Кумитаи “Гражданское содействие”, як созмони маъруф дар Русия, муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидовро бо ёрии ҳуқуқӣ ва молӣ таъмин кардааст. Сулаймон моҳи гузашта дар метрои Маскав аз сӯи марди 58-солаи рус ба сару шикамаш тир хӯрд ва чанд муддат дар бемористон буд.
Светлана Ганнушкина, раҳбари Кумитаи “Гражданское содействие”, рӯзи 3 май дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ дар бораи қазияи ин муҳоҷири тоҷик, иллатҳои боз ҳам шадидтар шудани қонунгузории Русия дар умури муҳоҷират ва оқибати ихтисор шудани Хадамоти федеролии муҳоҷират ҳамчун сохтори мустақил ибрози назар кард
Озодӣ: Парвандаи қасд ба ҷони Сулаймон Саидов дар чӣ марҳила қарор дорад ва оё метавон интизор шуд, ки муттаҳам аз рӯи эҳсоси бадбинии миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд?
Светлана Ганнушкина: “Мо ба ӯ ёрии ҳуқуқӣ мерасонем. Аз ҷониби ҷабрдида дар мурофиа ҳузур дорем. Парванда ҷиноятӣ аст. Кӯшиши сабуктар кардани ҷурми гумонбарро доранд. Мехоҳанд, ки парвандаро аз рӯйи моддаҳои авбошӣ, расондани зарари ҷисмонӣ ва ҳатто қасди куштор боз кунанд, аммо омили ҷиноятро дар асоси ангезаи миллӣ баррасӣ намекунанд. Чунки давлати мо намехоҳад бипазирад, ки дар Русия идеологияи нажодпарастӣ ва ҳатто фашистӣ вуҷуд дорад. Қотеъона намепазирад. Дар ҳоле ки ин пазируфта намешавад, бо он мубориза ҳам намебарад. Ҳоло он ки бо ин раванд мубориза бурдан зарур аст. Замоне... агар иштибоҳ накунам, соли 2005 дар Русия аввалин бор раҳпаймоии “Русский марш” бо шиорҳои нажодпарастона баргузор шуд. Вақте ман эълонҳои онҳоро дар метро дидам, аз Лужков (шаҳрдори вақти Маскав) тақозо кардам, ки пеши ин ҳаракат гирифта шавад. Маро ба Петровка-38 даъват карданд. Ҳамаи мо, албатта, кӯшиш мекунем додугирифти зиёд бо пулис надошта бошем. Ин одат аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Чунки аз “амаки милиса” чизи неке интизор нестем. Наметавонам бигӯям, ки ба ин вохӯрӣ бо ҳаяҷон ва ё ягон интизорӣ рафта бошам. Маро дар маркази мубориза бар зидди ифротгароӣ (экстремизм) қабул карданд ва ғайриинтизор ҳамчун меҳмони обрӯманд пешвоз гирифтанд. Хуб, мо суҳбат кардем ва маълум шуд, ки ташкилкунандаи “Русский марш” – Александр Поткин будаст. Ҳоло ӯ дар зиндон аст ва чизи бад дар борааш намегӯям. Ва чунин менамояд, ки зидди ӯ парвандаи сохта боз шудааст. Хуб, ҳаволааш бар Худо. Вақте ман ба онҳо гуфтам, мо менависем, вале шумо чорае намеандешед, посухи аҷиб гирифтам. Ба ман гуфтанд: “Шумо медонед, моро намегузоранд зидди фашизм мубориза барем. Ва инҷо ғайр аз аризаи шумо бастаҳои аризаҳои мардум зиёд аст. Моро намегузоранд, ки онҳоро барои коркард бигирем ва аз пайи таҳқиқ шавем. Чаро давлат ин идеологияро дастгирӣ мекард? Ҳоло ин ҳимоятҳо кам шудааст, албатта. Чунки ҳукумат хатари онҳоро дарк кард ва дид, ки онҳо қасди ба даст гирифтани ҳукуматро доранд. Нажодпарастӣ дар Русия танҳо ба ҳаёти муҳоҷирон таҳдид намекард.”
