Чаро сарҳади нисбатан ороми Тоҷикистону Қирғизистон якбора ноором шуд? Кинаву адовати чандинсолаи сокинони наздимарзӣ сабаб шуд, шиорпартоиҳои мақомоти ду тараф ва ё обу заминҳои баҳсии бозмонда аз Шӯравии собиқ?
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷуз аз баёнияҳои расмӣ ва гунаҳкор кардани якдигар барои оғози ҷанг дар марз тафсилоти бештаре намедиҳанд. Сокинони ду кишвар низ.
Коршиносон дар Тоҷикистон сабабҳои оғози даргирии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрелро, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву садҳо захмӣ бар ҷой гузошт, гуногун медонанд, аммо аксарият ба ҳалношуда мондани қитъаҳои баҳсӣ таъкид доранд.
Мушкили 96-сола
Сиёсатшиноси ҷавони тоҷик, Шералӣ Ризоён, мегӯяд, ин мушкили тақрибан 96-сола асту ҳаллаш дар як муддати кӯтоҳ – имконнопазир. Ӯ рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз ҷонибҳо барои пурра ба анҷом расидани баҳси марзӣ ва ҳалли он гуфтушунид доранд. Манфиатҳои миллии кишварҳо талаб мекунад, ки мушкилот ҳарчӣ зудтар ҳал шавад ва ба дарозо кашидани он ҳамеша ҳамчун омили хатарзо ва таҳдидофар хоҳанд монд."
Аммо роҳи ҳал ва он ҳам зудрас кадом аст? Тоҷикистону Қирғизистон чандин сол боз барои таъину аломатгузории қитъаҳои баҳсӣ ҷаласаҳо баргузор мекунанд, аммо зоҳиран пешрафте накардаанд. Ин ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ 970 километр сарҳад доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян кардаанд.
Шералӣ Ризоён дар суҳбати ҷудогона ба як хабаргузории озарӣ гуфтааст, айни замон наметавон танҳо риоя шудани манфиатҳои як ҷонибро тақозо кард.
"Раванди таъину аломатгузориро дар ҳолати мавҷуд будани иродаи сиёсӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои миллӣ ба поён расондан мумкин аст. Масъалаҳоро бо баргузории гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, маъракаҳои иттилоотӣ ва ҷустуҷӯи пуштибони берунӣ ҳал кардан ғайриимкон аст. Музокирот наметавонад, ҳамеша дар "асорат"-и муборизаҳои сиёсии дохилӣ бошад. Ҷониби қавӣ лозим аст, ки созишномаҳои ҳосилшударо таъмин кунад, то дар оянда чунин муноқишаҳо пешгирӣ карда шаванд", -- шарҳ додааст ӯ.
"Шикасти сиёсӣ"?
Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, то ба ин сатҳ расидани низоъро дар марз "шикасти сиёсӣ" номид ва пешниҳод кард, ки ба раванди музокирот ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб карда шаванд:
"Қудратиҳоро бояд аз ҳайати гуфтугӯкунандаҳо дур кард. Маъмуриятҳои шаҳрвандӣ бояд гуфтугӯро идома диҳанд, агар ин корҳо анҷом нашаванд, пайомадаш хеле фоҷиабор метавонад бошад. Ҳеч кас намехоҳад, кор то ба ин сатҳ расад. Зеро ҳамаи мо медонем, ки чунин танишҳо миёни Арманистону Озарбойҷон бо чӣ анҷомид."
Баъд аз ду рӯзи муноқишаи хунин ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои оташбаси доимӣ ва берун бурдани нирӯҳо аз минтақаҳои наздисарҳадӣ ба созиш расиданд. Инчунин, розӣ шуданд, ки Кумисюни таъйину аломатгузории марзи ду кишвар ба кори худ идома идома диҳад.
Қамчибек Тошиев, раис Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 2-юми май дар деҳаи Мақсат гуфт, дар бораи муайян кардан ё кашидани 112 километр хатти марз дастур дода шудааст: "Ин кор аз 5 то 9-уми май анҷом дода мешавад. Пас аз он ки ин бахш ба созишномаҳо дохил карда мешаванд, президентҳо ҳуҷҷатҳоро имзо мекунанд ва онҳо тасдиқ карда мешаванд, мо ба кор оид ба аломатгузорӣ шуруъ мекунем."
