Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонуни кишвар дар бораи синамо иловаеро ворид кард, ки тибқи он бояд синну соли тамошобини ин ё он филм аломатгузорӣ шавад. Ҳадаф мутобиқ сохтани қонунҳои Тоҷикистон бо муқаррароти байналмиллалӣ ва пешгирӣ аз халалдор сохтани вазъи равонии тамошобинон арзёбӣ шудааст.
Манижа Нураҳмадова, модари 38-солаи се фарзанд аз шаҳри Душанбе мегӯяд, замоне, ки сари кор аст ва фарзандонаш дар хона танҳо ҳастанд, бештаре аз вақти худро ба тамошои филмҳо сарф мекунанд. Вай аз он нигарон аст, ки ҳам зимни тамошои филмҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва ҳам аз дискҳо онҳо дар мавриди синну соли тамошобин аломатгузорӣ нашудаанд. Хонум Нураҳмадова мегӯяд, ки ҳоло аз тариқи дискҳо филмҳои зиёде паҳн мешавад, ки ба вазъи равонии тамошобин, ба вижа, тамошобини ҷавон таъсири манфӣ мерасонанд.
Аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран бо ворид сохтани илова ба қонуни кишвар дар бораи синамо паҳнкунандаҳои филмҳоро муваззаф кард, ки аз ин ба баъд зимни фурӯши сидиҳо ва ё намоиши филмҳо дар шабакаҳои телевизионӣ аломатгузорӣ кунанд, ки тамошои ин филм ба нафарони зери чанд сол иҷозат шудааст.
Бахтовар Сафарзода, роҳбари фраксияи вакилон аз Ҳизби ҳокими халқи демократӣ ва аз муаллифони ин тағйирот дар Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ворид сохтани чунин илова ба қонунгузорӣ ба хотири мутобиқсозии қонунгузории Тоҷикистон ба муқаррароти байналмиллалӣ сурат гирифтааст. Дар посух ба ин савол, ки чаро то ҳол чунин илова ворид нашуда буд, ҷаноби Сафарзода гуфт: “Аъзои Маҷлиси намояндагон талош мекунанд қонунҳои Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ бошад. Фикр мекунам, навбати чунин ислоҳи қонуни синамо фаро расидааст”.
"Кори душвор нест, вале қонун набуд"
Толиб Раҳматуллоев, роҳбари Шӯрои бадеии киностудияи “Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз ин муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳукми иҷро надаромадааст. Вай афзуд: “Мо аз шароити фаннии иҷрои ин муқаррарот бархурдорем. Баъд аз ташхиси ҳам филмҳои хориҷӣ ва ҳам дохилӣ дар рӯи ҳар як фитта мо аломати ҳаққи тамошои ин филм аз кадом синну солро хоҳем гузошт. Дар шабакаҳои телевизионӣ низ дар як гӯша чунин аломат гузошта мешавад. Аслан, ин кори душворе нест, аммо то ҳол қонунгузорӣ чунин талаботро муқаррар накарда буд”.
Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик аз ин иқдоми аъзои Маҷлиси намояндагон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки чунин илова дар қонун бояд аз муддатҳо қабл ворид карда мешуд. Зеро, ба эътиқоди хонум Давлатова, на мақомот ва на худи волидайн то ҳол дуруст сарфаҳм намераванд, ки тамошои кадом филме ба вазъи равонии фарзандонашон таъсири бад мерасонад. Вай афзуд: “Маъмулан, хонаводаҳои тоҷик сари дастархон якҷо ба тамошои телевизион машғул ҳастанд. Гоҳе филмҳое намоиш дода мешаванд, ки саҳнаҳои зӯроварӣ ва фаҳшо доранд. Мутаассифона, ҳатто волидайн дар бештаре аз маврид сарфаҳм намераванд, ки тамошои чунин филмҳо дар зеҳни фарзандонашон чӣ асароти номатлубе мегузоранд”.
Марям Давлатова афзуд, ки ихтилофоти зеҳнӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон дар робита ба тамошо ё манъи тамошои филме то ҳол имкон намедод, ки мавзӯи аломатгузории филмҳо дар сатҳи қонунгузорӣ матраҳ шавад. Ба эътиқоди хонум Давлатова, чунин ихтилоф дар миёни аъзои порлумони Тоҷикистон низ вуҷуд дошт, ки боиси таъхири чунин ислоҳи қонунгузорӣ шуда буд.
Аз сӯи дигар, мақомоти тоҷик тӯли солҳои ахир маъракаи муборизаи ширкати ҷавонони зери 18-сола дар марказҳои компютерӣ шудааст. Ба эътиқоди мақомот, ҷавонон дар чунин марказҳо машғули бозиҳои компютерии дорои хусусиятҳои зӯроварӣ ва фаҳшо мешаванд. Ба ин хотир, маъмурони милитсия пайваста фаъолияти чунин марказҳоро назорат мекунанд ва ҷавонони зери 18-соларо аз он ҷо берун месозанд.