Даъвати Карзай аз "Толибон" ва Ҷабҳаи муқовимат: "Ҷанг захмҳои куҳнаро тоза мекунад"

Харитаи ҷангии Панҷшер

Ҳомид Карзай, президенти собиқи Афғонистон ҳуҷуми "Толибон" ба Панҷшерро “тоза шудани захмҳои кӯҳна” хонда, аз ду ҷониби даргир хостааст, ки мушкилро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд.

Шаби гузашта, пас аз он, ки "Толибон" гуфтанд, музокира бо Ҷабҳаи муқовимати зери раҳбарии Аҳмад Масъуд натиҷа надодааст, аз чор тараф ба Панҷшер ҳамла сурат гирифт. Ҳарду тараф аз пирӯзии ҳамдигар дар ин ҷанг суҳбат мекунанд.

Ҳомид Карзай дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, ки оғози ҷанг дар Панҷшер ба манфиати мардум ва кишвараш нест. “Бо ин далел, аз ҳарду ҷониб даъват мекунам, ки ҷанг танҳо роҳи ҳал нест, вале захмҳои куҳнаро тоза мекунад ва дарди Афғонистонро бештар мекунад. Мушкил бо гуфтугӯ ҳал шавад”, - гуфтааст ӯ.

Рӯзи 2-юми сентябр Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ гуфт, умедвор аст, ки "Толибон" бо Ҷабҳаи муқовимат ба созиш мерасанд. Ӯ гуфт, ки аксари кишварҳои ғарбӣ ва минтақа ҳалли мушкил дар Панҷшерро аз роҳи гуфтугӯ мебинанд.

Ӯ гуфт: “Дар ин ҷо нақши асосӣ мутааллиқ ба муттаҳидони мо дар Тоҷикистон аст. Зеро дар дараи Панҷшер тоҷикони Афғонистон ҳастанд, ки бо намояндагони "Толибон" аз марказ музокира мекунанд ва ман умедворам, ки ин музокирот ба ҳар роҳ қатъ нашавад ва ба натиҷа бирасад. ”

Ҳарчанд, "Толибон" рӯзи гузашта аз қатъи музокирот ва эълони ҷанг хабар доданд, вале мақомоти маҳаллӣ дар Панҷшер мегӯянд, ҷанг чор рӯз пеш оғоз шуда буд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер хабар дод, ки дар ҳамлаи шаби гузашта "Толибон" талафоти ҷиддӣ доданд ва чанд ноҳия аз зери тасарруфи онҳо озод шуд.

Мақомоти Толибон тасдиқ мекунанд, ки “ду-се тан” аз ҷангиёнашон дар Панҷшер кушта шудааст, вале онҳо талафоти бештаре ба Ҷабҳаи муқовимат ворид карда, “пешрафт” кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимат бо раҳбарии Аҳмад Масъуд эълон кард, ки омодаи дифоъ аз Панҷшер ҳастанд ва дар ҳамлаҳои нахуст Толибонро шикаст додаанд.

Барои тасарруфи Панҷшер, ки ягона вилояти берун аз назорати "Толибон" боқӣ мондааст, чор рӯз боз ҷанг давом дорад. Шаби гузашта аз чор тараф ба ин дара аз ҷониби "Толибон" ҳамла сурат гирифт. Ҷанг пас аз он оғоз шуд, ки "Толибон" гуфтанд, ки музокироташон бо Ҷабҳаи муқовимат бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд натиҷа надод.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо нашри аксу видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки шаби гузашта "Толибон" ҳангоми вуруд ба Панҷшер шикаст хӯрданд.

