Кормандони корхонае, ки дар шароити баландкӯҳ тилло истихроҷ мекунанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муноқишаи миёни коргари тоҷику хориҷӣ ҳафтае пеш рух дод. Ба гуфтаи онҳо, Наврӯз Сафаров, корманди шӯъбаи бехатарии ширкати “Покрӯд” “мехост барои як мошине, ки маводи сӯхташ тамом шудааст, солярка барад. Корманди чинӣ (номаш маълум нест) бо сабаби номаълум ӯро нигоҳ дошта, аз гиребонаш кашида шаллоқ мезанад”.
Корманди чинитабор масъули назорат аз тартибу интизоми кории коргарони маҳаллӣ будааст. Кормандони “Покрӯд” мегӯянд, ки Наврӯз Сафаров “ба хотири ҳимояи худ чиниро бо мушт зад ва баъди ин маъмурияти ширкати «Покруд» ӯро аз кор ронд”.
Санҷиши дурустии ин моҷаро аз забони ҷониби дигари баҳс имкон надорад. Як намояндаи маъмурияти корхонаи “Покрӯд” дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ рух додани ҳодисаеро бо ширкати коргарони маҳалливу хориҷӣ рад накард, танҳо гуфт, ки “мо бо коргарон сӯҳбат мекунем, бояд рӯзи 3-юми сентябр ҳал шавад”. Ин шахс, ки аз гуфтани ному вазифааш худдорӣ кард, аз сӯҳбати бештар ваё шарҳи ҳодиса аз назари маъмурият худдорӣ намуд.
Чаро коршиканӣ шуд?
Як корманди ин ширкат, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, худро Аброр Маҳмадов муарифӣ намуд. Ӯ рӯзи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар охири ҳафтаи гузашта рух дод ва коргарони маҳаллӣ барои пуштибонӣ аз Наврӯз Сафаров қарор карданд, ки даст ба коршиканӣ мезананд. Вай гуфт, баъди он ки коргари чинитабор бо шеваи бисёр баду ғайрикорӣ муносибат кард, коргарони маҳаллӣ қарор карданд, ки ба хотири намоиши таҳаммул накардани чунин ҳолат эътироз мекунанд.
Ӯ гуфт: «Дар нисбати коргари чинӣ ҳеҷ чораҷуӣ сурат нагирифт. Ӯ чанд маротибаи дигар ҳам бо сабабҳои номаълум коргарони маҳаллиро бо зарби отвёрка захмӣ карда буд, вале ба шикоятҳои мо гӯш надоданд. Баъди ҳамин ҳодиса мо талаб намудем, ки то замони барқарор намудани Наврӯз дар вазифааш ба ҷои кори худ барнамегардем”.
Кормандони маҳаллии ин ширкат мегӯянд, онҳо дар маҳалли зисти худ дар ҳудуди корхона монда ба кор набаромаданд ва танҳо пас аз як ҳафта – рӯзи 2-юми сентябр намояндагони маъмурияти ширкат онҳоро пазируфта ба ҳарфашон гӯш додааст. Ба қавли онҳо, «дар суҳбат гуфтанд, ки масъалаи дубора ба ҷои кораш барқарор кардани Наврӯз Сафаровро баррасӣ мекунанд ва ваъда доданд то 3 сентябр ҳал хоҳанд кард», мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Коргарони тоҷики ширкати чинӣ дар кони тилои Айнӣ корпартоӣ карданд. ВИДЕО Дар "Покрӯд" чӣ мегузарад? Корфармои чиниро ҷарима бастандКорфармои чиниро барои нақзи ҳуқуқи коргарони тоҷик ҷарима бастанд"Кор дар Тоҷикистон, қоидаҳо - чинӣ"? Шикояти "кулоҳзардон" аз "кулоҳсурхон" дар Душанбе. ВИДЕОКони Покрӯд. "Ин ҷо қонунҳои Тоҷикистон нестанд." Мақомот: "Бояд бошанд!" Истихроҷи тило дар Тоҷикистон афзудааст, аммо маълумот сиррӣ мемонад. Чаро?Минтақаҳои Тоҷикистон "China Town" мешаванд?Корхонаи металҳои рангаи "Покрӯд" ифтитоҳ шудТавлиди нахустин хишти тило дар кони Покрӯд
COVID ва "Покрӯд"
Ин аввалин бор нест, ки кормандони ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд” аз шароити кор ва муомилаи кордиҳандаашон шикоят мекунанд. Моҳи апрели соли ҷорӣ маъмурияти корхона гуфтааст, ки дар робита бо пандемияи COVID-19 реҷаи сахти карантин ҷорӣ мекунад ва дар ин муддат аксар коргарон давоми се моҳ ва бархе зиёда аз он натавонистанд ҳудуди корхонаро тарк кунанд. Пас аз эътирози коргарон мақомоти ҳифзи меҳнат дар Тоҷикистон ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд”-ро барои поймол кардани ҳуқуқи коргарони тоҷик 1500 сомонӣ, муодили 130 доллар ҷарима бастанд.
Ба ин монанд, моҳи маи соли 2020 ҳудуди 60 коргари чинии "Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин" дар ҷамоати Зарнисор (Олтин Топкан) вилояти Суғд даст ба коршиканӣ заданд ва ба нишони эътироз гирдиҳамоӣ карданд. Онҳоро ба хотири ҳамагири COVID-19 се моҳ иҷозаи сафар ба Чин рафтанро надоданд ва ҳамчунин музди корашон пардохта нашуда буд. Эътирози коргарон пас аз омадани нерӯҳои интизомӣ ва ба ҳаво тир андохтани низомиён хомӯш шуд. Дар гузашта борҳо коргарони маҳаллии корхонаи муштараки ихтироҷи тилои Зарафшон аз камбуди маош изҳори норизоӣ карда ва борҳо ба матбуот муроҷиат карда буданд.
Хӯроки камғизои “Кумарғи боло” ва эътирози коргарон
Моҳи июн ҳудуди 200 коргари маҳаллии кони тилои “Кумарғи боло”-и ноҳияи Айнӣ, ки ба ширкати ТВЕА-и Чин тааалуқ дорад, аз хӯрокҳои камғизои ин ширкат корпартоӣ карданд. Дар навори видеоие, ки коргарони маҳаллии ширкати ТВЕА рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ фиристониданд дида мешавад, ки даҳҳо коргарон бо либоси корӣ гирдиҳам омада эътироз доранд.
Аммо ба эътирофи коргарон барои кор дар шароити баландкӯҳ ширкат ҳар моҳ ба маоши онҳо 1200 сомонӣ изофа мекунад. Аксари коргарон гуфтанд, ки моҳонаи онҳо то 2000 сомонӣ аст ва бо иловапулӣ беш аз 3 ҳазор сомонӣ мешавад, вале дар шароити гаронии нархҳо наметавонанд хонаводаи худро ҳамаҷониба таъмин кунанд. “Бинобар нархи гарони парвозҳо ба Русия ба муҳоҷират рафта наметавонем. Дар дохил ҷои кори муносиб ёфта наметавонем ва маҷбур мешавем ба ҳар шароит тоқат кунем”-, иброз доштанд коргарон.
Чин як шарики муҳими иқтисодии Тоҷикистон аст ва истихроҷи аксар конҳои тиллои Тоҷикистонро ширкатҳои чинӣ дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- “Зарафшон”, ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гамидиҳии "Душанбе-2" парвонаи истихроҷро дар ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло”-ро ба даст овард.