Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай умед дорад, ки "Толибон" ҳукумати фарогир ташкил мекунанд


Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон

Президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, умед дорад, ки ҳукумати зери раҳбарии "Толибон" қадам ба қадам фарогир ё ҳамашумул шуда, машруияти худро тақвият мекунад.

Карзай дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ аз Кобул гуфт, ӯ ба даъватҳояш аз "Толибон" идома медиҳад, то ҳукумати худро фарогир намоянд.

Дар ҳоли ҳозир аксар аъзои ҳукумати "Толибон"-ро намояндагони як қавм --паштунҳо ташкил медиҳанд. Намояндагони гуруҳ гуфтаанд, ба ҳайати ҳукумат ду тоҷик ва як узбек низ шомиланд.

Карзай афзуд, "ҳукумати феълии "Толибон" як ҳукумати сарпараст аст. Мо умедворем, ки он ҳамашул хоҳад буд. Ҳанӯз талош дорем, ки ба он муваффақ шавем. Машвараи мо ба бародарони "Толиб"-амон ин аст, ки ҳарчӣ зудтар ҳукумати ҳамашумул ташкил диҳанд, ки ҳамаи афғонҳо худро дар он бинанд ва барои овардани оромӣ ва хидмати беҳтар ба мардуми афғон кумак кунад."

Карзайи 63-сола муддати 13 сол Афғонистонро раҳбарӣ кард. Ӯ дар тирамоҳи соли 2001 баъд аз сарнагунии режими "Толибон" дар Конфронси Бонн раҳбари ҳукумати муваққатӣ таъйин шуд.

Вай дар интихоботҳои президентии соли 2004 ва 2009 барандаи интихоботи президентӣ эълон шуд. Аммо коршиносон ва созмонҳои байнулмилалӣ гуфтанд, баргузории интихоботҳо дар Афғонистон қадами мусбат ба сӯи мардумсолорӣ буд, аммо тақаллубҳои зиёд дар онҳо ҷой дошт.

XS
SM
MD
LG