Нашрияи “Новая газета”-и чопи Маскав хабар дод, ки шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Сулаймон Саидов аз чашми росташ маҳрум шудааст. Чашми ӯро табибон тавассути ҷарроҳӣ дар Пажӯҳишгоҳи амрози чашми ба номи Гелмголтс гирифтаанд. Қаблан низ тавассути ҷарроҳӣ устухонҳои порашудаи косахонаи сари Сулаймон Саидовро берун оварда буданд.
Сулаймон Саидов рӯзи 8 апрел дар метрои Маскав ҳадафи ҳамлаи як марди 59-солаи мусаллаҳ бо туфангчаи травматикӣ қарор гирифт. Олег Тсарёв дар пайи муноқиша бо Сулаймон ва додарзодааш туфангчаи худро берун кашида, бо ин нидо ки “Ин ҷо ҷои ту нест!” ба сари муҳоҷири тоҷик чанд тир холӣ кард. Олег Тсарёв феълан дар боздошт қарор дорад ва алайҳи ӯ бар асоси қисми аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (қасди куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Барои ҷарроҳии чашми Сулаймон Саидов ҷамъиятҳои тоҷикон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Русия, аз ҷумла “Гражданское содействие” пул ҷамъ карданд.
Шоми 8-уми апрел, тақрибан соати 18:00 ба вақти Маскав, дар истгоҳи метрои Калужская, миёни як марди маҳаллӣ ва ду муҳоҷири тоҷик моҷаро сурат гирифтааст. Марди маҳаллӣ ба сӯи яке аз ин ду муҳоҷири кории тоҷик аз фосилаи наздик се тир холӣ намуда ва ӯро маҷрӯҳ кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, ин фард, ки чеҳрааш ба мардони маҳаллӣ монанд будааст, дар вагони метро аввал ба Муҳаммадҷон Ҳакимов (соли таваллудаш 1997) дармеафтад ва вақте ҳамроҳи вай Сулаймон Саидов аз ҳамдиёраш пуштигирӣ мекунад, он фард бо онҳо вориди моҷаро шуда ва даъво мекунад, ки ҳарду аз вагон хориҷ шаванд, вагарна онҳоро мепаронад. Вақте Сулаймон мехоҳад ин мардро ором кунад, ӯ туфангчаи пневматикиашро бароварда ба сари Сулаймон аввал як тир холӣ мекунад.
Муҳаммадҷон Ҳакимов аз тарси ҷон фирор мекунад ва ин мард дубора ба назди Сулаймон баргашта ва ба сараш ду тири дигар мезанад. Сулаймонро бо ҷароҳатҳо ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав мунтақил карданд.
Мақомоти интизомии Русия баъди чанде ҳамлагарро боздошт карданд. Олег Тсарев, ки аз туфангча травматикии "Оса" ба сӯи ин муҳоҷири тоҷик тир холӣ кардааст, дар метрои Калужская боздошт шудааст. Ба гуфтаи пулиси Маскав, Тсарев ҳангоми фирор аз дасташ туфангчаи "Оса"-ро афтондааст ва тавассути хамин туфангча кормандони пулис ба зудӣ ӯро пайдо кардаанд.