Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми нав – набераи президент. Насли севуми "дарбор" дар Осиёи Марказӣ ба майдон мебарояд


Дар аксҳо: Анушервони Рустам, Каримқулӣ Бердимуҳаммадов ва Исмоил Соҳибов
Дар аксҳо: Анушервони Рустам, Каримқулӣ Бердимуҳаммадов ва Исмоил Соҳибов

Куанишбек Қорӣ, бахши қазоқии Радиои Озодӣ

Набераҳои раҳбарони Осиёи Марказӣ ба монанди падару модари худ аз таваҷҷуҳи хос бархурдоранд. Баъзе аз онҳо бо кореву маҳорате ва бархеи дигар бо моҷароҳо қаҳрамони расонаҳо шудаанд.

"На дар ҳама ҷой таҳаммул мекунанд"

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки президентҳояш аксаран коммунистони собиқанд, хешовандони элитаи ҳукмрон дар мансабҳои калидӣ қарор доранд, вале на ҳамеша ва на дар ҳама ҷой мардум ин вазъро таҳаммул мекунанд.

Соли 2005, вақте якбора духтару писари президенти пешини Қирғизистон, Аскар Акаев, дар интихоботи порлумонӣ номзадии худро пешниҳод карданд, дар ин кишвар эътирозҳо сар шуд ва ба “Инқилоби лолаӣ” печид. Дар натиҷа, Аскар Акаев ва хоонаводааш маҷбур кишварро тарк карданд.

"Омили набераҳо" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баёнгари он аст, ки президентҳо аз таърих дарси ибрат нагирифтаанд. Дар таърихи минтақа дида мешавад, ки интиқоли қудрат аз падар ба писар ҳеҷ вақт бо хубӣ анҷом наёфтааст.
Казбек Бейсебоев

Пас аз соҳиби истиқлол шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин инқилоби аввалин дар минтақа буд. Дар Қирғизистон, ки аз он замон то кунун чанд раҳбар иваз шуд, фурсат нашудааст, ки набераҳои қасрнишини бобо дар маркази диққат қарор бигиранд ё номашон расонаӣ шавад.

Дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон вазъ дигар аст. Имсол ҳангоми таҷлил аз ҷашни Наврӯз, набераҳои президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд дафъа дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор гирифтанд.

Аз Анушервон то Исмоил

Номи Анушервон, набераи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва писари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дар чорабиниҳои Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон расонаӣ шуд.

"Рахш", аспи Анушервони Рустам
"Рахш", аспи Анушервони Рустам

Дар бузкашии наврӯзӣ, ки рӯзи 22-юми март дар ноҳияи Кушониён баргузор шуд, аз миёни даҳҳо аспу човандоз аз минтақаҳои гуногуни кишвар аспи Анушервонро 3 дафъа ғолиб эълон карданд. Барои ғолибони ин сабқат даҳ мошину 20 шутур, 100 гӯсфанд ва ҷоизаҳои пулӣ пешниҳод шуда буд.

Аспҳои Анушервони Рустам дар гузашта ҳам ғолиби мусобиқаҳо, аз ҷумла сабқатҳои байналмиллалӣ шудаанд. Ӯро, инчунин, “футболбози бомаҳорат” меноманд.

Набераи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми бозии футбол, моҳи августи 2018
Набераи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми бозии футбол, моҳи августи 2018

Соли 2018 дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи наврасон, барои дарёфти ҷоизаи президенти Тоҷикистон, аз шаш гол панҷтояшро Анушервон ба ҳадаф расондааст. Дар бораи ин мусобиқа, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар он ҳузур дошт, дар сайти расмии президент мақолае нашр шуд. Дар гузориш аз набераи президент тасвсиф карда, ӯро "бозигари боистеъдод" хонданд.

Номи набераи дигар ва калонии Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Соҳибов, аксаран бо мошинҳои гаронбаҳо, сафару истироҳатҳои серхарҷ дар кишварҳои арабӣ, бахусус Дубай, ёд мешавад. Исмоил фарзанди духтари калонии президент Раҳмон ва аз хонаводаи Соҳибовҳо аст. Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз иқдоми хайрхоҳонаи ӯ ба ниёзмандон ҳам менависанд.

