Мақомоти вилояти Суғд рӯзи 5-уми май рӯйхати даҳ сокини шаҳри Исфараро нашр карданд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ бо Қирғизистон ҳалок шудаанд. Ин номҳоро Радиои Озодӣ дар шаш рӯзи гузашта бо истифода аз манобеи худ ва наздикони фавтидаҳо гирд оварда буд.
Феҳристи пурраи ҷонбохтагон дастрас нест.
Радиои Озодӣ то ин дам мустақилона номи 18 қурбонии ҷанги ахир дар марз бо Қирғизистонро ошкор кард. Даҳ нафари онҳо низомӣ ҳастанд ва аз минтақаҳои гуногуни кишваранд.
Рӯйхати даҳ сокини кушташудаи Исфара рӯзи 5-уми май ва замоне нашр шуд, ки ҳукумати вилояти Суғд эълон кард, ба оилаи онҳо дар умум 700 ҳазор сомонӣ (ба ҳар як оила 70 ҳазор сомонӣ) ёрӣ карданд.
Рӯйхати 10 қурбонии ҷанҷоли марзӣ аз Исфара
Ҷамоати деҳоти Сурх:
Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ:
Ҷамоати деҳоти Ворух:
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар вохӯрӣ бо хонаводаи қурбониён дар шаҳри Исфара гуфтааст, ки ҳукумат онҳоро "ҳеч гоҳ танҳо намегузорад".
Мақомот ваъда кардаанд, ки барои тарбияи фарзандони фавтидагон ва таҳлсили онҳо дар мактабҳои олӣ тавассути ҷудо кардани квота мусоидат хоҳанд кард. Ҳамзамон, ба гуфтаи мақомот, “барои поси хотири шаҳидон” лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.
Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон шумораи захмиёну қурбониёнро намегӯянд, вале Радиои Озодӣ мустақилона то ин дам номи 18 қурбонии задухӯрди мусаллаҳонаро ошкор кард. Даҳ нафари онҳо низомӣ ҳастанд.
Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.
Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Гапи Озод: Чӣ кор бояд кард, ки дар сарҳад ҷангу хунрезӣ нашавад? ВИДЕОЧанд посух ба "чаро?"-ҳо дар бораи ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. ВИДЕОҲумайро Бахтиёр: Чаро Тоҷикистон "пинҳонкорӣ" мекунад?Раиси Исфара чӣ гуна дар марз тир хӯрданашро нақл кард. ВИДЕО, САДОДодситонии кул зидди саркардагони даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парванда кушод. ВИДЕОҲамёрӣ ба сулҳ, сипар зидди "фейкҳо". Изҳороти ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҚирғизистонСвердлов: "Тоҷикистону Қирғизистон бояд ба аҳдҳои додаашон пойбанд бошанд"АКС: Оқибатҳои ҷанг дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон