Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ ордени "Исмоили Сомонӣ" дод. Ду назар аз Душанбе. ВИДЕО


Ҳукумати Тоҷикистон ба Бурҳониддин Раббонӣ – президенти пешин ва Аҳмадшоҳи Масъуд – қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи дифои Афғонистон ордени дараҷаи аввали "Исмоили Сомонӣ" дод. Фармон дар ин бора 2-юми сентябр содир шуд. Бурҳониддин Раббонӣ даҳ сол пеш ва Аҳмадшоҳи Масъуд бист сол қабл кушта шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон далели тақдими унвони олиро ба Раббонӣ ва Масъуд "мусоидат ва миёнҷигарии онҳо ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфт. Ордени "Исмоили Сомонӣ" мукофоти олии давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тоҷикистон ба Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ордени Исмоили Сомонӣ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:46 0:00

Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон президенти Афғонистон буд, барои нахустин музокираи тарафҳои даргир дар Хусдеҳи ин кишвар шароит фароҳам оварда буд.

"Толибон" дар соли 1996 ҳукумати Раббониро аз Кобул берун ронданд ва кишварро ба ҷанги давомдор кашонданд. То ба қудрат расидани ҳукумати Ҳомид Карзай аксар кишварҳои ҷаҳон Раббониро раҳбари қонунии Афғонистон мешумурданд.

Бурҳониддин Раббониро, ки раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буд, моҳи сентябри соли 2011 як узви Толибон, ки худро қосиди сулҳи онҳо муаррифӣ карда буд, дар хонааш дар шаҳри Кобул кушт.

Аҳмадшоҳи Масъуд 9-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби ду арабтабор, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ карда буданд, кушта шуд. Ин ду нафар, ки маводи таркандаро дар дастгоҳи наворбардории худ насб карда буданд, ҳангоми дар рӯ ба рӯи камера қарор доштани Аҳмадшоҳи Масъуд онро тарконданд.

Қосимшоҳ Искандаров, афғонистоншиноси тоҷик, аз тасмими додани ҷоиза ба Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ ситоиш кард. Вай рӯзи 2-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз нақши Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ёд овард ва гуфт, "дар он солҳо кӯшиши зиёде ба харҷ доданд, ки тарафҳои муқобил – мухолифон ва ҳукумати Тоҷикистонро сари мизи музокирот бинишонанд, то гуфтугӯҳо натиҷаҳои хубе ба даст биорад. Нақши ин ду шахсият дар овардани сулҳ ба Тоҷикистон қобили ситоиш аст."

Наворро дар инҷо бинед:

Назари Қосимшоҳ Искандаров дар робита ба тақдими нишони "Исмоили Сомонӣ" ба Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Аҳмадшоҳ Комилзода, коршиноси дигари тоҷик, ин тасмимро “боис ба ифтихори ҳама тоҷикон ва тоҷикистониён донист”. Ӯ гуфт: "Дар он сӯи дарёи Ому шумораи зиёде аз форсизабонҳо ба сар мебаранд ва як давлат вазифадор ҳаст, ки дар ҳар шароит аз онҳо пуштибонӣ кунад. Ин амал ба унвони пуштибонӣ аз мардуми тоҷик дар он минтақа ёд мешавад".

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, дар солҳои пас аз кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд, гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик аз ҳукумат тақозо карда буданд, ки ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. Ба бовари Комилзода, "дар чунин шароит рафтори ҳукумати Тоҷикистон хуб аст ва мардуми Тоҷикистонро хеле хушҳол мекунад".

Видеоро дар инҷо бинед:

Назари Аҳмадшоҳ Комилзода дар робита ба тақдими нишони "Исмоили Сомонӣ" ба Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00

Тақдими ҷоиза дар рӯзҳое сурат мегирад, ки "Толибон" баъд аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳукуматашон аз тарафи нерӯҳои байнулмилалӣ, 15-уми августи имсол, дигарбора назорат бар Афғонистонро ба истиснои вилояти Панҷшер, ба даст гирифтанд. Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, бо ҷамъе аз тарафдорони худ ва низомиёни пешини Афғонистон дар Панҷшер Ҷабҳаи муқовимат бо Толибонро созмон додааст. Ду тараф аз даргирӣ ва талафот хабар медиҳанд. ​

Қаблан мақомоти Тоҷикистон пешниҳодҳоро дар бораи ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд ё Бурҳониддин Раббонӣ гузоштани кӯча ё хиёбоне дар Душанбе бепосух гузошта буданд. Чунин пешниҳод соли 2015 дар шакли номаи дастҷамъӣ ба шаҳрдори собиқи Душанбе ва сипас соли 2018 дар як маҳфил дар пойтахт садо дода буд.

XS
SM
MD
LG