Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик аз "ёрии кишварҳои севум" ба ҳамлаи "Толибон" дар Панҷшер танқид кард


Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, "ҳама гуна ҳукуматеро, ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад", эътироф нахоҳанд кард
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, "ҳама гуна ҳукуматеро, ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад", эътироф нахоҳанд кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасте бахшида ба қазияи Афғонистон аз амалкарди гуруҳи "Толибон" дар вилояти Панҷшер танқид кард.

Нишаст 8-уми сентябр бо ташаббуси Амрикову Олмон ва бо ҳузури онлайни вазирони корҳои хориҷии чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Покистон, Туркия, Саудӣ, Бритониёву кишварҳои Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт: "Толибон ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боис ба кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад.” Вале ӯ аз ҳеч кишваре ном набурд.

Қаблан расонаҳои ҳиндӣ гузориш доданд, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои “Толибон” ба дараи Панҷшер ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла кардаанд. Дар бисёре аз шаҳрҳои Афғонистон низ эътирозҳо ба зидди Покистон ҷараён дорад.

Сухангӯйи артиши Покистон иддаои ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини кишварашро ба Панҷшер рад кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба “Толибон” таъсир расонанд ва “дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷории Афғонистон мусоидат кунанд.” Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, “ҷомеаи байналмилалӣ тӯли 20 сол натавонист, дар Афғонистон тартибро ҷорӣ кунад ва даҳҳо ҳазор террористро дар ин кишвар ба “мерос” монд.”

Гуруҳи тундрави “Толибон” дар нимаи моҳи августи имсол, пас аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияташ, аксар минтақаҳои Афғонистонро ишғол ва 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро расонаӣ кард. Ҳукумате, ки масъулонаш онро “ҳамашумул”, вале Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон “ғайриқонунӣ” медонад.

То кунун ҳеч кишваре ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст, вале баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Узбекистон, аз ташкили он истиқбол карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 8-уми сентябр дар сомонаи расмияш навишт, "умед дорем, ин тасмим оғози ба даст овардани ризоияти васеи миллӣ ва барқарории сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад буд." Дар идома Узбекистон омодагии худро "барои рушди муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ бо мақомоти нави давлатии Афғонистон" изҳор кардааст.

“Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард”, -- гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 8-уми сентябр дар нишасте, ки бо пешниҳоди Амрикову Олмон баргузор шуд.

Вай рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи дигаре бо пешниҳоди Покистон гуфтааст, "мо ҳама гуна ҳукуматеро, ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳем кард." Дар ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон – Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Покистон, Эрон ва Чин – иштирок доштанд.

Шуморе аз аъзои кобинаи ҳукумати "Толибон" дар "рӯйхати сиёҳ"-и Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Аз ҷумла, сарпарасти вазорати корҳои дохилии ҳукумати "Толибон" Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз сӯи FBI (ФБР) мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Эълони ҳукумати "Толибон" дар ҳоле сурат мегирад, ки шаҳрҳои калони Афғонистон рӯзҳои гузашта шоҳиди тазоҳуроти зиддипокистонӣ ва зидди "Толибон" буданд. Дар чанд ҳолат ҷангҷӯёни "Толибон" ба зидди занони эътирозгар аз гази ашковар истифода карданд ва ба ҳаво тир холӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG