Саидмаъруф Саидов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдодашро аз Русия ба Душанбе манъ карда буд, ба Тоҷикистон оварда шудааст. Наздиконаш рӯзи 3 июн гуфтанд, ки Саидмаъруф феълан дар идораи пулиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон нигаҳдорӣ ва ба "зархаридӣ" муттаҳам мешавад.
Гуфтам, агар ин хел бошад, даъват мекунам, меояд ва дар ҳаминҷо ҳал мекунем. Гуфтанд, ки даъват накунед. Аммо дертар боздошт карда ва ҳоло ба инҷо оварданд.
Аммо мақомоти умури дохилии Тоҷикистон то ҳол иттиҳом ва санаву шеваи ба кишвар оварда шудани ӯро ошкор накарданд. Як манбаъ танҳо гуфт, ки "тафтиши қазия ҳанӯз идома дорад".
Роза Муҳаммадова, вакили дифои Саидмаъруф Саидов дар Русия, дар як изҳороти кӯтоҳ аз мақомоти ин кишвар интиқод кардааст, ки бар хилофи қарори Додгоҳи аврупоӣ нафари таҳти ҳимояти ӯро ба Тоҷикистон таслим намуданд. Светлана Ганнушкина, раиси созмони “Кумакҳои шаҳрвандӣ” ва аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, низ ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки парвандаи Саидмаъруф сохта аст.
Нуралӣ Саидов, падари Саидмаъруф, рӯзи 3 июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъа дар ҳузури муфаттиш бо писараш дидор кардааст. Вай гуфт, ҳанӯз бо ҷузъиёти парванда ошно нашуданд, аммо бар асоси иттилои муфаттиш Саидмаъруф бо моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “зархаридӣ” муттаҳам аст, ки дар сурати исботаш аз панҷ то дувоздаҳ соли зиндонро дар назар дорад.
Нуралӣ Саидов мегӯяд, Саидмаъруф бар асоси нишондоди яке аз дӯстонаш дар ноҳияи Восеъ боздошт шуда, зоҳиран тамошои чанд навор дар бораи ҷангҳои Сурия дар интернет "далел шудааст".
"Пеш аз онки дар Русия боздошт шавад, маро ба шуъба даъват карда буданд. Дар борааш пурсиданд. Гуфтам, ки тинҷӣ аст? Чанде аз аксҳои Абубакри Бағдодиву дигаронро нишон дода, гуфтанд, ки бачаат бо инҳо тамос дорад. Гуфтам, ин тавр нест. Агар масъалаи тамошои видеои Сурия дар интернет бошад, ҳама тамошо мекунанд, дар телевизион ҳам мебинем. Аммо писари ман бо онҳо ҳеҷ иртибот надорад. Гуфтам, агар ин хел бошад, даъват мекунам, меояд ва дар ҳаминҷо масъаларо ҳал мекунем. Гуфтанд, ки даъват накунед. Дертар боздошт карда ва ҳоло оварданд. Намедонам, чӣ мешавад", - нақл кард ӯ.
Ин сокини ноҳияи Восеъ гуфт, писараш як соли қабл бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буд. Вакили дифоъ Роза Муҳаммадова мегӯяд, рӯзи 10-уми апрели имсол муддати нигаҳдории Саидов дар боздоштгоҳ ба поён расид ва ӯ бояд озод мешуд.
Аммо ғайримунтазира ӯро аз СИЗО ба идораи умури дохилии "Якиманка" бурда, ба будубоши ғайриқонунӣ дар Русия муҷрим шинохтанд ва бар иловаи 5000 рубл ҷарима, қарори ихроҷашро ҳам содир намуданд. Додгоҳи олии Русия рӯзи 23-юми майи имсол шикояти Роза Муҳаммадоваро дар бораи манъи ихроҷи Саидмаъруф Саидов ба Тоҷикистон рад кард.
Саидмаъруф Саидов яке аз нуҳ фарзанди Нуралӣ Саидов аст, ки ба гуфтаи падараш "соҳиби оила аст ва чанд сол боз барои кор ба назди бародаронаш ба Русия рафта меомад". Яке аз бародарони ӯ Сулаймон Саидов аст, ки моҳи апрели соли гузашта дар метрои шаҳри Маскав дар натиҷаи тирпаронии Олег Тсарев чашми росташро аз даст дод ва то ҳол банди табобат ва барқарории адолат дар Русия аст.