Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Эътироф нахоҳад кард!” Рамзу рози изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Афғонистон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти вазирони умури хориҷии Созмони Ҳамкориҳои шанхай, 14 июли соли 2021.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти вазирони умури хориҷии Созмони Ҳамкориҳои шанхай, 14 июли соли 2021.

Раҳбарии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон нахустин шуда эътирофи ҳукумати яккасолории Толибонро рад кард. Дар пушти ин изҳороти ҷиддии Душанбе чист ва мақомоти Тоҷикистон бо ин гуна шартгузориҳо бар Толибон рӯйи чӣ ҳисоб кардаанд?

Номуайянӣ дар равобити Душанбе ва Аморати Исломии Афғонистон, ки рӯзи 15 август Кобулро гирифт, зоҳиран ба поён мерасад аммо наздикшавии режимҳои сиёии ҳамсояро дар пай надорад. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шарҳи мулоқоти рӯзи 25-уми августи раисҷумҳур бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон гуфт: " Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба даст кашидани Толибон аз ваъдаҳои қаблияшон дар мавриди ташкили ҳукумати интиқолӣ бо ҳузури густурдаи нерӯҳои сиёсии кишвар ва омодагии онҳо барои таъсиси як аморати исломӣ ишора кард. Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки низоми давлатӣ дар кишвари ҳамсоя бояд бар асоси иродаи мардум муайян карда шавад ва ба ҳукумат бояд ҳамаи ақаллиятҳои миллии кишвар, аз ҷумла тоҷикон шомил шаванд, ки ба гуфтаи ӯ, 46% аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуд ё ба шарофат?

Дар тамоми давраи фаъол шудани Толибон, Тоҷикистон ягона ҳамсояи Афғонистон буд, ки бо ин гурӯҳ, ки дар кишвар террористӣ эълон шудааст, тамос барқарор накард. Аммо мавқеи расмии Маскаву Пекин, ки бо Толибон равобит доранду шарикони стратегии Душанбе ҳастанд, эҳтимол мақомоти Тоҷикистонро аз изҳори назарҳои шадид боз дошта буд.

Аксари коршиносон тахмин мезаданд, ки Душанбе дар мавриди эътирофи ин гурӯҳ бо вобастагиҳое, ки аз Русия ва Чин дорад, ба эҳтимоли зиёд рӯйи ҳамин кишварҳо ҳисоб хоҳад кард. Аммо президенти Тоҷикистон дар арзёбии худ аз шарикони наздиктаринаш пеш гузашт.

Коршиноси равобити байналмилалӣ, дотсенти ДМТ Фаррух Салимов мавқеи роҳбарияти Тоҷикистонро мушаххасу ошкоро меномад, ки ҳадафи он эҷоди сулҳу суботи дарозмуддат дар Афғонистон аст. "Мавқеи хеле мушаххаси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадди аққал аз рӯзномаи вохӯриҳои минтақавии дуҷониба ва бисёрҷониба ва тавре ки мо медонем Тоҷикистон ҳам дар СҲШ ва ҳам дар СПАД раисӣ мекунад, ҳамаи маневрҳои дипломатиро дур карда мавқеъ моро мушаххасан ба шарикони мо дар доираи ин созмонҳо ва берун аз онҳо мерасонад”, -- мегӯяд Салимов.

Ба гуфтаи коршинос, мавқеи изҳоршуда маънои қатъи равобит бо Афғонистонро надорад, ин шартест, ки аз татбиқи он сатҳ ва дараҷаи равобити мо бо ҳукумати нави Афғонистон вобаста хоҳад буд. Маскав низ ба сулҳу субот дар ин кишвар манфиатдор аст ва таъсиси ҳукумати фарогир аз муҳимтарин чораҳо барои расидан ба онҳо мебошад, ки дар бораи президенти Русия изҳор дошт.

Ҳамин гуна арзёбиро устоди Донишгоҳи Қазоқистону Олмон Рустам Бурнашев низ дорад, ва бар ин бовар аст, ки изҳороти Эмомалӣ Раҳмон мантиқист ва бозгӯкунандаи андешаҳоест, ки амалан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ доранд. "Ягона вижагӣ дар таваҷҷуҳи хос ба нақши тоҷикон аст, аммо ин қобили пешбинӣ буд, зеро Тоҷикистон ягона давлати тоҷикон аст, ки ба мушкилоти тоҷикон, хусусан дар кишвари ҳамсоя вокуниш нишон медиҳад", - мегӯяд Бурнашев.