Дар хабарномаи Ҷабҳаи муқовимат гуфта мешавад, ки "Толибон" аз чанд қисмат ба Панҷшер ҳамла карданд. Ба қавли масъулони ин Ҷабҳа, дар ағбаи Ховок бештар аз сад "Толибон" кушта шуд, гуруҳи "Толибон" дар ноҳияи Шотул пурра нобуд карда шуд, дар ағбаи Соланг ҷангиёни ин гуруҳ дар муҳосира қарор доранд. Ҳамчунин, масъулони Ҷабҳаи муқовимат гуфтанд, ки дар пайи пас гардонидани ҳамла "Толибон"-ро аз шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон берун карданд ва чор ноҳияро низ дар Бадахшон ба даст гирифтанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аз тарафи Бадахшон, Тахор, Бағлон ва Лағмон нерӯҳояшонро ба самти Панҷшер фиристодаанд, вале ӯ шикасташонро дар Панҷшер рад кард.

Ӯ иддао кард, ки пас аз натиҷа надодани музокираи сулҳ бо роҳи ҷанг масъаларо ҳал мекунанд. “Аз ҳама тараф нерӯҳои мо вориди Панҷшер шудаанд ва бисёр зуд ҷанҷолҳое, ки он ҷо боқӣ мондааст, аз байн хоҳад рафт. Масъалаи Панҷшер ҳал хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.

Аз ин пеш, шоми 2-юми сентябр Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "Толибон" бисёр талош карданд, ки аз тариқи куҳҳои Ҷаббал Сироҷ вориди ноҳияи Шутули Панҷшер шаванд, аммо талошашон ноком шуд ва ҷасадаҳои онҳо дар майдони ҷанг боқӣ монд.

"Ҳадди ақал 40 ҷасадашонро бо худ бурда натавонистанд ва муйсафедони Ҷаббал Сироҷ ва Гулбаҳорро назди фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат фиристода буданд, ки барояшон иҷоза дода шавад, то ҷасадҳоро интиқол диҳанд. Бинобар далоили инсонӣ, ба онҳо иҷоза дода шуд ва аз субҳи имрӯз ҷанг қатъ шудааст", - афзуд Фаҳими Даштӣ.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рӯзи 3-уми сентябр низ хабар дод, ки даҳҳо ҷангҷӯи "Толибон" ҳангоми вуруд ба Панҷшер кушта шуд ва даҳҳо тани дигарро асир гирифтаанд. Мақомоти Ҷабҳаи муқовимат аксҳое аз талафоти "Толибон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, вале ташхиси дурустии иддаои онҳо феълан мушкил аст. Онҳо ҳамчунин иддао карданд, ки садҳо тан аз ҷангиёни "Толибон" дар муҳосираи онҳо қарор доранд.

Дараи Панҷшер, ки ягона вилояти берун аз тасарруфи "Толибон" аст, дар муҳосира қарор гирифтааст. "Толибон" хадамоти ширкатҳои мобилӣ ва интиқоли барқ ба ин вилоятро қатъ кардаанд. "Толибон", ки рӯзи 15-уми август Кобулро бидуни ҷанг ишғол карданд, ба эълони аъзои ҳукумати худ омодагӣ мегиранд.

Ҳазорон нафар талош карданд, ки аз Афғонистон фирор кунанд. Бархе паноҳандагон вориди хоки Тоҷикистон низ шуданд. Дар як видеое, ки онро телевизиони "Афғонистон Интернейшнал" нашр кардааст, теъдоде аз муҳоҷирон аз ваъзи бади худ дар хоки Тоҷикистон шикоят мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Идомаи даргириҳо дар Панҷшер. Тарафҳо аз ворид кардани талафот ба якдигар мегӯяндҶабҳаи муқовимат бо "Толибон" гуфт, ки чаро музокирот "ноком" шуд. САДОТоҷикистон ба Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ ордени "Исмоили Сомонӣ" дод. Ду назар аз Душанбе. ВИДЕОАҳмад Масъуд: "Ҳукумати фарогир мехоҳем, на мақому мансаб""Иҷоза диҳед, ба ҷанг равем". Вокунишҳо ба паёми ҷавонони Кӯлоб. ВИДЕОТАҲЛИЛ: "Толибон" дар давлатсозӣ ягона мемонанд ё ба қабилаҳо ҷудо мешаванд?