Тахмину хулосаи коршиносони дигарро дар ин навор бинед:
"Шароити имрӯз ҳатто аз ибтидои даҳаи 2000-ум фарқ мекунад"
Дар Тоҷикистон аз хатми муноқиша ва идомаи музокирот барои мушаххас кардани хатти марз истиқбол мекунанд ва онро ягона роҳи ҳали мумкин медонанд. Коршинос Қосими Бекмуҳаммад гуфт, "ҳодисаи ахири марзӣ ҳам нишон дод, ки ҳалли мушкилоти сарҳад аз роҳҳои фишори низомӣ қобили ҳал нест."
Гузашта аз ин, ба бовари ӯ, "Тоҷикистон агар то чанд соли пеш дар масоили марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя хештандорӣ нишон медод, ба ин натиҷа расид, ки дар ниҳоят ин масъала боис ба имтиёз додан ба ҳамсояҳо хоҳад шуд. Шароити имрӯз бо шароити натанҳо даҳаи солҳои 90-ум, ҳатто бо ибтидои даҳаи 2000-ум фарқ мекунад. Иттифоқоти охир ин паёмро ба тарафи дигар дод, ки Тоҷикистон дар масъалаи марзӣ бамаротиб ҷиддитар аз гузашта аст."
Дар Қирғизистон дидгоҳҳо ба ин мавзуъ яксон нест. Арбоби ҷамъиятӣ Жамин Акамалиев аз амалкарди охири мақомоти кишвараш барои ҳалли низои марзӣ ситоиш кард. Вай ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: "Мо бояд босаброна ҳама чизро ба тартиб дарорем. Бояд ба эҳсосот дода нашуда, мардумро ором кардан лозим аст. Ва он гоҳ бояд тафтиш кард, ки чӣ шуд ва муайян кард, ки воқеан чӣ рӯй дод, аммо ҳоло ба мо сулҳ лозим аст."
"Қирғизистон роҳи дувумро интихоб кард"
Ин дар ҳолест, ки сиёсатшиноси қирғиз, Айбек Тенизбоев, бовар дорад, ҳукумати Қирғизистон ду роҳ дошт: "Аввалаш эълом кардани Тоҷикистон ҳамчун таҷовузкор ва ҷамъоварии далелҳо барои муроҷиат ба созмонҳои дахлдори байналмилалӣ. Аммо дар ин ҳолат раванди таъини марз бо ҳамсоя боз ҳам мушкилтар ва тӯлонитар мешуд."
Ва роҳи дувум, ба ақидаи ӯ, "дӯст" эълом кардани Тоҷикистон ва андешидани чораҳои муассир барои делимитатсия ва демаркатсияи марзҳост. "Содир Ҷабборов варианти дуюмро интихоб кард. Тамоми масъулият ба дӯши ӯст", -- гуфтааст сиёсатшиноси қирғиз.
Бо ин ҳол, гуруҳе ба ин боваранд, ки даргирии охир доғеро дар дили ду тараф хоҳад гузошт ва нобоварӣ дар оянда метавонад, дарди сари аз ин бештаре биоварад. Аммо Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, фикр намекунад низоъҳои марзӣ байни ду кишвар ба як ҷанҷоли калон табдил ёбанд.
Тағйир дар муносибатҳо?
Ба қавли ӯ, "ин ду кишвар дар минтақаи Шӯравии собиқ аз қафомондаҳоянд ва, гумон намекунам, вазъи молӣ барояшон имкон диҳад, ки захираҳои худро ба як ҷанҷоли байнидавлатӣ равона кунанд."
Қодиров ҳамзамон тағйири муносибати Тоҷикистонро бо баъзе аз дӯстони собиқаш аз эҳтимол дур намедонад: "Ин ҷанҷол дар муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя низ таъсир мерасонад, хусусан, дар муносибати Тоҷикистон бо Эрон. Тоҷикистон дар ин муносибатҳо аз баъзе манфиатҳои шахсии элитаи сиёсӣ даст кашида, манофеи умумидавлатиро пеш гирифта истодааст."
Ҳоло чашмҳо ба сӯйи ҳайатҳое дӯхта шудааст, ки дер ё зуд хатти марзи ду кишварро кашида, ба ихтилофҳои кӯҳнаи сарҳадӣ нуқта гузоранд. То он вақт, ба гуфтаи сиёсатшинос Шералӣ Ризоён, "агар омилу сабабҳои такондиҳандаи низоъ ҳаллу фасл нагардад, пешгирӣ намудани он дар оянда мушкил мешавад. Дар ин самт дарки ду нукта: риоя намудани созишҳои дуҷонибаи имзошуда; дуюм, эҳтиром ба манфиатҳои миллии тарафҳо ва ба назар гирифтани он бисёр муҳим мебошад."