаллӣ (177 қонунвайронкунӣ);
- Системаи бонкӣ (168);
- Маориф ва илм (168);
- Тандурустӣ (104);
- Хоҷагии қишлоқ (101);
- Кумитаи замин (99);
- Системаи меҳнат ва муҳоҷират (66).
Дар умум, бар асоси омори ин ниҳод 348,8 миллион сомонӣ зарари молӣ ошкор шудааст, ки коршиносон онро "қатрае аз баҳр" медонанд.
"Омори ҳамешагии Оҷонси мубориза бо фасодро наметавон ҷиддӣ гирифт. Амалан барои ҳамагон маълум аст, ки бахши пурдаромади иқтисод дар дасти шахсони наздик ба элитаи сиёсӣ қабза шудааст. Ғайр аз ин, ниҳодҳое ба монанди гумрук, андоз, идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигаре ҳастанд, ки фаъолияташон куллан ғайришаффоф аст. Оҷонси мубориза бо фасод наметавонад ба онҳо наздик шавад," -- мегӯяд Азиз Нуруллоев, сиёсатшиноси тоҷик.
Идораи норӯшан
Оҷонси мубориза бо фасодро соли 2007 таъсис доданд. Соли 2017 ҳабдаҳ корманди ин ниҳод бо гуноҳи суистифода аз мансаб ва 40 каси дигар бо гумони даст доштан дар ришваситонӣ боздошт шуданд.
Коршиносони мустақил ба ин назаранд, ки худи Оҷонси мубориза бо фасод боиси боло рафтани мизони коррупсия дар кишвар мешавад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон як замон дар бораи барҳам задани ин ниҳод ҳушдор дод, вале даст ба ин кор назад.
Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ҳангоми таъсиси Оҷонсӣ зиддияти манфиатҳо ба назар гирифта нашуд ва, дар натиҷа, як ниҳод ҳам масъулияти таҳияи равишҳои мубориза бо фасод ва ҳам амалӣ кардани онҳоро бар дӯш гирифт.
“Вазифаҳои машваратӣ, пешгирӣ ва амалиётии ин ниҳод бояд тақсим мешуданд. Аммо ин кор нашуд ва дар ниҳоят Оҷонси зидди фасод ҳамчун як сохтори бузургу печида шакл гирифт, ки худ аз амалҳои фасодолуд орӣ нест,” -- мегӯяд Мамадшоев.
Ба гуфтаи вай, барои мубориза бо фасоди миёна бояд аз чораҳои пешгирӣ кор гирифт. Барои амалӣ шудани он бояд фанновариҳои нав истифода кард, ки рӯбарӯ шудани мардум бо мансабдоронро коҳиш диҳад. Ғайр аз ин, мубориза бо фасод ба иродаи сиёсӣ ниёз дорад. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи рӯзноманигори тоҷик, мақомот ҳеч кадоме аз ин василаҳоро дар даст надоранд.
Стратегия ва амалия
Тоҷикистон соли 2013 бо ҳадафи кам кардани сатҳи фасод, аз байн бурдани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисод, рушд додани арзишҳои демократӣ ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум Стратегияи муқовимат бо коррупсияро то соли 2020 қабул кард. Бо поён ёфтани муддати иҷроӣ шудани ин стратегия дар соли гузашта, Тоҷикистон мавқеи худро танҳо дар ду маврид "беҳбуд" бахшид, ки дар раддабандии Шаффофияти Байнулмилал ҷойгоҳи он аз 154 ба 152 боло рафт.
Маъруф Раҳимов, мутахассиси яке аз созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар заминаи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон кор мекунад, далели аслии набудани муваффақиятро ба сиёсати кадрӣ рабт медиҳад.
"Раҳбари Оҷонсӣ аз сӯи раиси ҷумҳур таъйин мешавад ва кормандони дигар ҳам ба ин ниҳод аз додситонӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ меоянд. Вале ин ниҳод бештар ба технократҳои дорои донишҳои иқтисодӣ ниёз дорад. Ғайр аз ин, бояд як корзори таблиғотӣ бояд роҳандозӣ шавад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишгоҳҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва донишҷӯён дар омода кардани он иштирок кунанд," -- гуфт Раҳимов дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, стратегияи соли 2013 дорои меъёрҳои мушаххаси барои назорат бар он набуд ва ба ин далел арзёбии босамар будани он номумкин шуд. Афзун бар ин, вазъияти молии кишвар иҷоза надод, то маоши мардум боло бурда шавад, ки ин боиси эҷоди ангеза барои фасод мешавад.