Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Свердлов: "Тоҷикистону Қирғизистон бояд ба аҳдҳои додаашон пойбанд бошанд"


Стив Свердлов мегӯяд, ду тараф бояд нагузоранд, ки фоҷиа такрор шавад.
Стив Свердлов мегӯяд, ду тараф бояд нагузоранд, ки фоҷиа такрор шавад.

Дар натиҷаи даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 28-уми апрел даҳҳо ғайринизомӣ аз ду тараф куштаву захмӣ шуданд ва хонаву иншооти зиёд ҳам осеб дид. Радиои Озодӣ дар бораи ин масоил ва омилҳои дигари низоъ бо Стив Свердлов, як ҳомии ҳуқуқ аз Амрико суҳбат кард, ки борҳо ба ду кишвар сафар кардааст.

Радиои Озодӣ: Стив, моҷаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаштаҳо ҳам рӯй додааст. Онҳо одатан дар баҳор ё тобистон сар мезананд. Чаро, ба назари шумо, ин дафъа чунин сахт буд, даҳҳо нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд?

Стив Свердлов: "Мехоҳам аз даъват ба Бишкеку Душанбе шурӯъ кунам, ки онҳо ӯҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башарро имзо кардаанд. Дар ҳар гуна низои мусаллаҳонаи чӣ дохилӣ ва чӣ байналмилалӣ ӯҳдадории аввалиндараҷа ин аст, ки дар низоъҳои мусаллаҳона шумо наметавонед, ҳеч як иншооти ғайринизомӣ мисли мактаб, беморхона, муассисаҳои мулкии мисли васоили обтақсимкунӣ ё нирӯи барқро ҳадаф қарор диҳед.

Ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон муҳим аст, ки ба ин ӯҳдадориҳо пойбанд бимонанд. Мо хабари оташбасро шунидем, вале зарур аст, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон ба таври ошкор инро бипазиранд, ки мардуми мулкӣ мавриди ҳадаф қарор намегиранд. Бешубҳа, мо намехоҳем, ки ҳеҷ гуна низое бархезад. Ман нахуст ҳаминро гуфтанӣ будам. Акнун посух ба саволи Шумо.

Ба назари ман, мо дар чанд соли охир шоҳиди як тамоюли афзояндаи истифодаи нирӯ мешавем. Дар низои охир мо шоҳиди истифодаи чархболҳо, тарконидани ҳадафҳои мухталиф ва мусаллаҳшавии бештар шудем. Чанд омил вуҷуд дорад. Яке, албатта, ин аст, ки баҳсҳо сари замину об мисле ки рамзӣ шудаанд ва дар давоми се даҳсола хатти марз мушаххасношуда мемонаду музокираҳо бенатиҷа меанҷомад. Мавқеи як тараф тарафи дигарро ба ҳарос меорад. Сатҳи ноамнӣ, тарс ва иттиҳоми ҳамдигарӣ то рафт боло меравад ва тасмимҳои сиёсие, ки мо мебинем, мутаассифона, на ба Душанбе ва на ба Бишкек кӯмак намекунанд.

Мутаассифона, раиси Кумитаи амнияти миллӣ Тошиев тавозунро риоя намекунад ва дар маҷмӯъ, вазъи Қирғизистон аз октябри соли 2020 мавриди ташвиш шудааст. Ба ин масъала чандин шиорҳои миллатгароёнаи ҳукумат ҳам афзуд. Як омил, бешубҳа, лаҳни суҳбатҳоест, ки аз Бишкек садо медиҳанд. Аз сӯи дигар, мо медонем, ки сол то сол президент Раҳмон ва гурӯҳи худкомаи ӯ дар қудрат қавитар мешавад. Ин ба он маъност, ки садои гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқ дар шимоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд шунида намешавад.

