Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кони Покрӯд. "Ин ҷо қонунҳои Тоҷикистон нестанд." Мақомот: "Бояд бошанд!"


Биноҳои корхонаи "Покрӯд" дар Ваҳдат
Биноҳои корхонаи "Покрӯд" дар Ваҳдат

Коргарони кони тиллои “Покрӯд” мегӯянд, аз шартҳои сахти кор ба танг омадаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ҷо реҷаи сахти карантин ҷорӣ шуда, ба коргарон ҳақ дода мешавад, ки дар се моҳ танҳо як бор аз ҳудуди коргоҳ берун раванд. Масъулони ширкат мегӯянд, ин тадбир ба хотири ҳимояи саломатии кормандон ва ҳифзи кори муназзами ширкат андешида шуда аст. Кони тиллои «Покрӯд» дар мавзеи Ромити ноҳияи Ваҳдат пурра ба сармоягузорони Чин тааллуқ дорад.

Комрон ҷавони тоҷик, ки соли панҷум дар «Покрӯд» кор мекард, рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи марти соли 2020 инҷониб маъмурияти ширкат карантини шадид ҷорӣ карда то се моҳ ва ҳатто бештар аз он намегузорад, ки кормандон аз ҳудуди коргоҳ берун шаванд.

«Рӯзи 14-уми марти 2020, вақте кор омадем, гуфтанд, ки як моҳ бе истироҳат кор мекунед, баъд рухсат мешаведу басти дигар кор мекунад. Як моҳ аз корхона берун нарафта кор кардем. Баъд эълон карданд, ки карантини 3 моҳа ҷорӣ мекунанд, касе намехоҳад дар чунин шароит кор кунад, метавонад баромада равад, аз кор озод. Мо се моҳ дар корхона кор кардем ва ҳамон ҷо хоб мерафтем», қисса кард ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи Комрон, бо гузаштаи се моҳ ҳам кордиҳанда рухсат надод, ӯ ва ҳамкоронаш ба хона раванд. Мегӯяд, косаи сабраш лабрез шуду пас аз се моҳ бештар бе истироҳат кор кардан, ӯ аз корхона баромад, чун дар ин муддат бобояш вафот кардаву мебоист дар маросими видоъ ширкат варзад. Ин коргари «Покрӯд» мегӯяд, завҷааш ҳомиладор буд ва ба корхона омада гуфт, ки ба шарте омодааст корро идома диҳад, ки пас аз як моҳ ба хона бозгардад. «Аммо розӣ нашуданд. Гуфтанд, ки "агар меоӣ, 3 моҳ меистӣ", ман розӣ нушудам ва аз кор рафтам», гуфт Комрон. Ҳади ақал 4 нафар аз кормандони дигари кони «Покрӯд» дар суҳбат бо Радиои Озодӣ айни чунин шикоятҳоро баён доштанд.

Масъулони ширкати «Покрӯд» ҷорӣ шудани карантинро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, аммо гуфтанд ин ба хотири ҳифзи саломатии худи кормандон аст.

Ҷамолиддин Маҷидов, роҳбари як гуруҳи кормандон дар "Покрӯд" ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, то анҷоми соли 2020 дар ширкат реҷаи карантини 3-моҳа ҷорӣ шуда буд ва «аз якуми январ муҳлати карантин як моҳ таъин шудааст. Бо беҳ шудани вазъи эпидемеологӣ қарор аст, моҳи март реҷаи карантинро бекор кунем». Маҷидов гуфт, шикояти коргарон дар бораи шароити тоқатфарсои кор асос надорад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи кормандон, дар ин ширкат аксарияти кори вазнину сангинро тоҷикон анҷом медиҳанд ва чиноиҳо дар мансабҳои баландтар кор мекунанд ва ҳам музди бештар мегиранд.

Як шикваи дигари коргарони тоҷик аз кордиҳандаи чинӣ он аст, ки дар давраи каратин ва пеш аз он ҳам ба коргароне, ки дар басти шабона кор мекунанд, изофапулӣ намедиҳанд, тавре, ки қонуни меҳнати Тоҷикистон инро муқаррар кардааст. Коргарони тоҷик мегӯянд, чиноиҳо дар ин кон, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, қоидаҳои Чинро амалан ҷорӣ кардаанд ва бо тоҷикон "тавре, ки хоҳанд", муносибат мекунанд.

