Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Байден пешниҳод карданд, ҷилави ҳукуматҳои худкомаро кашад. Таъсираш ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Гурӯҳи коршиносон ва дипломатҳои ботаҷрибаи амрикоӣ ба зарурати қабули стратегияи нав ба муқобили тамоюлҳои афзояндаи худкомагӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла нақши бештари Чину Русия дар ин ҷараён, таъкид кардаанд.

Гузорише бо номи "Таҷдиди ҷараёнҳо ба самти стратегияи нави Амрико ба хотири пуштибонӣ аз демократия ва муқобила бо худкомагӣ" рӯзи 14-уми апрел муаррифӣ шуд. Муаллифони гузориш коршиносони созмони Freedom House, Маркази таҳқиқоти стратегиву байналмилалӣ ва Донишгоҳи МакКейн ҳастанд.

Амрико дар ҳамкорӣ бо Аврупо метавонад, таҳрим ҷорӣ кунад. Агар таҳрим ҷорӣ кунад нисбат ба баъзе кишварҳо, шояд ба кишварҳое мисли Тоҷикистон дар ниҳоят таъсиргузор шавад.
Парвиз Муллоҷонов

Муаллифон мегӯянд, "15 сол ақибнишинии демократия ва ҳуқуқи башар ба он маъност, ки садҳо миллион нафар таҳти саркӯб ва фишор ба сар мебаранд. Дар ҳоле ки мавҷи демократия поин меравад, худкомагӣ сар боло мекунад. Режимҳои авторитарӣ унсурҳои ҷомеаҳои боз – озодии баён, маблағгузорӣ, фанновариҳои нав, ҳамкориҳои байналмилалиро омӯхта, онҳоро ба муқобили демократия ва мардуми худ истифода мекунанд. Шикасти Русия дар эҷоди ҷомеаи боз ва муваффақияти Чин дар бастани ҷомеааш дар маркази таваҷҷӯҳи геополитикаи имрӯза қарор гирифтааст."

Дар гузориш таъкид кардаанд, ки фурсати он расидааст, маъмурияти Амрико барои муқобила бо ин тамоюлҳо иқдом кунад, чун ҳосили он барои ба ҳадаф расидани сиёсати хориҷии худи ин кишвар ва тақвияти нуфузи Иёлоти Муттаҳида муҳим мебошад. Ба қавли онҳо, мавзӯи демократия ва риояи меъёрҳои он бояд дар тамоми самтгириҳои баъдии Вашингтон, аз ҷумла, дар масоили иқтисодиву дифоӣ, калидӣ бошад.

Харитаи роҳ ва ё 7 стратегияи ба ҳам вобаста

Қадами аввал -- "Пуштибонии бештар аз демократия ва муқовимат бо худкомагӣ дар қалби сиёсати хориҷии Амрико ва амнияти миллӣ"

Демократия, ба қавли коршиносони амрикоӣ, бояд асоси сиёсати дохиливу хориҷии Иёлоти Муттаҳида бошад ва тамоми унсурҳои қудрат, аз ҷумла бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фанновариҳо, дипломатия, рушд, бахши низомӣ, иттилоот ва сохторҳои қудратиро фаро бигирад.

"Президент Байден бояд як дастур содир кунад, ки демократияро арзиши решаӣ дар бахши манфиати миллӣ эълон кунад" ва ин санад бояд барои солҳои дароз пешбинӣ гардад. Таъсиси Шӯрои миллии демократия бояд, ба қавли муаллифон, барои иҷрои Стратегияи миллии демократия нигаронида шавад.

Қадами дуюм -- "Таъини раҳбарияти нав дар умури демократия ва ҳуқуқи башар, бунёди чатри азиме барои тақвият ва бунёди шарикии нави демократӣ"

Муаллифон мегӯянд, Иёлоти Муттаҳида бояд "дипломатияи демократӣ" бисозад, ки барои муқовимат бо худкомагӣ равона шуда бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, ба қавли коршиносон, бо ёрии шарикони дигар бояд ба таҳдидҳои режимҳои худкома фишор оварда шавад. Дар авлавияти ин кор – ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишгоҳҳо ва бахши хусусӣ қарор дорад.

Қадами сеюм -- "Афзоиши сармоягузорӣ ба рушди ҷомеаҳои боз, масъулиятшинос ва демократӣ"

Гурӯҳи коршиносон машварат медиҳанд, ки Амрико ва шариконаш сармоягузорӣ ба муҳимтарин унсурҳои демократия, ба мисли интихоботи озоду шаффоф, матбуоти мустақил ва ҷомеаи фаъолро фавқулода афзоиш диҳанд. Барои тақвияти интихоботҳои Амрико таъсиси Маркази ҳамгироии интихоботӣ ва барои ёрӣ ба матбуоти озод дар ҷаҳон – маблағгузорӣ ба Бунёди матбуоти озод машварат шудааст.