Озодӣ: Барои тағйир додани вазъ чӣ бояд кард?
Светлана Ганнушкина: “Аз он ки мо як девонаро (ин нафар мариз аст) пушти панҷара шинонем, вазъ тағйир намеёбад. Бояд халқро тарбия кард. Баъзан раиси ҷумҳури Русия ва нахуствазир ҳини суханронӣ гапҳое мегӯянд, ки нафарони амсоли ин ҳамлагар ба ҷони тоҷик, аз онҳо бардоштҳои нодуруст мекунанд ва онро дастгирӣ ба афкори нажодпарастонаи худ медонанд. Дар тарбияи халқ аз Олмон бояд ибрат гирифт, чунки мо чунин таҷриба надорем. Омили афзоиши нажодпарастии русӣ аз як тараф ба муҳоҷират пайванд дорад. Ин мушкилии бузург аст ва намешавад дар мубориза ба он пирӯз шуд. Муҳоҷират ҳамеша ҳамчун мушкил боқӣ хоҳад монд. Он ба мисли мушкили соҳаи тандурустӣ, маориф аст, ки давлат сари он тамаркуз бояд кунад. Давлати мо намехоҳад ин мушкилиро ҳал намояд.”
Озодӣ: Қонунгузории Русия дар соҳаи муҳоҷират, дар ҷаҳон яке аз шадидтарин ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ чи гуна интизориҳо доред?
Светлана Ганнушкина: “Бисёр чиро интизорам. Чунки фардо зимни кадом як ҳолати эҳсосотӣ, зери таассуроти кадом ҳодисае агар Путин чизе гӯяд, пасфардо қонуни шадидтаре қабул мегардад, ки муқобили он мо боз мубориза бояд бибарем. Пӯшида нест, ки Путин ба муҳоҷират назари манфӣ дорад, на ба мисли мо, ки онро ҳамчун мушкил қабул мекунему меандешем, ки онро бояд ҳал кард. На! Ман аз он хушназароне нестам, ки бигӯям дарвозаҳои Русияро боз кунед, касе хоҳад биёяд ва чӣ коре хоҳад бикунад, билкул на! Ман дарк мекунам, ки ин мушкилии бузург аст. Барои идора, омӯзиш, пешгӯӣ ва назорат аст. Ин ҳама ҷузъҳои кори идорӣ аст. Ва идораи он набояд ба саркӯбкунӣ бигузарад. Муносибат ба ин мушкилӣ бояд аз рӯи адолат бошад. Мутаассифона, аз соли 2012, Путин ду мақола нашр кард, ки якеаш ба муҳоҷират бахшида шуд. Дар бораи зарурати шадид гардондани қонунҳои муҳоҷират ибрози назар кард. Ин раванд то дараҷае расид, ки аз соли 2012 то кунун қариб 40 санад дар қонунгузории соҳаи муҳоҷират қабул гардид. Ва аксари он санадҳо мақсади саркӯбкунандаро дорад. Фардо чӣ мешавад намедонам? Кӣ мегуфт, ки Хадамоти Федеролии Муҳоҷират ба сохтори Вазорати корҳои дохилӣ мегузарад?”
Озодӣ: Аз ихтисори Хадамоти федеролии муҳоҷират ва вогузории вазифаҳои он ба Вазорати умури дохилӣ чи интизорӣ доред?
Светлана Ганнушкина: “Дар асл ин ҳаштумин таҷдиди сохтори ФМС аст. Ин бефаросатист, вақте ки як сохтор ҳамеша тағйир меёбад. Соли 2001-ум ФМС-ро дар итоати ВКД дода буданд, ягон натиҷаи мусбат надод. Мо ин пайроҳаро гузаштем ва ҳамон вақт гуфта будам, ки ин “рамаро зери назорати қассоб гузоштан”-ро мемонад. Хуб, шӯхиро яктараф гузорем, мебинем, чӣ мешавад.”