Эмомалии хурдӣ, Шавкати навзод ва Ислом Каримови дувум

Як падидаи нав дар оилаи президентҳои Тоҷикистону Узбекистон, ба номи бобо гузоштани номи навзодон аст.

Писари дувуми Рустами Эмомалӣ, ки соли 2019 таваллуд шуд, Эмомалӣ ном доштааст. Саида Мирзиёева, духтари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, соли 2020 фарзанд ба дунё овард ва ба ӯ номи падараш Шавкатро гузошт.

Дар гузашта набераи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистонро низ ба номи ӯ гузошта буданд.

Ислом Каримови хурдӣ
Ислом Каримови хурдӣ

Ислом Каримови хурдӣ писари Гулнора Каримова, духтари президенти якуми Узбекистон аст. Феълан Гулнора Каримов дар зиндон адои ҷазо мекунад. Аз замони зери таъқиб қарор гирифтани ӯ, Ислом Каримови хурдӣ дар Лондон зиндагӣ дорад ва аз Бритониё паноҳандагӣ хостааст.

Набераи таронанавис – ифтихори бобо

Дар Туркманистон, ки расман вуҷуди коронавирусро эътироф накардааст, дар ҷашни Наврӯз навори сурудхонии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳури ин кишвар нашр шуд. Оҳанги таронаи “Мой белый город – Ашхабад” ё “Шаҳри сафеди ман – Ишқобод”-ро набераи калонии президент, Каримқулӣ, эҷод кардааст.

Каримқулӣ Бердимуҳаммадов
Каримқулӣ Бердимуҳаммадов

Тарона ба муносибати 140-солагии пойтахти Турманистон омода шудааст. Бахшида ба ин ҷашн, ба Ишқобод тахаллуси “Тойи зоти ахалтекинӣ” гузоштанд. Дар клип ё намоҳанги тарона низ ин навъи той намоиш дода мешавад, вале чанде баъд иттилое паҳн шуд, ки суруди гуиё эҷодкардаи президент ва наберааш ба як шеъри маъруфи замони Шӯравӣ бисёр монанд аст.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар матлабе навишта буд, “лаёқат ё истеъдодҳои Бердимуҳаммедов баъди ба қудрат расиданаш кашф шуд”.

Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳоло асарҳои адабӣ ва санъати мусиқӣ дар Туркманистон ба масхара табдил ёфтааст ва ин вазъ боис шуда, ки сокинон дигар ба адабиёт таваҷҷӯҳ накунанд.

Солҳои охир писари президент Бердимуҳаммедов пайваста соҳиби мансабҳои нав мешавад. Сардор, ки қаблан вакили порлумон, муовини раҳбари вилоят ва муовини вазир буд, ҳоло то ба мансаби муовини нахуствазир расидааст. Ҳамчунин ӯ раҳбари Палатаи олии назоратӣ таъин шудааст. Сардор – падари Каримқулӣ аст. Телевизионҳои давлатии Туркманистон пайваста наворҳои нав ба нави Каримқулӣ ва бобои президенташро нашр мекунанд.

Дар остонаи Соли нав, дар як навор президенти Туркманистон ҳамроҳ бо наберааш бобои барфӣ сохт. Дертар видеое нашр шуд, ки дар он Бердимуҳаммадов бо набераҳои дигараш тасвир ёфтааст. Дар навори охир, набераҳои президенти кишваре, ки то ба ҳол вуҷуди коронавирусро дар ҳудудаш эътироф накардааст, дар рӯй ниқоби тиббӣ доштанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Суруди “Шаҳри сафеди ман - Ишқобод” нахустин оҳанги президенти Туркманистон ва наберааш нест. Соли 2018 онҳо якҷо суруди “Туркманистони варзишӣ”-ро эҷод ва иҷро карданд.

Тобистони соли 2020 Бердимуҳаммедов, 63-солагӣ ё расидан ба “синни пайғамбариаш”-ро таҷлил кард. Бахшида ба ин ҷашн ӯ барандаи ҷоизаи “Асри нави Туркманистон” шуд. Ба ӯ барои “ғанӣ сохтани санъати миллӣ бо эҷодкорӣ ва ҳунарнамоии олӣ дар чорабиниҳои идона” медали тило ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 3500 манат (тақрибан 1000 доллар) дода шуд.

