Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд: "Ҳукумати фарогир мехоҳем, на мақому мансаб"


Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон.

Раҳбари Ҷабҳаи истодагарӣ бо "Толибон" мегӯяд, талоши онҳо барои эҷоди як ҳукумати фарогир аст, то мардуми Афғонистон худро дар он бинанд ва ҳам аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шавад.

Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, нерӯҳои зиёдеро дар Панҷшер, вилояти берун аз назорати "Толибон" гирд овардааст. Гурӯҳи "Толибон", ки ҳоло назорати Афғонистонро дар даст дорад, аз Аҳмад Масъуд ва ҷонибдоронаш хостааст, ки таслим шаванд.

Аҳмад Масъуд рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо телевизиони форсии Би-би-сӣ гуфт, орзуи мардуми Афғонистон доштани як давлатест, ки тавонанд ҳам бо худ зиндагӣ кунанд ва ҳам бо дунёи берун.

"Талоши мо намояндагӣ аз ин садои мардуми Афғонистон аст ва истодагӣ дар баробари шароите, ки бешак Афғонистонро ба инзивои сиёсӣ мебарад", -- афзуд ӯ.

"Толибон" ҳоло аксар минтақаҳои Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобулро зери назорат доранд, вале то ҳол ҳукумати худро эълон накардаанд. Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки аз сӯи "Толибон" ишғол нашудааст. Тибқи хабарҳои расида, ин гуруҳ ҷангҷӯёни худро ба марзи Панҷшер фиристодааст, ҳарчанд роҳбаронашон гуфтанд, мехоҳанд мушкилро бо музокирот ҳал кунанд.

Аҳмад Масъуд дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ тасдиқ кардааст, ки бо гурӯҳи "Толибон" музокира доранд ва талош доранд, ба намояндагони ин гуруҳ фаҳмонанд, ки "Афғонистон ниёз ба низоме дорад, ки ҳама худро дар он бубинанд". Ҳарчанд Масъуди хурдӣ аз он нигаронӣ кард, ки "мушоҳидаҳо нишон намедиҳад, ки тағйироти мусбате дар роҳ аст".

"Фурсат ҳаст, музокираву суҳбат ва мусолиҳаро бо "Толибон" пеш мебарем ва талоши худро анҷом медиҳем, аммо Худое нохоста агар бовар ва диди дӯстон ин бошад, ки роҳи ҳал таҳмили бовар ва дидгоҳҳост, дар он сурат мо ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон дар ҷуғрофияе бо номи Панҷшер ба муқовимати худ идома медиҳем", -- гуфт, Аҳмад Масъуд.

Писари Аҳмадшоҳ Масъуд афзуд, истодагарии ӯ барои кадом мансаб ё мақом нест ва пешниҳоди кор дар ҳукумати пешинаи Афғонистонро ҳам рад кардааст. Паёми дигари Аҳмад Масъуд ин буд, ки ӯ ва дигар сиёсатмадорони Афғонистон "набояд иштибоҳи таърихие бикунем, ки мардум ё дар дарёи Юнон ғарқ шаванд ё аз тайёраҳо (ҳавопаймо) биафтанд".

Пеш аз ин Аҳмад Масъуд изҳори умед карда буд, ки бо роҳи гуфтушунид бо Толибон ҳамаи мушкилот ҳал мешаванд. Вале ӯ афзуд, нерӯҳои зери фармонаш ба ҷанг омодаанд. Толибон дар гирду атрофи дараи Панҷшер мавқеъ гирифтаанд.

Аҳмад Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки дар солҳои таҷовузи Шӯравӣ ва баъд дар солҳои ҷанг бо Толибон водии Панҷшери Афғонистонро ба истеҳкоми худ табдил дода буд.

XS
SM
MD
LG