Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАҲЛИЛ: "Толибон" дар давлатсозӣ ягона мемонанд ё ба қабилаҳо ҷудо мешаванд?


Ҳайати "Толибон" ба раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар. Шаҳри Маскав, моҳи майи соли 2019
Ҳайати "Толибон" ба раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар. Шаҳри Маскав, моҳи майи соли 2019

Рон Синовитс

Акнун, ки толибҳо сохтори ҷангии худро ба ҳукумати Афғонистон табдил медиҳанд, ягонагии онҳо бо имтиҳоне рӯбарӯ мегардад.

"Гирифтани кишваре ҳамеша бахши осони кор аст. Ҳукмронӣ ба он, дар мисоли Афғонистон, басе мушкилтар. Он пайтест, ки шиддат ва ҷудоиҳо рӯнамо мешаванд", – гуфтааст Вилём Далримпл, донандаи тақсимоти қабилавии паштунҳо.

Ин гуна нест, ки тақсимоти қабилаҳо доимӣ бошад. Иттифоқҳо ва савгандҳои садоқат метавонанд, моҳ ба моҳ, ҳафта ба ҳафта дигар ёбанд. Аммо хатҳои бунёдии тақсимот хеле рӯшану возеҳанд.
Вилём Далримпл

Коршиноси умури амниятии Афғонистон, Тэд Каллаҳан, мегӯяд, тасмимҳое, ки ҳоло "Толибон" дар боби давлатдорӣ мегиранд, ягонагӣ ё ҷудоии онҳоро нишон хоҳад дод. Каллаҳан ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимоли зуҳури хонигариҳои "Толибон" чизест, ки ҳоло ӯ ва бисёр коршиносони дигар чашмдоранд.

"Парокандагӣ", ба гуфтаи Далримпл, пас аз шикасти Шӯравӣ дар соли 1989 ба сари муҷоҳидини Афғонистон ҳам омада буд. "Ҷангсолорони минтақаӣ оқибат душмани ҷонии ҳамдигар шуданд", – мегӯяд ӯ бо ишора ба ҷанги дохилии оғози солҳои 1990. "Аз эҳтимол дур нест, ки айни чиз ҳоло боз такрор шавад [дар байни ҷиноҳҳои Толибон]. Вале ин пурсишест, ки алҳол касе посухашро надорад."

"Ончӣ бисёре аз нозирони ғарбиро ҳайрон кардааст, ин аст, ки чӣ тавр "Толибон" то ҳоло ягона ва муназзам мондаанд", – мегӯяд Далримпл ба Радиои Озодӣ. "Ақидаи роиҷ ин буд, ки Толибон чандпорча ва парокандаанд. Вале мо дар ду моҳи охир дидем, ки онҳо як назму тартиби зиёд ва зиддияти ками қабилавӣ нишон медиҳанд", -- афзуд ӯ.

Тақсимбандии ҷиноҳӣ

Пас аз марги раҳбари “Толибон”, Мулло Умар, дар соли 2013 байни Шӯрои Квета ва фармондеҳони шарқӣ ҷудоӣ афтод. Дар натиҷа, онҳо ҳам дар Афғонистон ва ҳам Покистон ба Шабакаи Ҳаққонӣ ва Шӯрои Квета тақсим шуданд. Шабакаи Ҳаққонӣ, ки зидди Шӯравӣ низ ҷангида буд, тарафдори сарсахти авҷ додани ҷанг буда, аммо раҳбарони муътадили “Толибон” дар Квета роҳи оштиро бо Кобул ва Исломобод меҷустанд.

Нишонаҳои ихтилоф дар моҳи майи соли 2014 аён шуд, вақте ки раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ Сироҷиддин Ҳаққонӣ ба пайравонаш амр дод, то фармонҳои Шӯрои Кветаро иҷро накунанд.

Мулло Умар, раҳбари пешини "Толибон", соли 2013 кушта шуд
Мулло Умар, раҳбари пешини "Толибон", соли 2013 кушта шуд

Ҳамзамон, Мулло Муҳаммад Яъқуб – писари калонии Мулло Умар – аз шариконаш дар Шӯрои Квета хост, орзуи шахсии ӯ -- раҳбари ягона ва олии “Толибон” шуданро пуштибонӣ намоянд.

Ҳаққонӣ зидди ин талошҳои Яъқуб буд ва чунин ба назар мерасид, ки “Толибон” дар остонаи парокандагиянд. Аммо ин зиддият бо сохтани силсилаи нави раҳбарӣ, муваққатан ҳам бошад, ҳал шуд. Яъне се мансаби сарварӣ дар зери раҳбари олӣ, аммо болотар аз Шӯрои Квета таъсис дода шуд, ки як навъ баробариро ба миён овард.