Мутаассифона, ду пойтахт аз минтақаҳои калонтарини кишвар хеле дур ҳастанд ва ноумедӣ дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ афзудааст. Мо шоҳиди эътимоди торафт камшаванда ва афзоиши сатҳи иттиҳоми ҳамдигарӣ дар ҷомеаҳои Тоҷикистону Қирғизистон мешавем. Соли 2019, масалан, як зане, ки мехост ба қаламрави кишвари дигар гузашта об бигирад, кушта шуд. Ӯ аз ҷониби марзбони қирғиз кушта шуд. Ингуна ҳодисаҳо сокинонро дар тарс нигаҳ медоранд. Ноумедии афзояндаи иқтисодӣ омехта бо набуди иродаи сиёсӣ барои дастёбӣ ба созиш боиси тавсиаи низоъ ва марги даҳшатноки ғайринизомиён мешавад."

Аз марги ғайринизомиён...

Радиои Озодӣ: Дар Қирғизистон 34 ва дар Тоҷикистон 16 нафар кушта шуданд. Даҳҳо мардуми мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Оё ҳаводиси ахир ба вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ чӣ таъсире мегузорад?

Стив Свердлов: "Масоили зиёди марбут ба ҳуқуқи башар ҳоло таҳти хатар аст. Тавре дар оғоз гуфтам, талаботи қонуни ҷанг аз назари қонунҳои башарии байналмилалӣ мегӯяд, ки ҳимояти мардуми мулкӣ бояд таъмин шавад. Ҳадаф қарор додани мактабҳову оташ задани муассисаҳои тиббӣ, беҷо кардани мардум, ки дар солҳои 2000-ум дар Қирғизистон дида будем, бисёр нигаронкунанда аст. Вале чизе, ки бояд таъкид шавад, ин аст, ки набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро имзо кардаанд.

Паймони мазкур, ки кишвар имзо мекунад, ба сокинон замонат медиҳад, ки онҳо ба об, замин, шароити мусоиди зиндагӣ, муассисаҳои таълимӣ дастрасӣ хоҳанд дошт. Ин санад ҳуқуқи бунёдии ҷомеаҳои маҳаллиро ба ин чизҳо замонат медиҳад. Ин ҳуқуқи бунёдии онҳо таҳти хатар аст, чунки тарси зиёд вуҷуд дорад, тарс аз дастнорас шудани замин ва, тавре гуфтам, аз шумори афзояндаи марзбонон, ки барои ҳалли низоъ ҷалб шудаанд. Ин масъалаҳо бояд дар сатҳи ҷомеаҳои маҳаллӣ ҳал шаванд ва мақомоти тоҷику қирғиз бояд бо ҳам муколама ва муомила кунанд.

Ин қаламрав бисёр хосса аст, чунки як минтақаи омехтаву печидае мебошад ва ҳалли якҷониба надорад ва мардуми ин маҳал дар ҳама бахшҳо ба таври омехта аз ин ҳама имкониятҳо бояд истифода бикунанд. Хеле муҳим аст, ки ҳуқуқи бунёдии мардум барои дастрасӣ ба хатҳои об риоя шавад ва ба ҷои истифодаи чархболу тиру туфанг роҳҳои мусолиматомези мудирият ва риояи қонун пайдо шавад."

Миллатгароӣ ва ношаффофӣ...

Радиои Озодӣ: Шумо таъкид кардед, ки баъди изҳороти ахири бархе мақомот, аз ҷумла Қамчибек Тошиев, дар минтақа таниш афзоиш ёфт. Ба назари шумо, то куҷо ҳукумати Қирғизистон ба ин танишҳо вокуниши кофӣ нишон дод, то ки сатҳи таниш поин ояд. ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон оё барои ҳалли зуди вазъ, аз назари шумо, манфиатдор аст?

Стив Свердлов: "Саволи мураккаб аст. Аз ҷониби Қирғизистон мо дидем, ки то андозае мақомот ба ҷараёни музокира ҳамроҳ шуданд, вале пахши изҳороти миллатгароёна бояд билофосила бас дода шаванд. Аз сӯи дигар, мақомоти Тоҷикистон мисли ҳамеша ношаффоф амал мекунанд, мо намедонем, ки ҳоло шумори ҳалокшудаҳо чанд аст. Саволи зиёд ба он марбут аст, ки шояд нирӯҳои Тоҷикистон барои чунин ҳуҷум аз пеш омодагӣ дидаанд?

Ҳоло савол назар ба ҷавоб зиёд аст. Ҳоло муҳим аст, ки Раҳмон бо Ҷабборов ҳам билофосила сари миз нишинанд ва на танҳо барои оташбас. Мо дидаем, ки умри оташбас дароз нест. Хеле муҳим аст, ки ҳам президент Раҳмон ва ҳам президент Ҷабборов хеле рӯшан гуфтугӯ кунанд, аз тарафи худ роҳҳали низоъро дар шакли эътирофи манфиати одилонаи ҳамдигарӣ ба, тавре гуфтам, обу замин ва инчунин ба ҳуввият бипазиранд.

Мо медонем, ки ин намуд низоъҳо давоми сад сол вуҷуд дошт, яъне дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ. Соли 1936, дар солҳои 1960-ум, соли 1989... Он замон шароит фарқ мекард. Низоми умумӣ дар дасти Иттиҳоди Шӯравӣ буд, артиши Шӯравӣ буд, ки ворид мешуд, инчунин як таҷрибаи умумии ҳуввияти воҳид вуҷуд дошт: муоширати умумӣ бо ҳамдигар ба забони русӣ. Ин чиз, мутаассифона, аз даст меравад. Таҷрибаи умумиятҳо бо марзу роҳҳалҳои низомӣ аз даст меравад. Ин ҳамон фоҷиаест, ки онро бояд ҳал кард."

Радиои Озодӣ: Бархе таҳлилгарон гуфтанд, замоне, ки тирандозиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вусъат ёфт, яъне 29-уми апрел, дар Душанбе аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҷаласа доштанд. То он замон, тавре гузориш мешуд, низомиёни баландпояи рус ҳам ба Тоҷикистон зиёд сафар карданд. СПАД барои чӣ лозим аст, агар дар чунин ҳолатҳо барои ҳимоят аз амнияти мардуми кишварҳои узваш машғул нашавад?

Стив Свердлов: "Бадбахтона, ин ҳолати аввал нест, ки нақши СПАД ба унвони як созмони ҳофизи сулҳ дар минтақа зери суол меравад. Вазифаи калидии ин созмон аст, ки ҳуқуқи мардум ба амниятро ҳимоят кунад. Вале то ҳол мо ба ҷуз як формализми холӣ чизи дигаре надидем. Мутмаинам, ки Русия нигарон аст. Созмони дигаре ҳам ҳаст, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мебошад. Ин созмон дар Душанбе дафтар дорад, дар Бишкек ва қаламравҳои дигари Қирғизистон, аз ҷумла Ботканд ҳузури дарозмуддат дорад. Онҳо марзбонҳоро дар ҳарду тарафи марз маблағгузорӣ карда дарсҳои омӯзишӣ додаанд.

Ҳоло муҳим аст, ки ҳам САҲА ва ҳам сохторҳои Созмони Милал ба ин ҷараён ҳамроҳ шаванд ва ду тарафро ба ҳам оранд ва дар заминаи мудирияти муштарак дар марз бо ёрии ҷомеаҳои маҳаллӣ сӯҳбатҳо барпо кунанд. Мудирияти муштарак метавонад аз роҳи назорати муштараки полиси Тоҷикистону Қирғизистон таъмин шавад. Вале шарти аввалиндараҷа бояд ӯҳдадории тарафҳо барои оташбаси комилу ниҳоӣ ва истифода нашудани нирӯ бошад."

Иғвои кишвари дигар?

Радиои Озодӣ: Бархе таҳлилгарҳо тахмин мекунанд, ки шояд дар пушти ин низоъ нақши Кремлин бошад. Чун, тавре нашрияи New York Times навишт, дар пешорӯи тарки Афғонистон кардани нирӯҳои Амрико, низои Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақа бесуботӣ эҷод мекунад. Ба назари шумо, то куҷо низои марзии ахир ба вазъи геополитикии минтақа таъсир мегузорад?

Стив Свердлов: "Ин ҳодиса дар тамоми минтақа як ҳолати бесуботиро эҷод мекунад. Бешубҳа, ҳоло мо фақат тахмин мезанем, вале Амрико дар амри берун кардани нирӯҳову васоил музокироте бо Душанбе ва Бишкек барпо мекунад. Бешубҳа, чунин ҳодисаҳо ба масоили лоҷистикӣ таъсиргузор мешавад, марзҳо баста мешаванд, ҳарими ҳавоӣ барои парвозҳо хатарнок мешавад. Донистани ин чизҳо мушкил аст, вале ба манфиати Русия аст, ки мардуми мулкӣ тавони бозгашт ба хонаҳои худро дошта бошанд.

Муҳим аст, ки мардуми ҳар кишвари ҷойгир дар болооб ё поёноб – Тоҷикистон ё Қирғизистон, ба об ва дигар чизҳо дастрасӣ дошта бошанд. Бояд имкониятҳои иқтисодии онҳо баррасӣ шавад. Дар вилояти Суғд ва Ботканд сулҳи давомдор ҳаётан зарур аст. Бояд барои ҷомеаҳои маҳаллӣ имкониятҳо фароҳам шаванд, полиси ҳарду кишвар бояд пеши роҳи гурӯҳҳои ҷиноиро бигирад, марзбонон ба қочоқ ва ҳама гуна вуруди ғайриқонунӣ ваё гурӯҳҳои террористӣ роҳ надиҳанд. Онҳо бояд барои мардум муассисаҳои башариро дастрас кунанд. Марз бояд аз ҳузури низомӣ озод бошад. Мушкилот бояд аз ҷониби ҷомеаҳои маҳаллӣ ва маъмуриятҳои дохилӣ ҳал шаванд, на аз ҷониби низомиён ва ё марзбонон."

Радиои Озодӣ: Бархе дар бораи нақши даст ё гурӯҳҳои иғвогари сеюм ҳам дар низои ахир ҳарф мезананд. То куҷо, ба назари шумо, чунин имконият вуҷуд дорад?

Стив Свердлов: "Бояд як чизро эътироф кунем, ки ҷомеаҳои маҳаллӣ ҳам барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ нақш бозиданд. Ман шунидам, ки дар байни ҷомеаҳои маҳаллӣ, на марзбонон, афроде ҳастанд, ки вақт доштанд рафтори хашин ба намоиш гузоранд ва даст ба хушунат баранд. Ин амали онҳо далели ноумедӣ аз нақши давлат ва қонун дар ин манотиқ аст. Ва бархе аз сокинони маҳаллӣ гӯё қонунро бо дасти худ иҷро карданд. Ин рост аст, ки ҷомеаҳои маҳаллӣ ҳам бояд барои сулҳ саҳмгузор шаванд. Бояд шӯрои мӯйсафедон ваё қурултой ҳам бояд нақш иҷро кунад.

Президент Ҷабборов ва президент Раҳмон бояд ҳукумати қонунро ҷорӣ кунанд. Ҳардуи онҳо дар татбиқи як намуд созиши сулҳ шитоб намекунанд ва ин чиз ҷомеаҳои маҳаллиро нороҳат мекунад. Президент Ҷабборов ва раҳбарони дигари пеш аз ӯ омода набуданд, ки ба як навъ гузашт аз ҷониби ҷомеаҳои маҳаллӣ роҳ диҳанд, дар ҳоле, ки ин чиз бахши муҳими ҷараёни сулҳ буда метавонад. Гузашт, муомила ва созиш муҳим аст.

Мо дар мисоли ҳукумати Тоҷикистон ҳам чунин омодагиро надидем. Вале ба хотири ташкили чунин як муколама, президентони ҳарду кишвар бояд рӯ ба рӯи ҳамдигар нишинанд, шояд Узбекистон ҳам нақши миёнҷигиро пешниҳод кунад, Амрико, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва СММ бояд ҷонибҳои ташвиқкунанда барои дастёбӣ ба созиш бошанд."

XS
SM
MD
LG