Раиси шаҳри Исфара, ки рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуда буд, гуфт, пизишкони бемористони шаҳри Хуҷанд тирро аз баданаш берун овардаанд ва ӯ ба зудӣ ба кор бармегардад. Баҳоваддин Баҳодурзода 4-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки он рӯз барои ҳалли муноқиша ба Маркази тақсими об, машҳур бо номи "Головной", рафта буд, вале баъди тир хӯрдан чаҳор соат натавонист маҳалли ҳодисаро тарк кунад.
Ӯ ҷониби Қирғизистонро барои оғози ҷанг айбдор кард. Мақомоти Қирғизистон дар навбати худ сокинону низомиёни тоҷикро барои оғози муноқишаи хунин гунаҳкор мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3-юми май гуфт, "ин нерӯҳои марзбони Қирғизистон буданд, ки чанд низомии тоҷик ва Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфараро, ки барои ҳалли ҷанҷол рафта буд, бо зарби тир маҷруҳ карданд." Ду тараф дар робита ба ҷанг дар сарҳад парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Суҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Баҳоваддин Баҳодурзода дар бемористони Хуҷанд баргузор шуд.
- Саломатиям хуб аст ва, Худо хоҳад, рӯзҳои наздик ба кор бармегардам.
- Кай аз шифохонаи Исфара ба бемористони Хуҷанд интиқол ёфтед?
- Рӯзи 30-юми апрел. Барои тирро гирифтан маро ба ин ҷо, ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд, оварданд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият гузашт. Ҳоло вазъиятам нағз аст. Омода ҳастам, ки боз ба халқу ватан хидмат кунам.
- Дақиқан аз куҷо захмӣ шудед?
- Аз тарафи китфи рост захмӣ шудам. Духтурон тирро аз тарафи чап ёфта гирифтанд. Дар масъалаи саломатӣ ягон ташвиш надорам.
- Маълум шуд, ки тири чӣ будааст?
- Инро "экспертиза" маълум мекунад.
- Дар кадом шароит захмӣ шудед?
- Мехостам, ба он ҷо рафта, масъалаҳоеро, ки ба миён омада буд, бо роҳи гуфтушунид ҳал кунем. Афсӯс, ки аз тарафи давлати ҳамсоя бе ягон огоҳӣ, бе ягон огоҳии ҷангӣ тир кушода шуд ва ман дар он ҳолат захмӣ шудам.
- То бемористон расидан чанд лаҳза дар маҳалли ҳодиса мондед?
- Тӯли чаҳор соат дар он ҷо қарор доштам.
- Кӣ бештар кумак расонд?
- То ба беморхона овардан як корманди ҳукумат ва маъмурони Шуъбаи корҳои дохилӣ кумак расонданд.
- Ин дақиқан кадом рӯз ва кадом соат аст?
- Ҳамон соатҳои аввали муноқиша. Пас аз сангпартоӣ, аз тарафи ҳамсояҳо тир кушоданд, аллакай ман захмӣ шуда будам. 29-уми апрел, соати 13:05 ё шояд 13:10. Шунидем, ки мардуми ҳамсоя бисёр ҷамъ шуда истодаанд, барои муноқиша сар наздан, барои гуфтушунид бо роҳбарони ҷумҳурии Қирғизистон ба он ҷо рафтем.
Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:
- Рӯзи насби камера, ки бисёриҳо онро сабаби муноқиша медонанд, кадом буд?
- Санаи 28-уми апрел.
- Дар ҷониби Тоҷикистон чанд дурбини назоратӣ ҳаст?
- Дар тарафи Тоҷикистон се камера ва дар тарафи ҷумҳурии ҳамсоя шояд зиёда аз 4-5 камера насб карда шудааст.
- Ҷое, ки камера часпондед, ҳудуди Тоҷикистон аст ё кишвари ҳамсоя?
- Ҳудуди Тоҷикистон аст. Аз пул ин тараф.
- Сокинони он тараф чӣ мегӯянд? Ҳудуди Қирғизистон?
- Мо исбот кардем, ки аз рӯйи хатти шартӣ қаламрави Тоҷикистон аст.
- То чӣ ҳад ба ин гуфтаҳои Шумо розӣ шуданд?
- Онҳо гуфтанд, ки агар камераро нагиред, маҷбуран, ба таври зӯрӣ мегирем.
- Шурӯи ҷанг аз тарафи кӣ буд?
- Оғози ҷанг аз тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон.
- Сокинони мулкӣ буданд, ё низомиён?
- Аввал сангпартоӣ шуд, баъд аз он низомиён бе огоҳӣ ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир кушоданд.
Баҳоваддин Баҳодурзодаи 45-сола соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ чанд сол мушовири Раёсати адлияи вилояти Суғд буда, тайи шаш сол дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд кор кардааст.
Дар натиҷаи муноқишаҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, аз ду ҷониб, даҳҳо кас куштаву беш аз дусад нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ин дами омори захмиёну маҷруҳонро нагуфтанд, вале Радиои Озодӣ номи 18 қурбонии ҳодисаро маълум кард. Хабаргузории "Азия-Плюс" теъдоди захмиёнро 88 нафар гуфт. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар муноқишаи ахири марзӣ 183 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд.