Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Президент ва зердастонаш чӣ доранд?" Аз Кумитаи андоз чӣ пурсидем ва чӣ шунидем


Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз (молиёт)
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз (молиёт)

Мансабдорони тоҷик муваззаф шудаанд, ки ҳар сол то 1-уми апрел дар бораи даромад ва дороиҳои худ ба Кумитаи андоз (молиёт) гузориш диҳанд. Радиои Озодӣ дар номаи расмӣ аз раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода, пурсид, ки оё имкон дорад, дороиҳои мансабдорон ё хидматчиёни давлатиро ошкор кунад?

Нома чунин аст ва рӯзи 29-уми март фиристода шуда буд:

"Муҳтарам Нусратулло Давлатзода!

Бар асоси қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, мансабдорони тоҷик бояд то 1-уми апрел дар бораи дороиҳои худ ба Кумитаи андоз маълумот пешниҳод кунанд. Радиои Озодӣ дар бораи ин мавзуъ ва то куҷо амалӣ шудани қарор гузорише таҳия дорад.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мешавад, ба мо иттилоъ бидиҳед, ки оё мансабдорони сатҳи боло, аз ҷумла

раиси ҷумҳурӣ,

раиси Маҷлиси миллӣ,

сарвазир,

муовинони сарвазир,

раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент,

мушовирони президент,

раиси Хадамоти алоқа,

вазири саноат ва технологияҳои навин,

вазири энержӣ ва захираҳои об,

вазири молия,

вазири рушди иқтисод ва савдо,

вазирони дифоъ ва дохилӣ,

раиси Додгоҳи олӣ,

додситони кул,

мудири Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,

раиси Хадамоти гумрук,

раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе,

раиси Идораи роҳи оҳан,

раисони вилоятҳо

ва мансабдорони дигар ба Кумитаи андози Тоҷикистон дар бораи дороиҳои худ гузориш пешниҳод карданд? Хоҳишмандем, маълумот дар бораи даромадҳои онҳоро дастрас кунед."

Дар охири ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода, дар номаи ҷавобӣ гуфтааст, пешниҳоди маълумоти дархостӣ имконнопазир аст.

Вай рӯзи 5-уми апрел дар ҷавоб навиштааст:

"Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дархости Шумо аз 29-уми марти соли 2021, №30 чунин иттилоъ медиҳад:

Пеш аз ҳама ёдовар мешавем, тибқи муқаррароти моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот аз 18-уми июни соли 2008, №411 маълумоте, ки дар дархости Шумо дарҷ гардидааст, ба гуруҳи иттилооти дастрасиашон маҳдуд дохил мебошад.

Ҳамзамон ба иттилои Шумо мерасонем, ки тибқи муқаррароти моддаи 93-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сирри маълумот (сирри андоз) мақомоти андоз вазифадоранд, сирри ҳама гуна маълумотро оид ба андозсупорандагон (ба истиснои маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиашон дастрас намудаанд), пинҳон нигоҳ доранд.

Бо назардошти муқаррароти номбурдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод намудани маълумоти дархостнамудаи Шумо имконнопазир мебошад."

Дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор хидматчии давлатӣ кор мекунанд. Ба гуфтаи масъулони Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон, мансабдороне, ки дар эъломия дороиҳои худро пурра нишон намедиҳанд, ҷазои маъмурӣ хоҳанд гирифт ва ҳатто аз мансаб барканор хоҳанд шуд.

Бисёре аз сокинон мегӯянд, ифшои дороиҳои мансабдорон шаффофияти кори онҳоро бармало хоҳад кард. Чун онҳо мегӯянд, мансабдорони тоҷик ва наздиконашон сарватҳои зиёде, аз ҷумла хонаву бӯстонсароҳои боҳашамат доранд, дар ҳоле ки маошашон кам ва барои зиндагии шоиста дар кишвар кофӣ нест.

Пинҳон нигоҳ доштани дороиҳои мансабдорон шубҳаҳоро дар бораи шаффофияти кори онҳо ва сарватҳои андӯхтаашон афзун кардааст.

Мақомот ҳам пинҳон намедоранд, ки "ҷомеа ба қабули он омода нест". Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ, ду сол пеш гуфта буд, "ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем." Аммо ин фурсат кай мерасад?

XS
SM
MD
LG