Мулло Яъқуб сардори амалиёти ҳарбӣ дар 13 вилояте таъин шуд, ки "минтақаи ғарбӣ"-и Толибон ном гирифт. Пойтахти анъанавии Толибон – Қандаҳор дар ҳамин минтақа аст. Ва Ҳаққонӣ сарвари амалиёти ҷангӣ дар 21 вилояти "минтақаи шарқӣ"-и Толибон таъин шуд. Ҳоло ҷангҷӯёни ӯ Кобулро дар даст доранд.

Ҳарду раҳбар дар минтақаи таҳти назорати худ ҳақ доранд, мансабдоронро дар ҳамаи сатҳҳо таъйин кунанд.

Вазифаи раҳбари сеюм ва масъули сиёсӣ ба яке аз бунёдгузорони Толибон Абдулғанӣ Бародар дода шудааст. Вай узви Шӯрои Квета буд ва пеш аз он ки раиси дафтари Давҳа (Доҳа) шавад, бо дархости Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2018 аз зиндони Покистон озод гардид.

Аммо таҳлилгарони зиёде ба таъсири Бародар болои фармондеҳон ва ҷангҷӯёни маҳаллӣ, ки асоси қудрати Толибонанд, шубҳа доранд.

Абдулғанӣ Бародар
Абдулғанӣ Бародар

Бозтақсими ҳокимият миёни раҳбарон ҳарчанд шиддати байни онҳоро паст кард, нишонаҳои зиддият байни Шабакаи Ҳаққонӣ ва Шӯрои Квета бори дигар замоне рӯ зад, ки ҳайати музокиракунандаи Бародар моҳи феврали соли 2020 бо Иёлоти Муттаҳида созиши сулҳ имзо намуд.

Антонио Гиустоззӣ, толибшиноси Донишкадаи Royal United Services дар Лондон, ҳамлаҳои охири соли 2020-ро ба Кобул кори Шабакаи Ҳаққонӣ медонад, ки бе иҷозати Шӯрои Квета сурат гирифта, зиддияти байни ду ҷиноҳро ошкор карданд.

Рақобати қабилаҳо

Далримпл мегӯяд, ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд, ояндаи кори Толибонро фаҳмида ё пешгӯӣ карда тавонанд, бояд сохтори қабилаҳои Афғонистон ва рақобатҳои қадимии байни қабилаҳои паштунро омӯзанд.

"Дар тамоми тӯли таърихи Афғонистон ҳамбастагии қабилаҳо ба мисли рангомезии калейдоскоп нав ба нав шуда, гурӯҳҳои гуногун бо ҳам пайваста ё аз ҳам рехтаанд," – мегӯяд Далримпл ба Радиои Озодӣ. "Аммо барои фаҳмидани ин равиш донистани он муҳим аст, ки ин паймонҳо то кадом андоза ба сарҳади қабилаҳо рост меоянд."

"Агар Шумо тақсимбандии қабилаҳоро ба ҳисоб нагиред, фаҳмида наметавонед, ки дар Афғонистон чӣ мегузарад," – мегӯяд Далримпл. "Ин гуна нест, ки тақсимоти қабилаҳо доимӣ бошад. Иттифоқҳо ва савгандҳои садоқат метавонанд, моҳ ба моҳ, ҳафта ба ҳафта дигар ёбанд. Аммо хатҳои бунёдии тақсимот хеле рӯшану возеҳанд."

Далримпл хулоса мекунад, ки “хатти калидии ҷудоӣ”, ки ояндаи раҳбарияти Толибон ба он бастагӣ дорад, рақобати чандасраи байни қабилаҳои паштунии Дурронӣ ва Ғилзай аст, ки қарнҳо пеш аз зуҳури Толибон вуҷуд доштааст. Ба таври умум, Далримпл мефаҳмонад, ки қабилаи Дурронӣ таърихан сарватмандон, яъне "ашрофҳо ва заминдорон" будаанд, дар ҳоле ки Ғилзайҳо –“кӯчманчиён, мардикорон ва камбағалонанд."

"Инҳо воҳидҳое ҳастанд, ки бояд онҳоро дар назар дошт ва омӯхт", зеро сохтори нави ҳокимияти Толибон ҳамин ҳоло "мисли як акси лиҳофи полароид дар пеши назари Шумо шакл гирифта истодааст," – мегӯяд Далримпл.

