Дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, мактаби филмсозии "Дарк" фаъол аст ва тақрибан 15 ҷавон ҳунари офаридани киноро меомӯзанд. Дар 90 соли охир синамогарони тоҷик фарозу нишебҳои зиёдеро таҷриба кардаанд. Ҳоло ин бахш даврони хеле бадро мегузаронад, вале намояндагони он мегӯянд, бо илҳом аз рӯзҳои гузашта бо тамоми тавон талош мекунанд, ки онро нигоҳ бидоранд.
Шавкат Шонасимов, сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, пештар танҳо аз рафтан ба синамо ва тамошои филмҳо лаззат мебурд. Ҳеч тасаввур намекард, ки замоне вориди ҳунари филмсозӣ мешавад. Ҳунаре, ки аз шуғли воқеиаш фарсахҳо дур аст.
"Одам бояд ҳаматарафа рушд кунад ва ҳатман ба ҳунаре, ки ба дилаш наздик аст, машғул шавад. Эҳсос мекунам, то андозае муваффақ шудам. Дар ҳафт моҳи таҳсил тавонистем аллакай чанд филмро ба навор гирем ва ҳоло ба навиштани сенарияи филми дигар машғул ҳастам. Натиҷа ва ояндаи кори мо ба он вобаста хоҳад буд, ки мардум онро чӣ гуна мепазирад ва баҳо медиҳад", -- гуфт ӯ.
Шонасимов умед дорад, пас аз хатми мактаби филмсозии "Дарк" ба ҳавзаи филмсозони Тоҷикистон ворид мешавад. Умед Мирзоширин, коргардони маъруфи тоҷик, бо кушодани мактаби филмсозӣ дар Хоруғ ба даҳҳо ҷавон дар вилояти Бадахшон имкон додааст, ки маҳорати худро дар санъати филмсозӣ кашф кунанд.
Вай гуфт: "Ҳадафи асосии лоиҳа даъвати одамон ба инсондӯстӣ аст. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон аз маҳдудаҳои ғайриинсонӣ ва фишорҳои иқтисодиву равонӣ ва ҳар он чи монеи пешрафти мо мешавад, бояд раҳо шавем. Бояд ба ҷое бирасем, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бе мушкил ва монеа тавонад ҳунару истеъдодаш, аз ҷумла филмсозиро рушд диҳад ва пешрафт кунад."
Ба қавли Умед Мирзоширин, ин давраҳои омӯзишӣ пурра бепул буда, "ҳадаф танҳо кумаки бедареғ ба мардум ва ҳифзи забону фарҳанги бумии мардуми Бадахшон мебошад". Аз ин ҷост, филмҳое, ки ҷавонон меофаранд, маҳз ба забонҳои помирӣ мебошанд.
"Тоҷикистон ба монанди қолине аст, ки гулу рангҳои гуногун дорад. Мардуми ҳар минтақа фарҳанг, тарзи зиндагӣ ва гӯйиши хос доранд ва зебоии мо ҳам дар гуногунии мост. Бояд инро дарк ва қабул кард. Мо бояд забонҳои помириро аз роҳи филмсозӣ ҳифз кунем. Бадахшон макону забонҳо ва расму оинҳои зиёде дорад, ки маҳз бояд ба забонҳои маҳаллии мардуми ҳар минтақааш филм сохт, то ҳувияташон ҳифз шавад", -- афзуд ӯ.
Мактаби синамоии "Дарк" ҳудуди 15 донишҷӯ дорад. Аз таъсиси ин мактаб ҳафт моҳ гузаштааст ва Умед Мирзоширин аз натиҷаи кори шогирдонаш қонеъ аст. Вай мегӯяд филмҳое, ки шогирдонаш офаридаанд, "бешак дар ҷашнвораҳо роҳ хоҳанд ёфт".
"Ба назари ман, онҳо хеле пухтаанд, чунки ҷаҳонбинӣ ва зеҳну даркашон хеле болост, ҳатто пухтатар аз насли мо. Онҳо маҳорат ва тавоноӣ доранд ва танҳо бояд дастгирӣ ва роҳнамоӣ кард", -- афзуд ӯ.
Қарор аст, Умед Мирзоширин тобистони соли оянда дар Бадахшон ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳро баргузор кунад ва дар ин ҷашнвора фарҳанги мардуми Бадахшон ва филмофарони тозакори боистеъдодро ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз филмсозмон аз камбуди сармоя ва набудани сенарияҳои ҷолиб шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, соли 2017 Барномаи рушди кино то 2022 қабул шудааст ва барнома маблағгузории филмҳо ва ҳуқуқи ҳамаи созмонҳои синамогариро барои дарёфти дастгирии давлатӣ қисман пешбинӣ мекунад.