Қадами чаҳорум -- "Раҳбарӣ ба сиёсати стратегияи рақамӣ дар ҷаҳони демократӣ"

Ба андешаи муаллифон, тағйироти рақамӣ ё диҷитолии ҷомеаҳо мафҳуми мудирияти демократиро ҳам дигар кардааст. "Интернет барои бозигарони давлативу ғайридавлатӣ торафт василаи муҳими эҷоди бебандубориҳо мешавад ва барои низомҳои худкома дар назорати бештар аз болои шаҳрвандон хидмат мекунад. Интернети бозу амн ва қобили эътимоди ҷаҳонӣ ба бархӯрди дақиқи дипломатӣ ва раҳбарияти қавии Амрико ниёз дорад."

Муаллифон ба зарурати таъсиси Бюрои амнияти интернетӣ ва технологияҳои навин ва ифтитоҳи дафтари Департаменти давлатӣ дар "Водии Силикон" (манзур маҳалли корхонаҳои пешрафтаи интернетӣ дар Калифорния) таъкид кардаанд.

Қадами панҷум -- "Эҷоди стратегияи таҷдиди эътимод ба фазои иттилоотӣ ва муқобила бо иттилои дурӯғин, нафратпарокании интернетӣ ва таҳқир"

Ба қавли муаллифон, зарурат ба чунин стратегия аз он ҷо сарчашма мегирад, ки паҳншавии хабарҳои дурӯғини махсус таҳияшуда, таблиғоти зери назари давлат, нафратпарокании интернетиву таҳқир бо ҷараёнҳои зербиноии демократӣ дар ихтилоф аст. Барои муқобила бо чунин падидаҳо, ба қавли муаллифон, Амрико бояд стратегияи мушаххасе ба роҳ монда, як мақоми аршади ҳукуматиро дар Шӯрои амнияти миллӣ барои назорат аз ин падидаҳо таъин кунад.

Қадами шашум -- "Роҳандозии мубориза бо фасод, султонсолорӣ ва ғасби қудрат ба ҳайси авлавияти амнияти миллӣ"

Ба қавли муаллифон, ин мушкилот бояд дар маҳаки стратегияи миллии Амрико қарор гирад ва дар татбиқи он мисли FATF сохтору механизмҳои байналмилалии муқовиматкунанда бо фасод ҷалб шаванд.

Қадами ҳафтум -- "Назорат бар қудрати иқтисодии Амрико ба хотири пуштибонӣ аз демократия ва муқовимат бо худкомагӣ"

Муаллифони гузориш гуфтаанд, маъмурияти Ҷо Байден бояд сохтори сиёсати тиҷорат ва рушдро бознигарӣ кунад. Ҳангоми имзои созишу қарордодҳои иқтисодӣ, ба қавли коршиносон, Амрико "бояд меъёрҳои баланди мудирият ва демократия", риояи меъёрҳои байналмилалии корро дар маркази сиёсати тиҷорат ва иқтисоди байналмилалиаш гузорад.

1 миллиард доллари Амрико ба Тоҷикистон

Русияву Чин аз шарикони муҳими иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон мебошанд. Коршиносон Русияро пуштибону ҳомии сиёсии режим ва мизбони аслии як миллион нерӯи кории тоҷикистонӣ меноманд, Душанбе дар иваз пойгоҳи азимтарини низомии Русияро мизбонӣ мекунад.

Чин таъминкунандаи калидии тарҳу барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон шудааст ва аз 3,2 миллиард доллар қарзи хориҷии он беш 1,1 миллиард доллараш ба Чин рост меояд. Пекину Маскав, ки аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои нақзи озодиҳои сиёсӣ интиқод мешаванд, дар муомила бо Душанбе, ба фарқ аз Ғарбу Аврупо, аз арзишҳои демократӣ ҳарф намезананд.

Амрико пайваста ба нирӯҳои Тоҷикистон ёрӣ мекунад
Амрико пайваста ба нирӯҳои Тоҷикистон ёрӣ мекунад

Тоҷикистон, ки мегӯяд, сиёсати бисёрсамтаро дунбол мекунад, ҳамкориҳоро бо Амрико ҳам арҷ мегузорад. Равобити Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида, ки аз замони ба расмият шинохта шудани истиқлоли кишвар дар соли 1992 шуруъ шудааст, бахшҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва амниятро дар бар мегирад.

Дар давоми 20 соли ҳамкориҳо Иёлоти Муттаҳида тавассути USAID (Оҷонси рушди байналмилалӣ) ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар кумак кардааст. Аз ҷумла, дар давраи пандемияи коронавирус ба маблағи 7,17 миллион доллар ёрии тиббиву беҳдоштӣ расондааст.