Абдулғанӣ Бародар ва бисёре аз шахсиятҳои калидии Шӯрои Квета аз қабилаи Дурронӣ ҳастанд, ки асосан дар минтақаҳои ҷанубии Афғонистон, дар вилоятҳое ба монанди Қандаҳор, Ҳилманд ва Урузгон ҳузуру зиндагӣ доранд.

Мулло Яъқуб аз қабилаи Ҳотак аст, ки ба шохаи Ҳотаки қабилаи Ғилзай пайванд мегирад. Аммо ӯ ҳам аз ҷануби Афғонистон аст ва бо Толибони Дурронӣ муносибат ва иртиботи қавӣ дорад. Тарафдорони ӯ, аз ҷумла аъзои қабилаи Дурронӣ, бар онанд, ки Мулло Яъқуб бояд вориси табиии раҳбарии олии Толибон бошад.

Таҳти фармондеҳии Мулло Яъқуб ҷангҷӯёнаш минтақаеро тасарруф карданд, ки дар он Толибон таъсис ёфта буд ва ҳоло инчунин шаҳрҳои Қандаҳору Ҳирот, вилояти Ҳилманд, гузаргоҳи Спин Болдак ба Покистон, тамоми марзи Афғонистон бо Эрон ва марзро бо Туркманистон таҳти назорат доранд.

Ин ҷангҷӯён ҳангоми забт кардани фурудгоҳи Қандаҳор дар ҷануб ва фурудгоҳи Шиндад дар вилояти Ҳирот таҷҳизоти мураккаби низомии Амрикоро аз дасти нерӯҳои давлатии Афғонистон кашида гирифтаанд.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз авлоди Задрани қабилаи Ғилзай аст. Пойгоҳи қудратии ӯ дар вилоятҳое ба мисли Хост ва Пактиё дар ҷанубу шарқии Афғонистон ҷо гирифтааст ва инчунин дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолии Покистон. Ҳаққониро қудратмандтарин фармондеҳи ҷангҷӯёни Афғонистон медонанд. Ҳамчун сарвари шабакаи машҳури Ҳаққонӣ, ҳоло қаламраве дар дасти ҷангиёнаш ҳаст, ки ба ғайр аз гузаргоҳҳои калидӣ дар шимолу ғарби Покистон, Узбекистон ва Тоҷикистон боз шаҳри Кобул ва шаҳри шимолии Мазори Шарифро дар бар мегирад.

Ҳамчунин вақте фурудгоҳи Багром дар шимоли Кобул ва дигар посгоҳҳои низомии шимоли Афғонистонро ҷангҷӯёни Ҳаққонӣ ишғол карданд, миқдори зиёди аслиҳаи ҷангии Амрикоро аз дасти нерӯҳои амниятии Афғонистон, аз ҷумла зиреҳпӯшҳо ва ҳавопаймоҳоро ғасб карданд.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун як қочоқбари байналмилалии маводи мухаддир ва расман ҳамчун раҳбари гурӯҳи террористӣ таҳрим шудааст ва ҳам иддао бар он аст, ки ӯ робитаи хеле мустаҳками Толибонро ҳам бо шабакаи террористии Ал-Қоида ва ҳам бо Оҷонси Байнихадамотии Ҷосусии Покистон (ISI) дар дасти худ дорад.

Бино бар натиҷагирии таҳлилгари амниятӣ Каллаҳан фаъолияти Ҳаққонӣ ва ҷангиёни ӯ зиёдтар аз ҳама гуруҳҳои дигари Толибон ба манфиатҳои давлати Покистон фоидаовартар будааст.

Сохтори нави ҳукумат

Гуфтушуниди Толибон барои ташкили ҳукумати нав ҳамчунин баъзе аз мансабдорон ва шахсиятҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла президенти пешини кишвар Ҳомид Карзайро дар бар мегирад, ки аз қабилаи Попалзайи паштунҳои Дурронӣ аст. Дар як паёмаш дар Твиттер Карзай гуфтааст, ӯ аз Толибон даъват карда буд, ҳукумати "фарогири ҳама" ташкил кунанд.

Толибон ҳанӯз барномаҳои васеътари худро бобати тарзи мудирияти давлат ва он ҳам дар пешорӯи як ҷанги партизанӣ эълон накардаанд, аммо баъзе тафсилоти он рӯ бар ошкор шудан дорад.

Ваҳидуллоҳ Ҳошимӣ, як мақоми баландпояи Толибон, ки бо раванди тасмимгириҳои рӯз ошност, тарҳи сохтори қудратро чунон муаррифӣ кардааст, ки ба ба тарзи идораи Афғонистон дар солҳои 1996–2001 монандӣ дорад. Он вақт раҳбари олӣ Мулло Умар худро дар канор нишонда, кори рӯзмарраи кишварро ба як шӯрои ҳокимон вогузошта буд.

