Коршиносон мегӯянд, ҳукми аъзои ҳизби мухолифи Сотсиал-демкоратии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев бори дигар роҳҳои истифодаи саркӯбгароёнаи қонунро нисбати норозиён ба намоиш гузошт.
Муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев ҳоло дар садри рӯйхати мунтақидони ҳукумат аст, ки аз номи қонун ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон 19-уми феврал дар изҳороти худ ҳукми ӯро асоснок номид, ки тибқи он ӯ барои “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон” гунаҳкор ва 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Худи сиёсатмадор ва наздиконаш бо ин ҳукм розӣ нестанд ва мехоҳанд ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд. Вале дар таърихи адолатхоҳии муосири Тоҷикистон ин гуна шикоятҳо, то ҳанӯз натиҷаи мусбат надоштаанд. Тавре коршиносон мегӯянд, норозиёни ҳукуматро дар Тоҷикистон, умдатан ҷазоҳои сахт медиҳанд, дар ҳоле ки чеҳраҳои вафодору наздиҳукуматӣ метавонанд муҳлати ками ҷазо бигиранд ва ё тамоман аз ҷавобгарӣ озод гарданд.
“Ҳукмҳои бидуни исбот”
“Нисбат ба мунтақидони ҳукумат, маъмулан бо айбномаҳои сохта парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд, парвандаҳое, ки тақрибан далел барои исбот надоранд. Маро ба қасди додани ришва гунаҳкор карданд, вале дар парванда ҳеч чизи
Барои он ки сару садоҳо ба берун набарояд, парвандаҳоро муҳри "комилан махфӣ" мезананд.
собиткунанда набуд. Худи додрас таъйид кард, ки ман ба ӯ пора пешниҳод накардаам, вале, бо вуҷуди ин, маро муҷозот карданд”,- нақл мекунад вакили дифоъ Шуҳрат Қудратов, ки ҳоло дар Русия ба сар мебарад.
Ба гуфтаи ӯ, парвандаҳои Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва чеҳраҳои дигаре, ки зиндонии сиёсӣ дониста мешаванд, низ ҳамин вазъро доранд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯяд ҳамсуҳбати мо, барои он ки сару садоҳо ба берун набарояд, парвандаҳоро муҳри "комилан махфӣ" мезананд, сарфи назар аз ин ки дар маводи парвандаи ҷиноӣ, асос барои татбиқи қонун “Дар бораи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавҷуд нест.
Вакили мудофеъ Шуҳрат Қудратов яке аз нодиртарин мунтақидони ҳукумат аст, ки чаҳор солро дар зиндон сипарӣ кард. Ӯ моҳи июли соли 2014 боздошт ва ба ин муттаҳам шуд, ки аз зерҳимояааш 2000 доллар тамаъ кардааст ва бояд маблағро ба додрас диҳаду парвандаи ҷиноиро қатъ кунад. Худи Қудратов гуфта буд, ки пулро бояд ба ҷабрдида медоду қазияро бо ҳамин ҳал мекард. Вале ин далелҳо ба эътибор гирифта нашуданд ва январи соли 2015 ӯро ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Бо гузашти ду моҳ, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми зинаи поёнии додгоҳро тағйир дод ва ҳукми ниҳоии Қудратов 3 солу 8 моҳи зиндон ва 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд. Он замон Қудратов вакили дифои вазири собиқи саноат Зайд Саидов буд, ки баъди расман эъломи таъсиси ҳизби сиёсӣ карданаш, боздошт шуда буд.
Мавридҳои такрорӣ
Созмонҳои мудофеи байналмилаӣ он замон борҳо ҳушдор дода буданд, ки аз соли 2014 дар Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон кашидани ҳадди ақал шаш вакили дифоъ – Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Ҷамшед Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова иттифоқ афтодааст.
Таъқиби ҷиноии бархе аз вакилони дифоъ баъди муддати на чандон тӯлоние рух дод, ки онҳо изҳор карданд, омодаанд ҳуқуқҳои Зайд Саидовро ҳимоят кунанд. Дигарон замоне мавриди тафтишу таъқиб қарор гирифтанд, ки ба ҳимояи қазияи аъзои Шӯрои сиёии ҲНИТ пардохтанд.
Муҳлати аз ҳама зиёдро Бузургмеҳр Ёров гирифт, ки ӯро додгоҳ дар қаллобӣ, сохтакории аснод ва таҳқири президент муттаҳам кард ва ба 28 соли зиндон маҳкум намуд.
Зайд Саидов ба гирифтани ҳаҷми махсусан калони ришва, қаллобӣ ва суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, бисёрҳамсарӣ ва баъдан ба таҷовуз ба номус ва ноболиғро маҷбур ба исқоти ҳамл кардан гунаҳкор дониста шуд. Зимнан, бино ба маълумоти расонаҳо, озмоишгоҳи “Био Папа”-и Маскав падарии Зайд Саидовро дар кӯдаке, ки модараш иддао дошт Зайд Саидов ӯро таҷовуз кардааст, таъйид накард. Худи судшаванда ҳамаи иттиҳомотро рад кард. Вале додгоҳ ӯро ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Баъдан ба ҳукми ӯ 3 соли дигар барои ҷиноятҳои иқтисодӣ зам карда шуд.