Аз соли 2010 ба ин сӯ Тоҷикистон ва Амрико ба унвони "шарикони қавӣ" машваратҳои солона барпо мекунанду вазирони умурии хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА дар чаҳорчӯби музокироти C5+1 музокирот барпо мекунанд.

Вале Департаменти давлатии Амрико кишварро ба унвони "як давлати худкома" арзёбӣ мекунад ва, зоҳиран, дар сурати қабул шудани стратегияи нави Иёлоти Муттаҳида оид ба авлавияти демократия дар муқобила бо низомҳои худкома, ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ҳам аз ин дидгоҳ мавриди бозбинӣ қарор гирад.

Коршиносон: Стратегияи нав шояд ба фоидаи кишварҳое ба мисли Тоҷикистон нест

Эдвард Лемон, сиёсатшиноси масоили Осиёи Марказӣ аз Texas A&M University-и Амрико мегӯяд, "дар сурати пешбурди демократия дар маркази сиёсати хориҷии ИМА ва қабул шудани ин сиёсат, нуфузи бе ин ҳам маҳдуди Амрико дар Тоҷикистон коҳиш меёбад. Дар ҳоле ки бисёр аъзои ҷомеа, созмонҳои маданӣ ва матбуот аз талошҳо барои эҷоди ҷомеаи бозу ботаҳаммул ва одилона дар Тоҷикистон истиқбол хоҳанд кард, ҳукумат аз сиёсати аз ин беш демократии Амрико нисбат ба ин кишвар ҷонибдорӣ нахоҳанд кард”.

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

Ба бовари муҳаққиқи масоили сиёсӣ, пешниҳоди ин ки ироаи "ёриҳои бахши амниятӣ вобастаи пешрафт дар ҳуқуқи башар ва решаканшавии коррупсия гардид", дар амал Тоҷикистонро аз пуштибонии ИМА маҳрум мекунад. Ба андешаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд, талошҳо барои тақвияти демократия аз роҳи рушд, ки дар он садои шаҳрвандон баландтар шунида шавад ва гузоришдиҳии ҳукумат дар баробари ҷомеа беҳбуд ёбад, "мавриди муқовимати ҳукумат хоҳад шуд".

Пешбинии коршинос ин аст, ки чунин рафти кор метавонад Тоҷикистонро ба "наздикшавиву ҳамкории бештар бо Чину Русия водор кунад”. Лемон мегӯяд, ба ҳамин хотир ҳам, эҳтимол, ташаббусҳои ИМА ноком шаванд.

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, стратегияи эҷодшуда "ҳарфи нав нест" ва дар гузашта ҳам, "бо унсурҳои дигар вуҷуд дошт" ва ҳоло "ҳама чиз ба он вобаста аст, ки маъмурияти имрӯзаи ИМА чӣ миқдор сармояро барои иҷрои ин стратегия харҷ карданӣ мешавад."

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Ба бовари ӯ, иқтисоди имрӯзаи ИМА ва мушкилоти дохилии ин кишвар имкониятҳоеро, ки дар гузашта дошт, "маҳдудтар мекунад". Аз сӯи дигар, рисолат ё шиори маъмурияти кунунии Вашингтон, ки ба барқарор кардани мавқеи авлавиятноки Амрико дар ҷаҳон нигаронида шудааст, метавонад, ин стратегияро ҳамчун бахши муҳими сиёсати хориҷиаш бипазирад.

Ӯ афзуд: "Амрико дар ҳамкорӣ бо Аврупо метавонад таҳрим ҷорӣ кунад. Агар таҳрим ҷорӣ кунад нисбат ба баъзе кишварҳо, шояд ба кишварҳое мисли Тоҷикистон дар ниҳоят таъсиргузор шавад. Ҷорӣ кардани таҳрим нисбат ба кишварҳои хурд осонтар аст. Мисол, Амрико наметавонад таҳримҳои ҷиддӣ бар зидди Чин ҷорӣ кунад, чунки иқтисоди ду кишвар ба ҳам хеле вобаста аст”.

Дар ин амр, ба гуфтаи ӯ, маъмурияти Вашингтон масоили дигари геополитикӣ ва ё нақши Чинро дар минтақа ба эътибор нагирифта наметавонад. Ӯ мегӯяд, дар муқоиса бо дигар мушкилоти азимтар, эҳтимол масоиле ба мисли бастани вебсайту маҳдудкунии озодии баён то андозае ҳалли худро пайдо кунанд, чун барои кишварҳои мисли Тоҷикистон "механизми хуб буда метавонад".

XS
SM
MD
LG