Ҳошимӣ ба хабаргузории «Ройтерз» гуфтааст, раҳбари феълӣ Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода эҳтимол бар садри ҳама аъзои Шӯрои нави ҳокимон хоҳад монд ва он шӯро як мақоми ниҳоӣ дар ҳама масоили динӣ, низомӣ ва сиёсӣ хоҳад шуд. Аммо Ҳошимӣ як фарқи калидиеро аз режими Толибони даврони Мулло Умар ошкор кардааст. Ӯ гуфт, шояд як вазифаи наверо таъсис додан мумкин аст, ки ҳамчун як навъ вазифаи "президент" амал хоҳад кард.

Ҳошимӣ гуфт, рутбаи ин вазифа бояд дар садри шӯрои ҳоким бошад ва он барои пешбурди кори ҳамарузаи ҳукумат амал кунад, дар ҳоле ки Охундзода метавонад фармонҳояшро аз паси парда барорад.

Аз миёни се раҳбари феълии Толибон, Ҳаққонӣ зоҳиран дар кӯшишҳои муаррифии худ барои гирифтани як мақоми иҷроияи олӣ таҳти раҳбарии Охундзода аз ҳама фаъолтар аст. Азбаски ҷангҷӯёни Ҳаққонӣ он нерӯе буданд, ки Толибонро 15-уми август ба Кобул раҳнамоӣ карданд, ӯ тавонист амакаш Қоҳил-ур-Раҳмон Ҳаққониро ҳамчун ҷустори эъломияҳои садоқат ба назди чеҳраҳои муҳими сиёсии Афғонистон ва сарварони қабилаҳо фиристад.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ба нақл аз Қоҳил-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ гуфтааст, ки гуё ахирӣ аз Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай, бародари президенти гурезаи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва инчунин аз вазири собиқи марзҳо ва қабилаҳои Ашраф Ғанӣ – Гул Оғо Шерзай эъломияҳои садоқатро гирифтааст.

Қоҳил-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ ҳамчунин иддао дорад, ки гуё аз Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи марҳум алайҳи Толибон, маъруф ба "Шери Панҷшер" Аҳмадшоҳи Масъуд аҳди вафодорӣ гирифта бошад. Ёварони Масъуд тасдиқ мекунанд, ки "музокирот" бо Ҳаққонӣ идома дорад, аммо онҳо исрор мекунанд, ки Масъуд на бо Ҳаққонӣ ва на бо Толибон иттифоқ набастааст.

Масъуд ва дигар шахсиятҳои зидди Толибон, аз ҷумла ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, дар водии Панҷшер дар шимоли Кобул - яке аз қисматҳои ками Афғонистон, ки ҳоло таҳти назорати Толибон нест – як ҳаракати истодагарӣ ба Толибонро бунёд ниҳоданд.

Дар ҳоли ҳозир, рӯзи 24-уми август манобеи Толибон гуфтаанд, ки собиқ маҳбуси Гуантанамо Мулло Абдулқайюм Зокир иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Толибон таъин шудааст. Зокир дар ноҳияи Каҷаки вилояти Ҳилманд ба дунё омада, аз қабилаи Ализой аст, ки як ҷузъи қабилаи калонтари Дурронӣ аст.

Хабаргузории «Пажвок» гузориш медиҳад, ки баъзе аз ашхоси Толибон аллакай ба вазифаҳое чун волии Кобул, сардори хадамоти иктишофӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилӣ ва иҷрокунандаи вазифаи вазири молия таъин шудаанд.

Ҳошимӣ гуфтааст, новобаста ба он ки чӣ низоми роҳбарикунандае дар ниҳоят сохта мешавад ва чӣ касоне ба мақомҳои раҳбарии Толибон таъин мешаванд, ӯ бовар дорад, ки дар Афғонистон ҳеч гуна низоми демократӣ нахоҳад шуд. "Ин ҷо хеч гуна низоми демократӣ нахоҳад буд, зеро дар кишвари мо ин низом ҳеч асосе надорад," – гуфтааст Ҳошимӣ. "Мо ҳеч баҳсе нахоҳем кард дар бораи он ки дар Афғонистон кадом навъи низоми сиёсиро татбиқ мекунем, зеро ин чиз рушану возеҳ аст. Ин низом – қонуни шариат аст ва чизи дигаре нест."

(Бар асоси гузоришҳои Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ омода шудааст, вале номи хабарнигорон барои ҳифзи амнияти онҳо махфӣ мемонад)
XS
SM
MD
LG