Дар рӯйхати мунтақидони ҳукумат ду муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи НИТ, ки ба ҳукми абад ва 14 фаъоли дигари ин ҳизб низ ҳаст, ки ҳар кадоме аз 15 то 28 сол зиндон шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамаи онҳоро дар терроризм, ифротгароӣ, талоши табаддулоти давлатӣ, барҳам задани сохти конститутсионӣ ва куштор гунаҳкор донист. Аммо тамоми раванди мурофиаи додгоҳӣ ва тафтишотии ин парванда пушти дарҳои баста ва таҳти муҳри "комилан махфӣ" сурат гирифт, ки созмонҳои мудофеи байналмилалӣ ба қонунӣ будани амалкарди мақомоти Тоҷикистон шубҳа доранд.
Адолат барои ҳама нест
Вале низоми додгоҳӣ, мисле, ки мушоҳидон таъкид мекунанд, на ба ҳама ҷазои сахт медиҳад. Вакили мудофеъ Шуҳрат Қудратов ба қазияи корманди гумруки терминали “Душанбе - 1” Шаҳбоз Раҷабов ишора мекунад, ки ӯро Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2019 расман ба фасод муттаҳам кард ва талаб намуд, ки пулҳои аз давлат ғораткардаашро баргардонад, вале корманди собиқи гумрук ҳеч таъқиби ҷиноие нашуд. Ва бино ба маълумоти ғайрирасмӣ дар ҳукумат мансаби дигаре гирифтааст.
Аз муҷозоти комил ҳамчунин муовини пешини сардори Оҷонсии зиди фасод Давлатбек Хайрзода дар канор монд, ки соли 2017 дар хонаи падарияш 35 миллион доллар ёфта буданд. Мансабдори давлатӣ он замон ба 10,5 соли зиндон маҳкум шуд, вале моҳи ноябри соли 2019 озод гашт.
Дар соли 2013, дар ҷомеа қазияи кушта шудани се нафар зери чархҳои мошине, ки сари фармони он Расули Амонулло, писари ноболиғи Амонулло Ҳукуматулло роҳбари пешини идораи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва қудои президент Тоҷикистон нишаста буд, ба шиддат мавриди баҳс қарор гирифт.
Тафтишон он замон расман изҳор кард, ки сари рули мошин дар он шаби махуф шахси дигаре қарор доштааст. Вале бисёриҳо ба ин фарзия бовар накарданд.
Ҳамчунин аз ҷазо Фаромуз Саидов, писари муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саиддов ҳам дар канор монд, ки дар натиҷаи садамаи мошини ӯ дар тирамоҳи соли 2018 дар маркази пойтахт ду нафар кушта шуд. Яке ҳамроҳи худи Фаромуз ва дигаре корманди хадамоти роҳи ноҳияи Сино. Дар ин ва ҳолатҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳорот доданд, ки садамаҳо аз сари беэҳтиётӣ ва норасоии фаннии мошин рух додаанд.
Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, соли гузашта дар як гузориши худ ишора кард, ки додгоҳ дар Тоҷикистонро намешавад шохаи мустақили ҳокимият номид. Зеро додрасҳоро дар вазифаҳо раиси ҳукумат таъину барканор мекунад. “Дар ин гуна маворид додрас манофеи ҳукумати иҷроияро ҳимоят мекунад, на қонун ва ҳуқуқи гумонбарҳоро”,- гуфта мешуд дар санад.
Ду омили асосӣ
Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки дар кишварҳои худкома низоми додгоҳӣ дар ин гуна маворид вижагии худро дорад ва маъмулан нақши ду омилро мебозад: "Омили якум ин вафодорӣ. Агар одам вафодор бошад, хеле аз гуноҳҳои ӯро мебахшанд. Агар содиқ набошад, пас дар баробари ӯ равишҳои хеле сахт татбиқ мешавад. Ин пеш аз ҳама ба мансабдорон марбут аст. Агар онҳо вафодор бошад, ҳатто агар гуноҳ ҳам кунанд, танҳо ба кори дигар таъин мешаванд ва агар бисёр сахт гиранд аз мансаб барканор мекунанд. Омили дувум ин наздикӣ ба ин ё он доира. Агар мансабдор дар боло “таға” (ҳомӣ) ва робита дошта бошад ва ё дар ширкати одамони пурнуфузе кор кунад, пас мутаносибан ӯ ё ҷазои сахт намегирад ё ҳатто аз тафтишот берун мемонад”,-мегӯяд Муллоҷонов.
Ба гуфтаи ӯ истисноҳое ҳам ҳаст, ки зидди мансабдорон иттилоъ ҷамъоварӣ мешавад, вале то замоне ин мансабдор аз "боло" ҳимоя мешаванд, ин маълумот рӯ намезанад.
Раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон Бахтиёр Ҳамдамов ба ин андеша розӣ нест. "Ман ба ин чиз розӣ нестам, чунки одамоне, ки ба фурӯши замин даст заданду ба коррупсия, ба корҳои ғайриқонунӣ даст заданд, бо вуҷуди он, ки дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ кор мекарданд, аз ҳокимияти маҳаллӣ то боло ба ҷавобгарии сахт кашида мешаванд", - мегӯяд Ҳамдамов.
Ӯ бар ин аст, ки қонун нисбати ҳама яксон татбиқ мешавад, вале мақомоти тафтишотӣ бояд бо истифода аз бо равишҳои пешгирикунанда роҳи ҷиноятҳоро гиранд ва маҳрум кардани аз озодӣ бояд ҳолати истиноӣ бошад.