Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусон, мухолифин, озодии дину баён ва ҳамҷинсгароён. Кишварҳои ғарбӣ аз Тоҷикистон чӣ хостанд?


Яке аз кӯчаҳои Душанбе
Яке аз кӯчаҳои Душанбе

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи озодии баёну эътиқод ва фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвар ситоиш карданд, бисёре аз давлатҳои ғарбӣ баръакси онро гуфтанд. Чанд тавсияи ин кишварҳоро ба Тоҷикистон барои ислоҳи вазъ дар инҷо бихонед:

Австралия

Ёздаҳ тавсияи давраи гузаштаро дар бораи ҳуқуқ ба мурофиаи одилона, мустақилии ҳокимияти додгоҳӣ ё судӣ ва ҳимояи вакилони мудофеъ амалӣ намояд;

Ҳуқуқ ба озодии баён, ҷамъомадҳо ва эътиқодро, аз ҷумла бо бас кардани ҳабси зиндониёни сиёсӣ, барқарор кунад;

Ҳаққи иштирок дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсиро бо иҷоза додан ба фаъолияти озоди гуруҳҳо ва ҳизбҳои мухолифи осоишта таъмин намояд.

Амрико

Ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва расонаҳои мустақил иҷозат диҳад, ки бидуни таъқиб ва тарс кор кунанд;

Ба маҷбурӣ баргардондани ҳомиёни ҳуқуқи башар ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ хотима бахшад;

Ба созмонҳои мустақиле, ки вазъ дар маҳбасҳоро назорат ё мониторинг мекунанд, аз ҷумла барои мусоҳибаҳои хусусӣ ва комилан махфӣ бо маҳбусон, иҷозат диҳад;

Иёлоти Муттаҳида аз набудани пешрафт дар самти риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронии амиқ дорад ва аз сензура ва назорати расонаҳо аз ҷониби ҳукумат ва идомаи маҳдудиятҳо дар сабтином ва фаъолияти созмонҳои маданӣ изҳори нигаронӣ мекунад;

Мо аз озори гуногунандешони табъидӣ аз тарафи ҳукумат бо ҳадафи хомӯш кардани танқидҳо аз хориҷ нигарон ҳастем. Мо аз идомаи гузоришҳо дар бораи он ки нерӯҳои амниятӣ боздоштшудаҳо ва зиндониёнро шиканҷаву азият мекунанд ва шароити сахту хатарнок барои зиндагӣ дар изтироб ҳастем.

Белгия

Зӯроварӣ ва фишор ба мухолифони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва аъзои оилаҳои онҳоро бас кунад;

Ҳама шакли зӯроварии гендерӣ ё ҷинсиятӣ, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила, иртиботи маҷбурии ҷинсӣ бо ҳамсарро гуноҳ (ҷурм) эътироф кунад;

Белгия ба унвони мухолифи ашаддии ҳукми қатл ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки тасвиби Протоколи дуюми Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсиро, ки ба бекоркунии ҳукми қатл нигаронда шудааст, суръат бахшад.

Бритониё

Аз мақомот даъват мекунем, барои ҳифзи ҳуқуқи инсонии занон, кӯдакон, ҳамҷинсгароён ва ақаллиятҳои динӣ чораҳои иловагӣ андешад;

Мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ дар қонунгузории миллӣ издивоҷи кӯдакон, никоҳҳои бармаҳал ва маҷбуриро ҳамчун ҷиноят эътироф кунад.

Ирландия

Кодекси ҷиноиро бознигарӣ карда, ҷавобгариро барои таҳқир ё туҳмат ба президенти Тоҷикистон ва мансабдорони дигари давлатӣ аз байн барад.

Латвия

Дар ҳама ҳолат, мораторийро ба ҳукми қатл нигоҳ дорад ва барои пурра бекор кардани он кӯшиш кунад.

Литва

Ҳама гуна дастурҳоеро, ки озодии баён, ҳимоят аз рӯзноманигорон, кормандони расонаҳо ва мудофеони ҳуқуқи инсонро аз таъқибу таҳдид халалдор мекунад, аз қонунгузорӣ бардорад;

Тамоми рӯзноманигоронеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, озод намояд.

Норвегия

Мустақилӣ ва амнияти пурраи адвокатҳоро дар қонун ва дар амал кафолат диҳад, то онҳо вазифаҳои қонунии худро бидуни ҳеч тарс, мудохилаи беасос ё тарс аз таъқиби ҷиноии худсарона анҷом диҳанд.

Полша

Корҳоро дар мавриди мубориза бо фасоди молӣ ё коррупсия пурзӯр кунад;

Муқаррароти ҳозираи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ба Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пурра мутобиқ гардонад.

Инчунин тавсияҳои қаблии худро такрор мекунем: озодии эътиқодро кафолат диҳад ва ҳама шаклҳои табъиз нисбат ба ақаллиятҳои диниро аз байн бибарад; аз эҷоди маҳдудиятҳо нисбат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар худдорӣ намояд.

Словакия

Ҳукми қатл комилан бекор карда шавад.

Украина

Ба иддаоҳо дар мавриди таъқиби системавӣ алайҳи мухолифон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар расидагӣ кунад.

Чехия

Ба таври қатъӣ тавсия медиҳем, ки зӯроварии хонаводагӣ ва иртиботи маҷбурии ҷинсӣ бо ҳамсарро ҷиноӣ кунад ва муҳитеро ба вуҷуд биорад, ки ҷабрдидагон аз хабар додан натарсанд ва имкони дарёфти кумаки заруриро дошта бошанд;

Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бознигарӣ кунад.

Қонунҳо ва сиёсатҳоро бозбинӣ карда, ба рӯзноманигорон, блогерҳо ва дигарон муҳити озод ва бехатар фароҳам биоварад (Инчунин, тавсия медиҳем, аз бастани худсарона ва ғайриқонунии вебсайтҳо пешгирӣ кунад. Масоили амнияти миллӣ барои саркӯби мухолифати осоишта ва танқиди ҳукумат истифода нашавад).

Ҳолланд

Ҳолланд аз қонунҳои Тоҷикистон, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дин маҳдуд мекунад, инчунин, идомаи гузоришҳо дар бораи шиканҷаи мусалмонон, “Шоҳидони Яҳво” ва протестантҳо изҳори нигаронӣ дорад;

Аз ғайриҷиноӣ кардани муносибати ҳамҷинсгароён истиқбол мекунем, вале аз нафрату табъиз ва хушунат (хонаводагӣ, ҷисмӣ, равонӣ ва ҷинсӣ) нисбати ҳамҷинсгароёни тоҷик нигарон ҳастем;

Ҳама қонунҳоеро, ки ба озодии эътиқод, аз ҷумла таҳсилоти динӣ таъсири манфӣ мерасонанд, бекор кунад.

Барои аз байн бурдани гомофобия ва трансфобия фаъолона кор кунад.

Эстония

Дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро бидуни маҳдудият таъмин намояд.

XS
SM
MD
LG