Шӯъбаи пулиси вазорати корҳои дохилии Русия дар Маскав навори бозпурсии афродеро, ки дар ҳамла ба ашхоси ғайрирус дар метрои Маскав муттаҳам мешаванд, нашр кардааст.
Дар ин навор дида мешавад, ки чигуна ин афрод, ба як фарди ғайрирус, ки гуфта мешавад, шаҳрванди Қирғизистон аст, ҳамла мекунанд ва ӯро мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Яке аз ҳамлаварон пас аз боздошт ба суоли мақомоти интизомӣ “ки чаро боздошт шудаӣ” посух медиҳад, ки барои “латукӯби ғайриславянҳо." Вай дар идома мегӯяд, афроди бо симои ғайриславяниро дар вагони метро латукӯб кардааст. Дар посух ба ин суоли пулис, ки чаро ӯро задӣ, мегӯяд, ки “барои миллаташ”.
Алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Қисми дуюми моддаи 213-уми Кодекси ҷиноии Русия барои авобише, ки аз сӯи гурӯҳи афрод содир шудааст, ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Қисми сеюми ин модда дар сурати бо истифода аз силоҳ ва асбоби монанд ба силоҳ анҷом шудани авбошӣ ҳамчун ҷазо аз 4 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шаби 18 апрел дар хатти метрои Бутово дар истгоҳи “Битсевский парк” ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Гурӯҳи ҷавонони “скинҳед” дар он шаб дар метрои Маскав амалиётеро бо номи “Белый вагон” (“Вагони сафед”) ба роҳ андохта, мусофиронеро, ки симои, ба ақидаи онҳо, “ғайриславянӣ” доштанд, латукӯб кардаанд.
Ҳарду муҳоҷири осебдидаро дар пайи ин ҳамла ба бемористон интиқол додаанд. Пулис мегӯяд, ҷавонони скинҳед дар он шаб дар истгоҳи метрои "Улица Старочкаловская" низ ба мусофироне, ки қиёфаи «ғайриславянӣ» доштанд, ҳамла кардаанд.
Танҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар Русия 12 ҳолати ҳамла ба ғайрирусҳо сурат гирифтааст, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохтааст.
Ҳар сол дар Русия даҳҳо муҳоҷир дучори ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро мешаванд. Ба иттилои созмони "Сова", ҳодисаҳои ҳамла ба ғайрирусҳо аз ҳама бештар дар Маскав ва Санкт-Петербург рух медиҳад. Аз ҷумла дар моҳи апрели соли ҷорӣ як марди рус ба Сулаймон Саидов, як муҳоҷири тоҷик дар метрои Маскав ҳамла кард ва ба сару бадани ӯ тир холӣ намуд. Сулаймонро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол доданд.
Бино ба омори Маркази “Сова”, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки мавридҳои ҳамлаҳои қавмгароёна дар Русияро пайгирӣ мекунад, дар соли 2015 бар асари ҳамлаҳои дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ анҷомшуда дар ин кишвар 80 нафар осеб дида, аз ҷумла 11 нафар ҷон бохтаанд.
Дар соли 2014 аз дасти гурӯҳҳои қавмгаро дар Русия 36 нафар кушта шуда ва 133 тани дигар ҷароҳат бардошта буданд. Пажӯҳишгарони ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, бештар аз ҳама дар Русия муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дучори ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро мешаванд.