Баъд аз як моҳи ба сари кор омадани “Толибон” дар Афғонистон ва эълони аъзои ҳукумати нав, ба назар мерасад, ихтилофи миёни амалгароён ва идеологҳои ин гурӯҳ сахттар мешавад.
Аъзои ҳукумати “Толибон” рӯзи 7-уми сентябри имсол расонаӣ шуд. Он бештар ҳайатеро ба ёд меорад, ки дар солҳои 90-ум дар сари қудрат буд ва бо ваъдаҳои ин гурӯҳи муҳофизакори исломӣ дар мавриди ташкили як ҳукумати фарогир аз намояндагони қавму гурӯҳҳои гуногун зид мебошад.
Бародар гуфт, "зиндаву саломат" аст
Тамоми ҷараёнҳои охир дар пушти саҳна мегузарад, аммо баъд аз эълони аъзои нави ҳукумати "Толибон" овозаҳое паҳн шуд, ки барои тақсими қудрат дар қасри президент як моҷарое пеш омадааст ва гуё раҳбари ҷиноҳи ба истилоҳ амалгароҳо, Мулло Абдулғанӣ Бародар, кушта шудааст.
Шиддати овозаҳои паҳншуда боис шуд, ки шоми 15-уми сентябр дар як мусоҳибаи мухтасари видеоӣ иддао дар бораи захмӣ ё кушта шуданашро рад кард. Ӯ дар мусоҳиба бо Телевизиони миллии Афғонистон гуфт: “Ман аз Кобул берун рафта будам ва ба расонаҳо дастрасӣ надоштам, то ин хабарҳоро рад кунам”.
Бародар раҳбари ҳайати музокиракунандаи “Толибон” бо Амрико буд. Баъди аз Афғонистон рафтани нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ дар поёни моҳи август ва ишғол шудани Кобул аз ҷониби “Толибон”, ӯ нахустин намояндаи расмии “Толибон” буд, ки эҳтимоли ташкили як ҳукумати фарогирро ба забон овард. Вале эълони аъзои нав бисёриҳоро ноумед кард.
Дар ҷаласаи ҳукумати “Толибон” чӣ гузашт?
Нишонаи дигаре, ки аз бозгашти тундгароҳо аломат медиҳад, бар ивази парчами миллии Афғонистон барафрошта шудани парчами сафеди “Толибон” дар қасри президент мебошад. Як мансабдори “Толибон” бо шарти фош нашудани номаш гуфтааст, тасмими ниҳоӣ дар заминаи шаклу намуди парчам ҳанӯз қабул нашудааст.
Дар заминаи мубориза барои қудрат ду шахси огоҳ ба шарти пинҳон мондани номашон гуфтанд, ки моҷарое баъд аз таҳияи феҳристи аъзои ҳукумат сар зад. Ба нақли онҳо, як узви кабинаи вазирони “Толибон” вазифаи гирифтаашро ҳамон замон рад кард ва гуфт, дар ин ҳукумат танҳо “Толибон” узв буда, намояндагони ақаллиятҳои қавмиву динӣ шомил нестанд.
Сухангӯйи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид вуҷуди ихтилоф дар миёни раҳбарияти созмонро рад кард. Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии “Толибон”, овозаҳоро “як таблиғот” номид ва инкор кард.
Айни замон, худи Бародар зоҳиран аз иҷрои вазифаи калидӣ дур аст. Масалан, дар оғози ҳафтаи ҷорӣ, вақте муовини нахуствазир ва ҳам вазири корҳои хориҷии Қатар Шайх Муҳаммад Бин Абдураҳмон ас-Сонӣ, баландтарин мақоми давлати хориҷӣ ва ҳам намояндаи кишвари мизбони “Толибон”, ба Кобул рафт, Бародар дар қасри президент ҳузур надошт.
Худи Бародар рӯзи чаҳоршанбе гуфт, дар ин ҷаласа бо он сабаб ҳозир нашуд, ки дар бораи сафари вазири корҳои хориҷии Қатар хабар надошт. Бародар гуфт, “аллакай аз Кобул рафта будам ва баргашта наметавонистам”.
“Ихтилофҳои бештар дар пеш аст”?
Чандин мақоми огоҳ аз Мулло Абдулғанӣ Бародар ба хабаргузории The Associated Press гуфтанд, ӯ дар вилояти Қандаҳор барои мулоқот бо раҳбари “Толибон” Ҳибатулло Охундзода рафтааст. Як намояндаи дигари “Толибон” гуфт, Бародар барои дидани хешовандонаш ба Қандаҳор рафт, чун 20 сол боз онҳоро надидааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Латифи Пидром: "Бояд давлати ғайримутамаркиз сохта шавад, чун ҷомеа бисёрқавмист". ВИДЕОВале айни замон, таҳлилгарон мегӯянд, агар ҳам миёни раҳбарияти “Толибон” ихтилофҳое вуҷуд дорад, ба худи ин гурӯҳ феълан таъсири ҷиддӣ нахоҳанд расонид.
Майкл Кугелман, муовини раиси барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Вашингтон мегӯяд, “давоми солҳои дароз дидем, ки бо вуҷуди ихтилофҳо, “Толибон” ба ҳайси як сохтори муттаҳида мемонад ва қарорҳои муҳим баъди кадом фишоре боз ҳам бетағйир мемонанд”.
Ӯ афзуд, “ихтилофҳои кунунӣ ҳалшаванда ҳастанд. “Толибон” дар масоиле ба монанди таҳқими қудрат, қонунӣ кардани он ва ҳалли чолишҳои калони сиёсӣ таҳти фишор қарор хоҳанд гирифт. Агар ин ҳама талошҳо ноком шуд, ин ташаккули таҳти фишор бо ихтилофҳои афзоянда рӯбарӯ мешавад”.
Аз сӯйи дигар, баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳалли ихтилофҳои кунунии “Толибон” бидуни як раҳбари қавииродае ба мисли Мулло Умар, ки садоқати комилро тақозо мекард, имконнопазир мешавад.
Як моҳи “Толибон” ва қудрат
Як моҳ баъд аз таҳти назорат даровардани аксар қаламравҳои Афғонистон ва эълони таъсиси “аморати исломӣ”, ба андешаи таҳлилгарон, “Толибон” натавонистаанд аз як гурӯҳи ҷангӣ ба як ҳукумати амалкунанда табдил шаванд.
Масато Тория, муҳаққиқи масоили Афғонистон дар Донишгоҳи Токио, мегӯяд, набудани малакаи мудирият ва ғарқи ихтилофҳои сиёсӣ будани аъзои он “Афғонистонро торафт ба як ҷанги шаҳрвандӣ наздик мекунад”.
Ба қавли таҳлилгарони мустақил, шикоф дар миёни шабакаи Ҳаққонӣ, пойгоҳаш дар шарқи Афғонистон ва ҳаммуассисони “Толибон”, ки пойгоҳашон Қандаҳор – дар ғарби ин кишвар аст, бештар мешавад. Уилям Далраймпл, муҳаққиқи қавми паштун, мегӯяд, “ишғол кардани як кишвар ҳамеша бахши осони кор аст. Мудирияти он, бахусус Афғонистон, кори хеле мушкил аст”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ТАҲЛИЛ: "Толибон" дар давлатсозӣ ягона мемонанд ё ба қабилаҳо ҷудо мешаванд?Чолиши азиме, ки дар баробари “Толибон” истодааст, ин дастрасӣ ба захираҳои пулӣ ва 9 миллиард доллари бандшуда дар Амрико аст. Ба қавли дабири кулли СММ Антонио Гутерреш, вазъи башарӣ дар Афғонистон бӯҳронӣ мешавад ва гуруснагиву фақр мушкилест, ки базудӣ домони сокинони ин кишварро хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, “Толибон” аллакай гуфтаанд, бисёре аз бонувони соҳиби кор хонанишин мешаванд. Вокуниши “Толибон” ба эътирозҳои зидди онҳо тунду хашин аст. Таҳлилгарон мегӯянд, дар як моҳе, ки гузашт, гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон натавонист, аз имтиҳони ҷиддии мудирият гузарад ва бар ивази таваҷҷӯҳ ба эҳёи кори сохторҳои давлативу иҷтимоӣ, барояшон таҳияи хадамоти оддиву бунёдӣ мушкил мебошад.
“Дуздон нопадид шуданд, нон ҳам “гум” шуд”
Хабаргузории Reuters менависад, баъд аз чиҳил сол ҷангу кушта шудани ҳазорҳо нафар, гуё вазъи амниятӣ дар Афғонистон нисбатан муътадил шудааст, вале хушксоливу гуруснагӣ ҳамоно бисёриҳоро дар фикри тарки ин кишвар андохтааст.
Як гӯштфурӯше аз Кобул ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, “вазъи амниятӣ ҳоло каме беҳтар аст, вале мо як тин ҳам кор намекунем. Ҳар рӯз аз пешина бадтар мешавад.” Як дӯкондори дигаре гуфт, “дуздон нопадид шудаанд, вале нон ҳам нопадид шудааст”.
Бонкҳои кишвар маҳдудияти додани пулҳои нақдро риоя карда, ба дасти як нафар ҳафтае на бештар аз 200 доллар ва ё 20 ҳазор афғонӣ медиҳанд. Пушти дари бонкҳо навбати дароз ба вуҷуд омадааст.