Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргириҳо дар Панҷшер. Тарафҳо аз ворид кардани талафот ба якдигар мегӯянд


Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер.
Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер.

Чанд руз мешавад, ки дар Панҷшер даргириҳо миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон идома дорад. Панҷшер ягона вилоятест, ки аз назорати Толибон берун мондааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ҳама роҳу ҷодаҳо, ки ба Панҷшер мебарад, дар ихтиёри онҳо қарор дорад ва ҳамлаҳои Толибон ба ноҳияи Шутул ба ақиб зада шуданд.

Фаҳим Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шоми панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон бисёр талош карданд, ки аз тариқи куҳҳои Ҷабал Сироҷ вориди ноҳияи Шутули Панҷшер шаванд, аммо талошашон ноком шуд ва ҷасадаҳои онҳо дар майдони ҷанг боқӣ монданд.

"Ҳадди ақал 40 ҷасадашонро бо худ бурда натавонистанд ва муйсафедони Ҷабал Сироҷ ва Гулбаҳорро назди фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат фиристода буданд, ки барояшон иҷоза дода шавад, то ҷасадҳоро интиқол диҳанд. Бинобар далоили инсонӣ, ба онҳо иҷоза дода шуд ва аз субҳи имруз ҷанг қатъ шудааст",-афзуд Фаҳими Даштӣ.

Ҳамзамон ин ҷабҳа гуфтааст, ки дар чаҳор рузи гузашта 350 нафар ҷангҷӯи гурӯҳи Толибон кушта шуда, 290 тан аз онҳо захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Толибон иддао кардаанд, ки вулусволӣ ё ноҳияи Шутули Панҷшерро бо 11 постгоҳ ба даст овардаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иддоа кардааст, ки гӯё ҷангиёни ин гуруҳ дар дараи Панҷшер пешравӣ карда, ноҳияҳои Парён ва Анобаро тасарруф кардаанд.

Сухангӯи Толибон гуфтааст, ки дар ҷанг барои ишғоли Панҷшер як қисме аз ин минтақа ва 30 ҷангии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кушта шуданд. Ӯ гуфтааст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд нахост, ки мушкил аз роҳи гуфтугӯ ва музокирот ҳал шавад ва бинобар ин, Толибон аз чаҳор тараф бар онҳо ҳамлаашонро оғоз карданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид афзуд, "неруҳои мо аз чаҳор тараф бар мавзеъҳои онҳо ҳамлаҳоро оғоз карданд. Пешрафтҳое ба даст оварданд, теъдоде аз фармондеҳонашон кушта ва захмӣ шуданд ва дар кутоҳтарин муддат масъалаи Панҷшер ҳам ҳал мешавад".

То кунун ҳеҷ яке аз тарафҳо дар бораи ин, ки бар якдигар талафоти сангин ворид кардаанд, шавоҳид ва далеле ироа накардаанд. Аз ҷониби дигар, наметавон ба таври мустақил иддаои онҳоро собит кард.

Толибон баъд аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳукуматашон аз тарафи нерӯҳои байналмилалӣ рӯзи 15-уми августи имсол Кобулро ишғол карданд. Ҳоло гурӯҳ тамоми бахшҳои Афғонистонро зери идораи худ дорад, вале Панҷшер танҳо вилоятест, ки дар баробари ҷангҷуён таслим нашудааст.

Бар хилофи нигарониҳо аз шеваи ҳукуматдории Толибон, намояндагони гуруҳ худро муътадил номида, озодии занону фаъолияти расонаҳоро дар чаҳорчӯби шариат ваъда додаанд. Вале то кунун даҳҳо ҳазор хориҷӣ ва афғонистонӣ бо нигаронӣ аз ояндаи худ ин кишварро тарк карданд.

Гуруҳи Толибон рӯзи 2-юми сентябр гуфт, ки барои эъломи ҳукумати нав дар Афғонистон омодагӣ гирифтааст. Телевизиони хусусии “Тулӯъ” низ гузориш дод, ки эълони ҳукумати ҷадид наздик аст. Кишварҳои хориҷӣ гуфтаанд, ки ба расмият шинохта шудани ҳукумати нав ба раҳбарии Толибон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рафтору амалкарди ин гурӯҳ бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG