Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" гуфт, ки чаро музокирот "ноком" шуд. САДО


Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон ҳангоми посбонӣ дар минтақаи Дарбанди Панҷшер. 1-уми сентябри 2021
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон ҳангоми посбонӣ дар минтақаи Дарбанди Панҷшер. 1-уми сентябри 2021

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо "Толибон" дар вокуниш ба изҳороти Амирхон Муттақӣ, раиси Кумисюни даъват ва иршоди гурӯҳи исломгаро, гуфт, ки музокироти миёни ду тараф ба далели пешниҳодҳои шахсӣ ба Аҳмад Масъуд бас шудааст. Ноком шудани музокирот боис ба шиддат гирифтани набардҳо дар чаҳор рӯзи гузашта гардид. Ду тараф аз талафот хабар медиҳанд.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, рӯзи 2-юми сентябр ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, далели бенатиҷа будани музокирот "пешниҳодҳои Толибон ба шахси Аҳмад Масъуд буд".

Вай афзудааст, ҷудо кардани курсӣ ва шарик шудан дар ҳукумати Толибон аз мавзуъҳое буд, ки Амирхон Муттақӣ, раиси Кумисюни иршод ва даъвати гурӯҳ, дар тамоси телефонӣ бо Масъуд дар миён гузоштааст.

Аммо ба гуфтаи Фаҳими Даштӣ, "Аҳмад Масъуд бо радди ин хостҳо ба дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои кулли шаҳрвандони Афғонистон таъкид кард".

Садои Фаҳими Даштиро дар инҷо бишнавед:

Фаҳими Даштӣ: Толибон курсӣ пешниҳод карданд, напазируфтем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

"Мо аз ин музокирот дунболи роҳи ҳалли мушкилоти асосии мардум будем. Дар ҳоле ки тарафи муқобил пешниҳодҳои шахсӣ дошт. Пешниҳоди ҳузури раҳбари Ҷабҳаи миллии муқовимат дар ҳукумати Толибон ё ҳифозат аз амволу дороиҳояшон. Посухи раҳбари Ҷабҳаи муқовимат ин буд, ки мо дар пайи масоили шахсӣ ва мақому мансабу курсӣ нестем ва дар Кобул ҳам дороии шахсӣ надорам", -- нақл кард сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат.

Фаҳими Даштӣ
Фаҳими Даштӣ

Ӯ ҳамзамон афзудааст: “Дар чаҳор рӯз шояд ба тарафи муқобил собит шуда бошад, ки бо ҷанг ин масъаларо ҳал карда наметавонанд. Паёми Муттақӣ ин буд, ки аслиҳаи худро дар замин бигузоред. Агар қарор буд, ки таслим шавем ва аз дифои мардум даст бардорем, ин ҷабҳаро эҷод намекардем."

Фаҳими Даштӣ иддао мекунад, ки дар чаҳор рӯзи гузашта беш аз 350 узви Толибон кушта шуда, зиёда аз 280 тани дигар захмӣ гардидаанд.

Ҳарчанд Толибон ба паёмҳои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ дар ин бора посух надодаанд, қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳ, гуфта буд, ки ба пешравӣ дар бахшҳое аз вилояти Панҷшер даст ёфтаанд ва талафоте ҳам ба низомиёни Ҷабҳаи муқовимат ворид шудааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид

Ин гуфтаҳо дар ҳоле матраҳ шудааст, ки як рӯз пеш Амирхон Муттақӣ, раиси Кумисюни иршод ва даъвати гурӯҳи Толибон, дар навори садоӣ гуфт, талошҳо барои ҳалли масаълаи Панҷшер аз роҳи музокироту тафоҳум то кунун бенатиҷа мондааст. Аммо вай таъкид кард, ки боз ҳам талош мешавад, то масаълаи Панҷшер бо роҳи гуфтугӯ ҳал шавад.

Ӯ дар ин навор гуфтааст, ҷангҷӯёни Толибон ноҳияҳои Панҷшерро муҳосира кардаанд, иддаое, ки аз сӯи Ҷабҳаи миллии муқовимат рад шудааст.

Толибон баъд аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳукуматашон аз тарафи нерӯҳои байналмилалӣ рӯзи 15-уми августи имсол Кобулро ишғол карданд. Ҳоло гурӯҳ тамоми бахшҳои Афғонистонро зери идораи худ дорад, вале Панҷшер танҳо вилоятест, ки дар баробари ҷангҷуён таслим нашудааст.

Бар хилофи нигарониҳо аз шеваи ҳукуматдории Толибон, намояндагони гуруҳ худро муътадил номида, озодии занону фаъолияти расонаҳоро дар чаҳорчӯби шариат ваъда додаанд. Вале то кунун даҳҳо ҳазор хориҷӣ ва афғонистонӣ бо нигаронӣ аз ояндаи худ ин кишварро тарк карданд.

Гуруҳи Толибон рӯзи 2-юми сентябр гуфт, ки барои эъломи ҳукумати нав дар Афғонистон омодагӣ гирифтааст. Телевизиони хусусии “Тулӯъ” низ гузориш дод, ки эълони ҳукумати ҷадид наздик аст. Кишварҳои хориҷӣ гуфтаанд, ки ба расмият шинохта шудани ҳукумати нав ба раҳбарии Толибон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рафтору амалкарди ин гурӯҳ бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG