Мақомоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш доданд, ки дар соли 2019 дар муқоиса ба як соли пеш аз он дар кишвар беш аз 25 дарсад бештар тило истихроҷ шудааст. Вазорат чанд сол боз аз эълони ҳаҷми тилои тавлидшуда худдорӣ меварзад, вале бо таваҷҷуҳ ба дарсади афзоиш ва муқоиса бо соли пеш метавон гуфт, ки соли 2019 дар Тоҷикистон беш аз 8 тонна тило истихроҷ шудааст. Сиррӣ будани маълумот дар бораи тақсимоти сарватҳои қаъри замин ба коршиносони мустақил ва расонаҳо имкон намедиҳад, суду зиёни соҳаро арзёбӣ кунанд.
Дар Тоҷикистон, дар маҷмуъ, беш аз 10 ширкат ба тавлиди филизоти гаронбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо корхонаи "Зарафшон", "Апрелевка", корхонаи "Тилои тоҷик", ширкати "Покрӯд" ва корхонаи заршӯйии "Одина" мебошанд.
Ширкати мавсум ба ТВЕА-и Чин соли гузашта ба коркарди ду кони тило дар Кумарғи боло ва Дуобаи шарқӣ дар ноҳияи Айнӣ, дар шимоли Тоҷикистон, оғоз кард. Ҳаққи истифода аз ин конҳо ба ин ширкати чинӣ барои ҷуброни маблағи масрафкардааш дар бунёди Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе - 2" дода шудааст.
"Покрӯд" аз ҷумлаи ширкатҳои истихроҷи тило дар Тоҷикистон аст, ки ҳамаи саҳмияҳояш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тааллуқ дорад. Кони "Покрӯд" дар дараи Ромит, дар ноҳияи Ваҳдат ва начандон дур аз пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст ва ба ҳисоби геологҳои тоҷик тақрибан 134 тонна тило дорад.
Истеҳсоли тило дар Тоҷикистон дар ҳоле афзоиш меёбад, ки аксар конҳои тилои кишвар дар ихтиёри ширкатҳои Чин гузошта шудааст. Ва суоли матраҳ ин аст, ки аз афзоиши истихроҷи тило дар Тоҷикистон бештар кӣ фоида мебарад: ширкатҳои Чин ва ё Тоҷикистон?
Раҳмонбек Бахтдавлатов, заминшиноси собиқадор ва муовини пешини Идораи заминшиносии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт:
"Ҳамаи тилое, ки ширкатҳо истеҳсол мекунанд, дар Тоҷикистон мемонад. Танҳо агар Тоҷикистон он тилоро нахарад, баъд ҳақ доранд, ба хориҷа баранд. Аз ҳар кон Тоҷикистон ҳиссаи худро дорад ва ба замми ин ширкатҳо андоз месупоранд, ҷойи кории нав ташкил мешавад."
Ҳамсуҳбати мо афзуд, "ҳоло ҳукумат талош дорад, ки ба ҷуз ширкатҳои чинӣ ширкатҳои кишварҳои дигарро ҳам барои истихроҷи филиззоти гаронбаҳо ба Тоҷикистон ҷалб кунад, то дар бозори дохилӣ рақобат ба вуҷуд ояд."
Баъзе аз коршиносон аз он нигаронанд, ки бахши аъзами даромади сарватҳои қаъри замини Тоҷикистон ба суди ширкатҳои чинӣ аст, чун саҳмияҳои чанде аз корхонаҳои истихроҷи тило пурра моли ширкатҳои Чин шудаанд. Ҳамчунин сиррӣ будани маълумот дар бораи тақсимоти сарватҳои қаъри замин ба коршиносони мустақил ва расонаҳо имкон намедиҳад, ки то куҷо ба суду зиёни Тоҷикистон будани сармоягузориҳои Чинро дар бахши истихроҷи тило арзёбӣ кунанд.
Намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба коркарди тило машғуланд, аз шарҳи ҳамагуна иттилоъ аз ҳосили ҳамкориҳояшон худдорӣ мекунанд.
Мақомоти давлатӣ ҳам хуш надоранд, ки дар мавзӯи коркарди конҳои тилои Тоҷикистон бо саҳмияҳои бештар ба тафсил сӯҳбат кунанд.
Мақомот чаҳор сол пеш ифшои иттилоъ дар бораи истихроҷи тилоро манъ карданд. То замони сиррӣ эълон шудани ин маълумот, дар соли 2016, Тоҷикистон 5 тонна тило ва беш аз се тонна нуқра истихроҷ карда буд.
Истихроҷи тило барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тилои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тилову асъори кишвар мехаранд.
Бино ба иттилои Саридораи геологияи тоҷик, захираи тилои кашфшуда дар конҳои Тоҷикистон наздик ба 500 тоннаро ташкил медиҳад.