«Роҳбари идораи кадрҳои ширкат пештар тоҷик буд, як сол қабл ӯро аз кор ронда ба ҷояш чиниро гузоштанд, ки худро Саша мегӯяд. Ӯ умуман қонуни меҳнати Тоҷикистонро намедонад ва касе дар бораи шароити кор ё камии музди меҳнат шикоят кунад, мегӯяд, "намехоҳед, аз кор баромада равед". Бисёриҳо, ки медонанд дигар ҷойи кор надоранд, ҳамин шароити тоқатфарсоро таҳаммул мекунанд. Ҷойи хобу шароити хурду хӯроки мо хеле бад аст, қоидаҳои беҳдоштӣ умуман риоя намешавад. "Ҳол он ки макони коркарди тилло заҳрнок аст», нақл кард яке аз коргарон, ки аз хавфи ронда шудан аз кор нахост номаш бурда шавад. Аммо бо ризоияти худ суҳбат кард ва бо орзӯи он ки шароити кор дар ин ҷо рӯзе беҳтар шавад. Сабти суҳбат дар Радиои Озодӣ маҳфуз аст.

Ӯ гуфт, бо вуҷуди талаби батакрори онҳо, ошпази ошхона марди чинӣ аст ва ӯ хӯрокҳое, ки хоси тоҷикон аст, омода намекунад. «Намедонем, хӯроки пухтааш ҳалол аст ё не, дохили он чӣ меандозад, аммо маҷбурем, тоқат кунем», гуфт ӯ. Як гуруҳ аз коргарони тоҷик аз чунин бархурди чиноиҳо ва реҷаи карантини шадид ба Вазорати меҳнат шикоят бурдаанд. Аммо, ба гуфтаи коргарон, аз ин идора посух гирифтанд, ки нозирони ин вазорат наметавонад «Покрӯд»-ро тафтиш кунад.

Дӯстмурод Муродзода, раиси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Дӯстмурод Муродзода, раиси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дӯстмурод Муродзода, раиси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, воқеан, мувофиқи қарори ҳукумат дар санҷиши ширкатҳои тавлидотӣ ва саноатӣ дар кишвар маратория ҷорӣ шудааст. Аммо дар паи ворид шудани чанд номаи дастҷамъӣ нозирони ин хадамот, ҳамроҳ бо кормандони додситонӣ дар ширкати “Покрӯд” санҷиш гузаронидаанд. Ӯ гуфт, "дар ҷамъияти «Покрӯд» мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратураи шаҳри Ваҳдат ва Прокуратураи генералӣ чанд маротиба санҷишҳо гузарондем. Ба мо аз ҷониби кормандони ин ширкат як аризаи шикоятии дастаҷаъмӣ ворид шуда буд. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш роҳбари ширкати «Покрӯд» аз ҷониби Прокуратураи генералӣ барои нақзи қонуни меҳнат ҷарима баста шуд. Ҳамчунон дар ду ҳолати дигар, масъулони ин ширкат бар асоси аризаи кормандони дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Бар зами ин ду аризаи дастҷамъии дигар дар баррасии хадамот қарор дорад, аз натиҷаи он баъдан ба матбуот хабар медиҳем».

Муродзода афзуд, ҳама ширктаҳо дар Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият бояд қонуни меҳнат ва дигар сандаҳои меъёрии кишварро риоя кунанд ва касе ҳақ надорад қонунҳои кишвари дигарро дар қаламрави Тоҷикистон ҷорӣ кунад. Ба огаҳии дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар «Покрӯд» 900 нафар кор мекунанд, ки аз он танҳо 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқӣ хориҷиҳо, бештарашон чиноиҳо ҳастанд.

Кони тилои «Покрӯд», воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, аввалин захираи маъданҳои гаронбаҳои Тоҷикистон аст, ки ба таври пурра ба ихтиёри ширкати хориҷӣ, дар ин маврид корпоратсияи чиноии China Nonferrous Gold Limited, дода шудааст. Бино бар санҷишҳои пешакии саридораи «Геологияи тоҷик» дар кони тилои «Покрӯд» беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад. Ин кон дар 120-километрии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ва қаторкӯҳҳои Тиён-Шон воқеъ аст. Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксарияти конҳои тиллои Тоҷикистонро дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистон Чин -- “Зарафшон”, ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гамидиҳии "Душанбе-2" парвонаи истихроҷро дар ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло”-ро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG