Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо: "Аҳмади Масъуд ба нишасти Иттиҳоди Аврупо даъват шавад"


Аҳмади Масъуд
Аҳмади Масъуд

Дар ҳоле, ки масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо мегуяд, роҳе ҷуз музокира бо Толибон дар Афғонистон вуҷуд надорад ва Бруссел дар садади ҳамоҳангӣ бо аъзои Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси намояндагии ин иттиҳод дар Кобул аст, Порлумони Аврупо бо судури як қатънома хостори даъвати Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба нишасти Порлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо шудааст.

Порлумони Аврупо дар қатъномае дар бораи Афғонистон аз хушунатҳои Толибон интиқод карда ва аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба ҷаласаи худ даъват кунад. Дар қатъномаи Порлумони Аврупо омадааст, ки Покистон тавассути нерӯҳои вижа ва пуштибонии ҳавоӣ, ба ҷангиёни Толибон алайҳи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер кӯмак кардааст.

Аҳмад Масъуд нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Панҷшер раҳбарӣ мекунад. Толибон мегуянд, ки Панҷшерро тасарруф кардаанд. Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ки 60 дарсади Панҷшерро дар ихтиёр дорад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷозеп Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбеи 14-уми сентябр ба риояи ҳуқуқи башар дар Афғонистон таъкид кард ва афзуд, ки барои таъсир гузоштан дар ин робита, ҳеҷ гузина ё интихобе ҷуз робита бо Толибон вуҷуд надорад.

Аз замони тасарруфи Кобул аз сӯи гурӯҳи тундрави Толибон, кишварҳои ғарбӣ ба хотири масоили ҳуқуқи башар, аз барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ бо Толибон худдорӣ кардаанд ва ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашнохтаанд.

Бо вуҷуди ваъдаҳои Толибон, ки гуфтанд аз мухолифони худ интиқом намегиранд, дар як моҳи ахири пас аз суқути Кобул, гузоришҳои зиёде аз боздошт, шиканҷа ва қатли мухолифон аз сӯи ин гурӯҳ нашр шудааст.

Толибон ҳамчунин қонун ва муқаррароти сахт дар нисбати занони ин кишвар ҷорӣ кардаанд, ки намунаи он, мамониат аз кори занон дар ҷойҳое аст, ки мардон онҷо ҳузур доранд.

Ҷозеп Боррелл ҳамчунин ба намояндагони порлумони Аврупо гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд омодагии қабули афғонҳоеро дошта бошад, ки иҷозатномаи хуруҷ аз Афғонистонро дарёфт кардаанд. Ӯ гуфт, бо ин ҳол интизор намеравад сели паноҳандагон ба андозаи соли 2015 бошад.

Иттиҳоди Аврупо дар назар дорад 355 миллион евро дар соли ҷорӣ ва оянда барои ҷой додани 30 ҳазор паноҳандаи афғон ҷудо кунад.

Дар Конфронси байналмиалии кӯмаки молӣ ба Афғонистон, ки аз рузи душанбеи 13-уми сентябр дар Женева оғоз шуд, кишварҳои ҷаҳон ваъда доданд, ки беш аз як миллиард доллар кӯмакҳои башардустона дар ихтиёри мардуми Афғонистон қарор диҳанд.

XS
SM
MD
LG