Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷири тоҷикро кушта, баъд зери хок кардаанд"


Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти ду гумонбар дар қатли Усмоналӣ Файзалиев хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, гумонбарон муҳоҷири тоҷикро аввал бо чанд зарби корд кушта, сипас зери хок кардаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград мегӯяд, ки Файзалиев Усмоналӣ Гургакович - сокини шаҳри Ваҳдат - аввал бо чанд зарби корд ба қатл расида, баъдан зери хок карда шудааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 28 апрел ба Озодӣ гуфт, ин ҷавоби расмии Кумитаи тафтишоти Русия баъд аз ташхиси ҷасади Усмоналӣ Файзалиев ба дасти онҳо расид.

Сафорат расман аз ин ниҳоди тафтишотии Русия хоста буд, ки ҷузъиёти қатли муҳоҷири тоҷикро ба онҳо ошкор бикунад. Дар ҳоле ки расонаҳои Русия қаблан бо такя ба манобеи пулис гуфта буданд, гӯё ин шаҳрванди Тоҷикистон зинда ба зинда гӯронда шудааст.

Сарвар Бахтӣ гуфт, Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти ду нафари гумонбар дар қатли Усмоналӣ Файзалиев низ хабар додаанд. "Ҳоло таҳқиқи қазия идома дорад ва мо низ ин ҷараёнро пайгирӣ хоҳем кард," - афзуд ӯ.

Усмоналӣ Файзалиев, сокини шаҳри Ваҳдат, баъд аз таҷлили 22-солагияш дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ аз сӯи соҳиби хона ва ҳамсояҳояш ба қатл расидааст. Аммо ин ҳодиса танҳо рӯзи 19 апрел расонаӣ шуд ва баъдан сафорати Тоҷикистон ҳам гуфт, ки қазияи ин шаҳрванди кишварро таҳти назорат дорад.

Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград пештар бо нашри иттилои расмӣ гуфта буд, ҳангоми корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар таҳхонаи сокини Волгоград нишонаҳои хун, чоҳи навкандашуда ва ҷасади ҷавони тоҷикро ошкор кардаанд. Ба иттилои расонаҳои Русия, то кунун дар бораи ин ҳодиса муҳоҷири дигари тоҷик, ки аз ӯ ном бурда намешавад, шоҳидӣ додааст. Бино ба шоҳидии муҳоҷири дувум, соҳибхона бо ҳамсояҳояш шаҳрванди Тоҷикистонро ба таҳхона бурда, маҷбур кардаанд, то барояш қабр биканад ва баъдан ӯро зинда зери хок кардаанд.

Ахиран дар минтақаҳои гуногуни Русия мавридҳои ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст. Шаби 13 ба 14 апрели соли ҷорӣ як фарди номаълум дар ноҳияи Адмиралтейскийи шаҳри Санкт-Петербург ба як муҳоҷири тоҷик бо корд ҳамла карда, ба қисмати синааш зарба зад. Ба қавли манобеи пулиси Санкт-Петербург, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористони Маринский ҷарроҳӣ шуда, ҳанӯз бистарист.

Пулиси Санкт-Петербург гуфтааст, нисбат ба ин ҳодиса бо айбномаи "амали барқасдонаи расондани зарари ҷиддӣ ба саломатӣ", парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аз ин пештар, шоми 8 апрел, Сергей Тсарев - марди 58-солаи рус дар истгоҳи Калужскаяи метрои шаҳри Маскав ба Сулаймон Саидов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ҳамла карда, ба сару бадани ӯ тир холӣ кардааст. Сулаймон баъд аз ин ҳодиса ба бахши эҳёгарии Бемористони клиникии рақами 1-и Маскав интиқол ёфта, айни ҳол дар бахши умумии ин бемористон бистарист.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 11 апрел бо ирсоли ёддошт аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хост, ки қазияи тирпаронӣ ба сӯи муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов мунсифона баррасӣ шавад. Масъулони Cафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, ки раванди тафтиши парвандаи ҳамла ба Сулаймон Саидов дар метрои шаҳри Маскавро зери назорат доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар мавриди ҳамлаҳои такрор ба такрор дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва иллатҳои ин амалҳо, баҳсҳое ба миён омадааст. Бахши умдаи корбарон иллати афзоиши ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русияро ба боло рафтани ангезаҳои миллатгароӣ ва инсонбадбинӣ рабт додаанд.

XS
SM
MD
LG