Мақомоти ҳифзи меҳнат дар Тоҷикистон ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд”-ро, ки ба сармоягузорони Чин тааллуқ дорад, барои поймол кардани ҳуқуқи коргарони тоҷик 1500 сомонӣ ҷарима бастанд. Барои бартараф кардани камбуд ба чиниҳо як моҳ муҳлат додаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Радиои Озодӣ дар бораи шароити тоқатфарсои кор дар "Покрӯд" ва худсарона ҷорӣ кардани реҷаи шадиди карантин аз сӯйи корфармоёни чинӣ дар такя ба шикояти коргарон гузориш дод буд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 6-уми апрел бо нашри як изҳорот гуфт, дар пайи як санҷиш поймол шудани ҳуқуқи коргарон дар "Покрӯд" "тасдиқи худро ёфт”. Моликони "Покрӯд" ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд. Сармоягузорони чинӣ ва намояндагони расмии он кишвар дар Тоҷикистон аз суҳбат бо матбуот парҳез мекунанд.
Карантин дар "Покрӯд"-ро худсарона номиданд
Нозирони Хадамот аз ҷумла маълум кардаанд, ки корфармои чинӣ худсарона ва бе дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубораза бо COVID-19 ва мақомоти тандурустӣ реҷаи сахти карантин ҷорӣ карда, се моҳ ва гоҳе зиёда аз он нагузоштааст, коргарон аз ҳудуди корхона берун раванд.
Дар изҳороти ин ниҳод гуфта шудааст: "Корфармо он кормандонеро ҳам, ки бо давомнокии ҳафтаи кории панҷрӯза ва шашрӯза фаъолият доранд, 3 моҳ ва зиёда аз он берун аз вақти корӣ дар хобгоҳҳо... нигоҳ медоранд, ки ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунад."
"Тоҷикон аз чиниҳо маоши камтар мегиранд"
Дар идома Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳолатҳои дигари риоя нашудани ҳуқуқи коргарони тоҷикро аз сӯйи корфармои чинӣ ошкор кардааст. Гуфта мешавад, дар кони тиллои “Покрӯд” корфармо ба коргарони тоҷик, ки донишу малакаи баробар бо коргарони чиниро доранд, музди камтар медиҳад. Маъмурияти ширкат ин ҳолатро бо судури як қарори дохилӣ ҷорӣ кардааст ва хадамот онро ғайриқонунӣ шумурда, аз моликони “Покрӯд” талаб кардааст, фавран онро бекор кунад.
"Тавре зимни санҷиш муайян гардид, дар ҷамъият низомномаи муқаррароти муваққатии идоракунии музди меҳнати кормандони тоҷики Ҷамъият тасдиқ гардидааст, ки нобаробарию тафриқабандии музди меҳнати кормандони маҳаллӣ ва хориҷиро ба миён меорад", --гуфта мешавад дар изҳороти Хадамот.
Ли Тсинхун, нафаре, ки ҳамзамон дар ду вазифа кор мекунад
Бино бар санҷишҳои пешакии саридораи "Геологияи тоҷик" дар кони тилои "Покрӯд" беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад.
Нозирони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамчунон ошкор кардаанд, ки дар кони “Покрӯд” чиниҳо хилофи меъёрҳои қонуни меҳнати Тоҷикистон роҳбари идораи кадрҳоро раиси иттифоқи касабаи ширкат таъин кардаанд.
Дар изҳороти хадамот гуфта мешавад "раиси Иттифоқи касабаи ҷамъият сардори шуъбаи кадрҳо Лу Тсинхун интихоб гардидааст. Ҳол он ки аз рӯи вазифа Лу Тсинхун намояндаи корфармо ба ҳисоб меравад ва аз номи корфармо баромад мекунад."
Аз ин рӯ, Хадамот аз ширкат талаб кардааст, маҷлис доир карда, аз ҳисоби коргарон (ба истиснои корфармо ва намояндагони ӯ) раиси Иттифоқи касабаи корхонаи истироҷи тилло таъин карда шавад.
Бо назардошти ин камбудҳо, хадамот ширкати “Покрӯд”-ро 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 1500 сомонӣ ҷарима баста, барои бартараф кардани ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи коргарон як моҳ муҳлат додааст. Амр аз 19-уми марти имсол ба унвонии ширкат фиристода шудааст ва Хадамот гуфтааст, раванди иҷрои амрҳояшро дар ширкати “Покрӯд” назорат мекунад.
Бори аввал нест, ки коргарон дар Тоҷикистон аз шароити сахту тоқатфарсо ва поймолшавии ҳуқуқи меҳнатиашон дар ширкату корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон шикоят мекунанд. Бори охир коргарони тоҷики ширкати сохтмонии “Чиангду”, ки бинои ҳукумати Тоҷикистонро месозад аз поймол шудани ҳуқуқҳои меҳнатиашон шикоят карда буданд.
"Покрӯд" аз кист?
Кони тилои "Покрӯд", воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, аввалин захираи маъданҳои гаронбаҳои Тоҷикистон аст, ки ба таври пурра ба ихтиёри ширкати хориҷӣ, дар ин маврид корпоратсияи чинии China Nonferrous Gold Limited, дода шудааст.
Бино бар санҷишҳои пешакии саридораи "Геологияи тоҷик" дар кони тилои "Покрӯд" беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад. Ин кон дар 120-километрии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ва қаторкӯҳҳои Тиён-Шон воқеъ аст.
Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксар конҳои тиллои Тоҷикистонро дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистон Чин -- "Зарафшон", ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гамидиҳии "Душанбе-2" парвонаи истихроҷро дар ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло”-ро ба даст овард.