Намояндагони ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистон бо нашри изҳороте талаб карданд, ки пеши роҳи пахши хабарҳои дурӯғ дар робита ба муноқишаҳои марзӣ гирифта шавад. Ахборе, ки ба гуфтаи муаллифони изҳорот, адовату душманӣ миёни тоҷикону қирғизҳоро ба миён меорад. Изҳорот дар пайи он пахш шуд, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон панҷ рӯз қабл шоҳиди як муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Мо паҳн шудани иттилоотеро маҳкум мекунем, ки бо далелҳои бардурӯғ боис ба афзоиши муноқиша ва барангехтани кинаву адоват байни аҳолии ду кишвар мешавад.Аз изҳорот
Изҳороти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 2-юми май пахш шуд ва зери он 65 нафар аз фаъолони ду кишвар имзо гузоштаанд. Муаллифони изҳорот навиштаанд, аз оташбаси фаврӣ миёни Душанбе ва Бишкек ва талош барои ҳалли мушкил аз роҳи гуфтугӯ истиқбол мекунанд. Онҳо, ҳамчунин, пешниҳоди омодагӣ ба ширкат дар ин гуфтугӯҳо ва ёрии худ барои ҳалли сулҳомези низоъ шуданд.
"Муроҷиати мо бар пояи эътиқоди мо ба пойдории дӯстии чандинасраи халқҳоямон асос ёфта, аз умед ба ояндаи осоишта ва шукуфони Осиёи Марказӣ сарчашма мегирад. Мо дастгирии қавӣ ва ҳамаҷонибаи худро аз сиёсати ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба оташбаси фаврӣ ва ҳалли низоъ дар сарҳади вилоятҳои Суғд ва Бодканд тавассути дипломатия ва раванди гуфтушуниди созанда тасдиқ менамоем ва омодаем дар он ҳамчун намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок кунем", -- гуфтаанд муаллифони ин паём.
Вале фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, аз ин ки дар ҷараёни муноқиша ва баъд аз он пахши хабарҳои дурӯғ ва барангезандаи кинаву адоват зиёд шуд, нигарон ҳастанд.
“Мо паҳн шудани иттилоотеро маҳкум мекунем, ки бо далелҳои бардурӯғ боис ба афзоиши муноқиша ва барангехтани кинаву адоват байни аҳолии ду кишвар мешавад”, -- омадааст дар изҳорот.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳалли масъала пешниҳод кардаанд, ки мониторинги ҳамарӯзаи шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил шавад, то аз паҳн шудани иттилооте, ки ба душманӣ даъват карда, бадбинӣ эҷод мекунад, пешгирӣ шавад ва ба ҷойи он маълумоти боварбахш аз ду тараф паҳн шавад. “Бояд имконияти расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири бозтоби холисонаи вазъият дар минтақаи марзӣ муттаҳид карда шавад”, -- гуфта мешавад дар хулосаи изҳорот.
“Бояд шахсиятҳое суҳбат кунанд, ки таъсиргузор ҳастанд”
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қариб нисфаш то ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, солҳост, ба макони муноқиша ва низоъ миёни сокинон табдил шудааст. Муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел, ба гуфтаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҳодисаҳои солҳои пеш фарқ дошт. Чун ин муноқиша мисли гузашта фақат ба сангандозии сокинон ё тирпаррони марзбонон маҳдуд нашуд ва артиши ду кишвар вориди корзор гардид.
Ба ҷуз ин, дар пайи эълони хабари муноқиша, дар бисёр аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сокинон ҷамъ шуда, ба гуфтаи мақомот хостори рафтан ба минтақаи низоъ шудаанд. Дар Қирғизистон низ гуруҳе аз сокинон дар назди қасри президент ҷамъ омада, талаб карданд, ки онҳоро ба марз фиристанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони ду кишвар нисбат ба якдигар ибораи “душман”-ро зиёд истифода мебурданд ва ҳар тараф дигареро ба оғози муноқиша ва куштани мардум айбдор мекард.
Фазое, ки ба гуфтаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова, эҳтимол натиҷаи “провокатсия” буд. Хонум Бобоназарова мегӯяд, барои бартараф кардани чунин вазъ бояд онҳое вориди кор шаванд, ки дар миёни аҳолӣ нуфуз доранд ва ҳарфашон таъсиргузор аст.