Мавқеи бозигарон

Фиристодаи хоси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кабулов борҳо изҳор доштааст, ки Маскав барои ба расмият шинохтани режими Толибон шитоб нахоҳад кард, вале ба равобити дӯстона бо Толибон умед мебандад.
Тибқи иттилои хадамоти истихборотии Амрико, Чин ният дорад Толибонро ба унвони қудратии қонунии Афғонистон бишносад, вале ҳоло тавонмандии онҳоро барои зери контрол гирифтани кишвар назорат мекунад.

Вошингтон борҳо изҳор доштааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ Толибонро дар сурати зӯран ба қудрат расидан эътироф нахоҳад кард. Пештар ИА ва Конодо низ гуфтанд ҳокимияти Толибонро ба расмият намешиносанд. Режими пешинаи Толибонро (1996-2001) танҳо Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб эътироф карда буданд.

Мавқее, ки бо Маскав мувофиқа шуда буд?

Пеш аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон, Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои СПАД, ки 23 август онлайнӣ баргузор шуд ширкат кард ва худи ҳамон рӯз бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ дошт. То ин муддат, 18 август ӯ бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат карда буд. Меҳвари аслии баррасиҳо вазъи ноороми Афғонистон буд.

Аммо "сахтгирӣ" -и Душанбе дар арзёбии худ, ба гуфтаи бархе аз коршиносон, шояд мавқеи мустақил набошад. «Шадидан эътироф накардани Толибон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон низ метавонад мавқеи мувофиқашуда бошад. Ин як навъ паёми тӯлонимуддат (нисбатан, албатта) дар бораи зарурати ташкили ҳукумати эътилофии мавриди ниёз аст”,-менависад шарқшинос ва коршиноси рус дар умури Афғонистон, Александр Князев дар телеграмканали худ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ аз Афғонистон таъкид мекунад, ки намояндагони муқовимати кунунии Панҷшер бо хадамоти махсуси Русия ва низомиён робита доранд ва ҳатто қабл аз он ки Толибон Кобулро ишғол кунанд, моҳи июл бо онҳо дар Душанбе мулоқот карданд. Таъйид ва ё рад кардани ин иттилоъ номумкин ба назар мерасад.

24 август, президенти Русия Владимир Путин дар анҷумани ҳизби "Русияи воҳид" эълон кард, ки кишвараш ба Афғонистон мудохила нахоҳад кард, хусусан нерӯи мусаллаҳе он ҷо ворид намекунад.

Ҳадсу гумон

Андрей Казансев, коршиноси рус дар умури Осиёи Марказӣ, мегӯяд, нақши нави Раҳмон метавонад барои Маскав ва Пекин ҷолиб бошад. "Шояд Раҳмон ба пуштибонии то андозае пинҳонии Ҳинд умед мебандад (ки ҳамеша мехост, ки Тоҷикистонро зери қаноти худ бигирад ва аз зери нуфузи чиниҳо берун бикашад) ё қисман ба Эрони аз лиҳози фарҳангӣ наздик ва эҳтимолан Туркия (ки ахиран ба Тоҷикистон ҳатто низомиёни Туркия омада буданд). Ҳамчунин ӯ мехоҳад ҷуфти “пулиси бад” барои Толибон ва ҳамаи боқимонда бошад. Масалан, як "пулиси хуб" сафири Русия Жирнов аст, агар Толибон ба ваъдаҳои пойбанд бимонанд ва пулиси бад - раиси СПАД Раҳмон, агар Толибон ҳамаро фиреб диҳанд. Усулан ин нақши Раҳмон метавонад ҳам барои Русия ва ҳам барои Чин (Си Тзинпин дар гуфтугӯ бо Путин ба таври нарм талаботи нисбатан сахтеро барои Толибон бо Маскав, комилан дар руҳияи чинӣ, тавофуқ кард) ва ҳатто барои Амрикову муттаҳидонеаш, ки аз Афғонистон хориҷ мешаванд, муфид бошад. Аммо, такрор мекунам, ҳамаи ин фарзия аст, шояд ин тавр набошад ... ”, - навиштааст коршинос дар саҳифаи худ дар Фейсбук.

Толибон рӯзи 15 август вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуданд ва аз назорати комил бар қаламрави ин кишварро хабар доданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк ва ба АМА фирор кард.
Толибон аз ҷорӣ шудани қонунҳои шариат хабар доданд, аммо итминон доданд, ки ба занон иҷозаи таҳсилу кор дода мешавад. Онҳо инчунин ваъда доданд, ки Афғонистонро ба як кишвари бидуни маводи мухаддир табдил медиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, эътирофи низоми “Толибон” аз иҷрои ин ваъдаҳо вобаста аст.

XS
SM
MD
LG