Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кор дар Тоҷикистон, қоидаҳо - чинӣ"? Шикояти "кулоҳзардон" аз "кулоҳсурхон" дар Душанбе. ВИДЕО


Маҳалли сохтмони бинои нави ҳукумат дар Душанбе. Акси корбарон
Маҳалли сохтмони бинои нави ҳукумат дар Душанбе. Акси корбарон

Баъзе аз коргароне, ки дар сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар маркази Душанбе кор мекунанд, аз суистифода ва нақзи ҳуқуқашон аз тарафи корфармои чинӣ шикоят доранд. Бинои нави ҳукумати Тоҷикистонро ширкати чинии "Чиангду" (江都建设) месозад.

Дар Хадамоти назорати давлатии ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, аз коргарон ҳеч шикоят нагирифтанд. Роҳбари ширкати чинӣ ба зангҳои пайвастаи Радиои Озодӣ посух надод.

Агар шикоят кунанд, коргарони мо масъалаи ҳифзи ҳуқуқи меҳнатро дар корхонаҳо месанҷанд. Бе ягон асос ё арзу шикоят наметавонем, ширкату корхонаҳоро тафтиш кунем.
Шаҳло Сатторова

Рӯзи 5-уми март хабарнигори Радиои Озодӣ ба маҳалли сохтмон рафт, то вазъро аз наздик бинад, вале посбонҳо имкони ворид шудан ба дохил ва суҳбат бо коргарону роҳбарони ширкатро надоданд.

"Кулоҳсурхон" ва "кулоҳзардон" киҳоянд?

Баъзе аз коргарони тоҷик, ки ба бунёди бинои нави ҳукумат машғуланд, гуфтанд, кордиҳандаи чинӣ бисёре аз ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад ва дар сурати эътироз аз кор меронад. Радиои Озодӣ камаш бо чаҳор бинокор ҳамсуҳбат шуд. Бино бар хавфи аз кор ронда шудан, онҳо нахостанд, ки ному насабашон зикр шавад.

Яке аз мусоҳибон гуфт, "ҳама корҳои вазнину дастиро дар сохтмон тоҷикон иҷро мекунанд ва кормандони маҳаллӣ кӯлоҳ (каска)-и зард ва чиниҳо кӯлоҳи сурх доранд. Аксарияти онҳо корфармо, муҳандис ва идоранишинанд."

Ба нақли ӯ, рӯзи корӣ қариб 9 соат идома мекунад: "Барои як рӯзи кор 70 сомонӣ медиҳанд. Ҷойи хӯрокхӯрӣ надорем. Дар сохтмон ё зери дарахтҳо хӯрок мехӯрем. Рӯзе, ки борон меборад, намедонем, худро дар куҷо паноҳ кунем."

Наворро дар инҷо бинед:

Коргарони тоҷики ширкати чинӣ мегӯянд, ҳуқуқи онҳо эҳтиром намешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Бино бар қонуни меҳнати Тоҷикистон, корманд ҳақ дорад, дар як моҳ на камтар аз 8 рӯзи истироҳатӣ дошта бошад. Ширкату идораҳо, новобаста аз шакли моликият, ҳуқуқи меҳнатро бояд риоя кунанд. Аммо ҳамсуҳбатони мо аз шумори бинокорони ин сохтмон мегӯянд, кордеҳони чинӣ "умуман ҳуқуқи меҳнатиро риоя намекунанд, чун медонанд дар Тоҷикистон афроди корҷӯ зиёданд."

Маҳалли сохтмони бинои нави ҳукумат дар Душанбе. Акси корбарон
Маҳалли сохтмони бинои нави ҳукумат дар Душанбе. Акси корбарон

"Дар як моҳ аз 4 рӯз бештар истироҳат гирифтан намемонанд, агар касе талаб кунад, аз кор меронанд", -- гуфт яке аз ҳамсуҳбатон. Мушоҳидаҳои хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми феврал дар назди сохтмон нишон дод, ки як гуруҳ корҷӯён бо умеди пазируфта шудан ба кор дар сохтмон пушти дарвозаҳои он навбат меистанд.

Кормандони мақомоти интизомӣ атрофи сохтмонро посбонӣ мекунанд ва аксу наворгириро дар онҷо манъ кардаанд.

"Дар Русия ин хел азоб накашида будам..."

Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ гуфт, 10 сол дар шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург кор кард, вале ба иддаои ӯ, “боре ҳам шоҳиди чунин шароити сангини кор ва муносибати сарди кордеҳ нашуда буд”.

“Аксар коргароне, ки дар инҷо кор мекунанд, муҳоҷирони собиқ ҳастанд, ки бинобар баста будани марз наметавонанд ба Русия раванд. Агар пагоҳ роҳи Русия кушода шавад, ҳама мераванд, баъд инҳо ба коргар зор мешаванд", -- гуфт бинокори тоҷик.

Ба нақли коргарони тоҷик, кордеҳи чинӣ, барои онҳое, ки 4 соати изофӣ дар басти шабона кор мекунанд, ҳамагӣ 10 сомонӣ пули иловагӣ медиҳад. Ҳоло он ки мувофиқи қонунҳои меҳнати Тоҷикистон, кордеҳ дар басти шабона бояд музди маоши дукарата пардохт кунад.

“Бисёре коргарон аз ноҳияҳои тобеи марказ – Ваҳдату Ҳисор ҳастанд, 70 сомоние, ки мегиранд, нисфаш роҳпулӣ мешавад. Боз агар касе 5-10 дақиқа дер кард, ҷарима мекунанд. Бисёриҳо ба умеди бештар пул кор кардан шабона меистанд”, -- иброз дошт яке аз мусоҳибон.

Кордеҳи чинӣ ба фарқ аз ширкату идораҳои Тоҷикистон дар поёни ҳар рӯз маоши кормандонро пардохт мекардааст, ки хоси ширкатҳои Тоҷикистон нест.

"Ҳеч кас шикоят накард"

Маҳалли сохтмони бинои нави ҳукумат дар Душанбе. Акси корбарон
Маҳалли сохтмони бинои нави ҳукумат дар Душанбе. Акси корбарон

Талошҳои Радиои Озодӣ барои ҳамсуҳбат шудан бо роҳбари ширкати “Чиангду” то ин дам бенатиҷа буд. Роҳбари ширкат, ки аз ӯ Ва Ли Я ном мебаранд, ба зангҳои телефонӣ посух нагуфт.

Дар ҳамин ҳол, идораи ҳифзи ҳуқуқи меҳнат дар Тоҷикистон мегӯяд, аз коргарони сохтмон шикоят нагирифтааст ва бидуни ариза наметавонанд кохонаро санҷанд. Шаҳло Сатторова, як корманди Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Агар коргарон аз риоя нашудани ҳуқуқи меҳнатиашон шикоят кунанд, санҷишгарони мо ҳатман рафта, масъалаи ҳифзи ҳуқуқи меҳнатро дар корхонаҳо мебинанд. Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар санҷиши коргоҳ моратория набошад (манзур қарори ҳукумат дар бораи мараторияи санҷишҳо). Аммо барои ин аризаи худи коргарон зарур аст. Бе ягон асос ва ё арзу шикоят наметавонем, ширкату корхонаҳоро тафтиш кунем”.

Хонум Сатторова афзуд, агар коргарон ба ин идора барои ҳифзи ҳуқуқи меҳнатиашон муроҷиат кунанд, нозирон ҳатман месанҷанд ва дар сурати зарурат исми норозиёнро аз корфармо махфӣ нигоҳ медоранд.

Аз "Покрӯд" то...

Бори аввал нест, ки коргарон дар Тоҷикистон аз шароити сахту тоқатфарсо ва поймолшавии ҳуқуқи меҳнатиашон дар ширкату корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Қаблан кормандони кони тилои “Покрӯд” дар Ваҳдат шикоят карда буданд, ки корфармои чинӣ худсарона реҷаи сахти карантин ҷорӣ карда, намегузорад, кормандон 3 моҳ аз коргоҳ берун шаванд.

Дар ҳамин ҳол, аксар биноҳои бузургу азими Тоҷикистонро ширкатҳои чинӣ месозанд. То кунун бинои Китобхонаи Миллӣ, Вазорати корҳои хориҷиро ширкатҳои Чин сохтаанд. Ҳоло дар Душанбе сохтмони бинои нави порлумон ва бинои ҳукумат ҳам насиби ширкатҳои чинӣ шудааст. Ҷараёни музояда ва шеваи интихоби ширкатҳо барои сохтмони ин биноҳо маъмулан аз чашми ҷомеа пинҳон сурат мегиранд.

Ба чӣ далел ширкатҳои Чин барои сохтмони биноҳои азим ва ҳамакнун бинои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд, суоли беҷавоб мемонад.

XS
SM
MD
LG