"Имрӯз бисёриҳо доду вой мекунанд, ки ин қаҳрамон он қаҳрамон. Баъд аз 2-3 ҳафта ё як сол, бадбахтона, онҳо фаромӯш мешаванд. Мо ду ҳамсоя ҳама вақт дӯст будем. Он шахсоне, ки ба ин кор роҳ доданд, фарқаш нест аз кадом тараф "провакатсия" мекунанд. Бояд шахсиятҳое, ки дар ҳарду тараф дар ҷомеа вазн доранд, бо ин унвон ки "мо ҳам фарзандони туем, Осиё" вориди кор шаванд", -- афзуд Ойниҳол Бобоназарова.
Даъват ба худдорӣ аз афзоиши таниш ва эҷоди бадбинӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кишвари ҳамсоя ҳам садо додааст.
Баъзе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар ҳам навиштанд, “қирғизҳо бо бародарони тоҷик ҷангро намехоҳанд. Мо мусалмон ва ҳамсояем”. Аселя Абикеева, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон, дар саҳифаи фейсбукиаш бо забонҳои қирғизӣ ва тоҷикӣ навиштааст, “касе аз ин ҷанг мумкин фоида барад. Бо ин найрангбозӣ наафтед.”
Чӣ гуна акси сӯхтор дар Чин дар муноқишаи марзӣ пайдо шуд?
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон эълон карданд, ки задухӯрди мусаллаҳона дар марзҳои ду кишвар ба поён расида, ҳайатҳои ду кишвар барои таъину аломатгузории минтақаҳои баҳсӣ дасту остин бар задаанд. Аммо дар расонаҳои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз баҳсҳо дар бораи кӣ ҳақ будану кӣ ҷабр кашидан дар ин муноқиша идома дорад.
Ҷамшед Маъруф, рӯзноманигор ва муҳаррири сомонаи “Фактчек”, мегӯяд, дар робита ба муноқишаи ахир дар марз он қадар иттилои бардурӯғ дар шабакаҳо нашр шуд, ки онҳо намедонистанд, кадомашро барои таҳқиқ интихоб кунанд. Рӯзноманигор мегӯяд, дар чаҳор рӯзи охир, ӯву ҳамкоронаш чанд иттилотеро ошкор карданд, ки “ба оташи муноқиша равған мерехт”.
Аз ҷумла, як рӯз баъд аз муноқиша аксҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки гуё чархболҳои Тоҷикистон ба мошинҳо зарба задааст. Ҳол он ки таҳқиқи рӯзноманигорон нишон додааст, ин акс ба ҳодисаи оташ гирифтани як нуқтаи сӯзишворӣ рабт дорад, ки соли 2018 дар ноҳияи Лайлак рух дода буд. Ё ин ки аксе аз тарафи корбарони тоҷик ба шабакаҳо роҳ ёфт, ки гуё онҳо хонаҳои сокинони ҳамсояро оташ задаанд, вале таҳқиқи ин акс ҳам нишон додааст, ки он ба як сӯхтор дар Чин рабт дорад.
Ҷамшед Маъруф мегӯяд, ҳамин гуна хабар ва аксҳои сохта хеле зиёд паҳн шудааст, ки боис ба пайдо шудани тарсу ваҳм дар миёни аҳолӣ мешавад. Муҳаррири сомонаи “Фактчек “мегӯяд, дар чунин шароит мақомот барои ба ваҳм наафтидани аҳолӣ бояд иттилои воқеиро ба ҷомеа расонанд.
Мақомоти давлатии Қирғизистон аз оғози воқеа ва бо ҳар таҳаввули он маълумот ва оморро дар ихтиёри расонаҳо мегузоранд, вале ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз додани чунин маълумот худдорӣ мекунанд. Иттилоъ дар бораи қурбониёни Қирғизистонро Вазорати тандурустии ин кишвар пахш кард, лек чунин маълумот танҳо бо роҳи як ба як ҷамъ овардани иттилоъ дар бораи ҳар қурбонӣ аз тарафи хабарнигорони Радиои Озодӣ расонаӣ шуд.
Мақомоти тоҷику қирғиз рӯзи 1-уми май дар поёни музокирот гуфтанд, талош мекунанд, муноқишаҳои хунин дар марз дигар такрор нашавад ва ҳарчи зудтар марзро аломатгузорӣ кунанд. Вале охири роҳе, ки ҳанӯз 19 соли пеш сар шуд, то ҳол норӯшан аст ва маълум нест, ки марзи ду кишвар кадом сол пурра муайян мешавад.
Дар чунин шароит паёми ҷомеаи шаҳрвандии ду кишвар ин аст, ки нофаҳмӣ дар марз набояд боис ба он шавад, ки сокинони ду тараф дар симои ҳамдигар душманро бубинанд.