Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулаймон барои ҷарроҳии чашм ба 120 ҳазор рубл ниёз дорад


Сулаймон Саидов
Сулаймон Саидов

Наздикони Сулаймон Саидов, муҳоҷири захмии тоҷик, мегӯянд, ки барои ҷарроҳии чашми рости ӯ 120 ҳазор рубл зарур будааст.

Сулаймон Саидов, сокини ноҳияи Восеъ, ки шоми 8 апрели соли ҷорӣ дар назди истгоҳи Калужскаяи Маскав мавриди ҳамла қарор гирифта ва аз қисмати сару чашм ва шикамаш се тир хӯрда буд, барои ҷарроҳии чашм ба 120 ҳазор рубл ниёз доштааст. Дар ин бора Кумитаи "Гражданское содействие" ("Мусоидати шаҳрвандӣ"), як созмони ҳомии ҳуқуқи башари Русия, рӯзи 13 апрел хабар дод ва гуфт, ки ба зудӣ барои ҷамъоварии ин миқдор маблағ маъракаеро низ роҳандозӣ хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин кумита, маблағи мазкур асосан барои ҷарроҳии чашми рости Сулаймон Саидов сарф мешавад.

Дилшоди Абдураҳмон, писари амаки Сулаймон Саидов, низ рӯзи 13 апрел дар суҳбат бо Озодӣ қасди роҳандозии маъракаи ҷамъоварии маблағ тавассути Кумитаи “Гражданское содействие”-ро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки дар ин бора ба онҳо Светлана Ганушкина, раиси ин кумита хабар додааст.

Ба қавли Дилшоди Абдураҳмон, феълан вазъи саломати Сулаймон беҳтар шуда ва ӯро ба утоқи оддии бемористон гузарондаанд. "Танҳо мушкил чашми рости Сулаймон аст, ки аз тири таппончаи пневматикӣ ҷиддан осеб дида ва қобилияти бинишро гум кардааст," – афзуд ӯ.

Акси Сулаймон Саидов пеш аз ҳодисаи 8 апрел
Акси Сулаймон Саидов пеш аз ҳодисаи 8 апрел

Дилшод мегӯяд, ӯ ва бародарони Сулаймон – Саидбурҳону Саидмаъруф ва пайвандони дигар – барои табобати 8-рӯзаи бемор маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда ва умед доранд, бо мусоидати Кумитаи “Гражданское содействие” барои ҷарроҳӣ ва табобати чашми Сулаймон низ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Қаблан ин кумита барои дифоъ аз ҳуқуқи Сулаймон Саидов вакили мудофеъ гирифта буд.

Шоми 8 апрели соли ҷорӣ Сергей Тсарев, марди 58-солаи рус дар истгоҳи Калужскаяи шаҳри Маскав Сулаймон Саидов, сокини ноҳияи Восеъ, ҳамла карда, ба сару бадани ӯ тир холӣ кардааст. Сулаймон баъд аз ин ҳодиса ба бахши эҳёгарии Бемористони клиникии рақами 1-и Маскав интиқол ёфта, айни ҳол дар бахши умумии ин бемористон бистарист. Вазъи ӯ мӯътадил гуфта мешавад.

Сулаймон Саидов рӯзи 9 апрел ба хабарнигори Озодӣ гуфта буд, фарди ҳамлакунанда маст буд ва ба маҳзи ворид шудан ба вагон, бо ҷияни ӯ Муҳаммадҷон Ҳакимов вориди моҷаро шуда, ба онҳо таҳдид кардааст, ки “баъд аз се дақиқа ба ҳалокат мерасед”. “Дар ҳамин ҳолат туфангчаро бароварда ва ба сару пешонии ман тир холӣ кард,” - нақл кард Сулаймон.

Ӯ гуфт, ин мард мехост бо тири дигар Муҳаммадҷон Ҳакимовро низ ҳадаф қарор бидиҳад, ки ӯ пинҳон шудааст. Ва дар ин ҳолат миёни Сулаймон ва ин мард занозанӣ сурат гирифта ва марди ҳамлавар ба шиками Сулаймон як тири дигар холӣ кардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи душанбеи 11 апрел бо ирсоли ёддошт аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хост, ки қазияи тирпаронӣ ба сӯи муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов мунсифона баррасӣ шавад. Масъулони Cафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, ки раванди тафтиши парвандаи ҳамла ба Сулаймон Саидов дар метрои шаҳри Маскавро зери назорат доранд.

XS
SM
MD
LG