"Мухолифон" дар дохили оила

Набераи дувуми собиқ президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев ва писари вакили порлумон Дариға Назарбоева, пеш аз марги худ дар соли 2020 эълон дошт, ки мехоҳад дар Бритониё паноҳанда шавад. Марги ӯ боис ба сар задани шубҳаҳои зиёд шуд.

Чанде пеш пизишки додгоҳии Бритониё, Фиона Уилкокс, эълон кард, ки Ойсултон Назарбоев, набераи раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон, дар натиҷаи нашъамандӣ ё муътодӣ ба кокаин ҳалок шудааст. «Ман фикр мекунам, Ойсултон бо марги табиӣ фавтидааст. Сабаби марги ӯ кокаин буд», -- гуфт вай.

Солҳои охир Ойсултон Назарбоев, бо изҳороти мухталиф ва амалҳои ғайриқонунии худ дар хориҷ маъруф шуд. Соли 2019 Додгоҳи Бритониё ӯро барои муқовимат бо пулис муҷозот кард. Додгоҳ ҳамчунин амр дод, ӯ аз нашъамандӣ муолиҷа гирад.

Ойсултон Назарбоев
Ойсултон Назарбоев

Вақтҳои охир Ойсултон Назарбоев чанд дафъа ошкоро хонаводаи худро ба фасодкорӣ муттаҳам карда, дар саҳифаи худ дар Фейсбук дар бораи пулшӯйӣ ва даст доштани хонаводаи Назарбоевҳо дар ин амалҳо менавишт. Ӯ мегуфт, коррупсия дар мақомҳои баланди ҳукуматро фош мекунад. Ойсултон 10 рӯз пеш аз 30-солагиаш фавтид, вале пеш аз марг аз таҳдиду хатар ба зиндагии худ мегуфт.

Соли 2016 номи бародари Ойсултон, Нуралӣ Алиев, дар санадҳо оид ба ҳисобҳои офшорӣ, дар чаҳорчӯбаи парвандаи “Авроқи Панама” оварда шуд. Он замон ӯ аз мансаби муовини раиси пойтахт истеъфо дод, аммо соли гузашта Нуралӣ дубора бо моҷарои марбут ба амволи гаронарзиш дар Лондон таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб кард.

Оҷонси миллии Бритониё оид ба ҷинояткорӣ ду қаср ва як манзилеро, ки гуиё ба Нуралӣ Алиев ва модари ӯ Дариға Назарбоева тааллуқ дошт, ҳабс кард. Баъд аз муроҷиати Назарбоева ва Алиев ба додгоҳи Лондон ин қарор бекор шуд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, маъмулан талош мекунанд, дар бораи хонаводаи раҳбарони кишвар маълумоте нашр нашавад, вале бо тӯлонӣ мондани раҳбарони худкома дар қудрат таваҷҷӯҳ ба хонаводаи онҳо ҳам ҳарчӣ бештар мешавад.

"Омили набераҳо" "дарси ибрат нашудааст"

“Ёдоварӣ ё зикри номи набераи президентҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, боис ба пайдо шудани ҳадсу гумонҳои гуногун гаштааст. Агар фарз кардем, ин ба маъниест, ки раҳбарони кишварҳо набераҳоро ҷойгузини худ кардан мехоҳанд, пас, ин пайомади хуб надорад. “Омили набераҳо” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бозгӯйи он аст, ки президентҳо аз таърих дарси ибрат нагирифтаанд. Дар таърихи минтақа дида мешавад, ки интиқоли қудрат аз падар ба писар ҳеҷ вақт бо хубӣ анҷом наёфтааст”, -- мегӯяд сиёсатмадор Казбек Бейсебоев.

Ӯ меафзояд: “Замоне президенти Узбекистон Ислом Каримов кӯшиш мекард, ки аъзои оилааашро ба ҳукумат роҳ надиҳад. Барои ҳамин, имрӯз бархе ӯро бо хубӣ ёд мекунанд. Ман фикр мекунам, президентҳое, ки аксаран дар назди халқ бо набераҳои худ ҳозир мешаванд ё наздиконашонро ба қудрат роҳ медиҳанд, бояд дар назди мардум ҷавоб гӯянд. Онҳо бояд ҳадди ақал мардумро эҳтиром кунанд."

XS
SM
MD
LG